Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ХИТОБ

 

Ҳар касе, ки даҳ соли охир ба пойтахти азизи кишвармон шаҳри Душанбе нарафта бошаду имрӯз равад, бешубҳа ангушти ҳайрат мегазад. Зеботарину диққатҷалкунандатарин биноҳои даҳ сол пеш ҳоло пастаку ночиз менамоянд. Садҳо биноҳои ба фалак саркашидааз бузургию ҳашамати даврони соҳибистиқлолии Ватан шаҳодати воқеӣ медиҳанд.

Ва фақат ҳамин биноҳо бозгӯи пешравӣ нестанд. Ин қадар иншооти азими дар солҳои Истиқлолият бунёдшуда бозгӯи ояндаи бузурги Тоҷикистони азизи моянд…

Шонздаҳуми ноябри соли 2018, вақте дар  ҳолати басо шукӯҳманд агрегати аввалини НБО-и Роғун ба кор дароварда шуд, дидем, ки ҳазорон нафар аз ифтихори Истиқлолияти Тоҷикистон ашки шодӣ рехтанд.

Чӣ балоест, ки нотавонбинҳо, - аз намояндаҳои миллати худамон, - барои пешравиҳо забони шукрона намекушоянду баракс наҳ мезананд. Инро аз шабакаҳои иҷтимоӣ мебинему нафратамон сӯйи тангназарон ғазаб мекунад. Бесабаб ҳам нест, ки «Душман гунаҳ наёфт, думи сагат каҷ» - мегӯяд.

Раҳгумзадаҳо, онҳое, ки бо мақсади ишғоли вазифаю мансаб, ҷорӣ кардани ақидаҳои ношукр ҳизб ташкил карда, - ҳизби наҳзати ислом дар назар аст, - имрӯз аз бадгумонию бадгуҳарӣ дарбадару хок ба сар шудаанд, худро ҳомию ғамхори миллат ҳисобида аз дур ҷор мезананд, ки ҳуқуқу озодиҳои шахс дар Тоҷикистон поймол карда мешаваду пешравиҳо ночизанд. Ин гурӯҳ барои исботи «андешаҳояшон» мисолҳои ночиз оварда сиёсати сулҳҷӯёнаи давлату ҳукуматро таҳриф менамоянд. Вой бар ҳолашон!

Намешавад нагӯем, ки ҳамин қабил гурӯҳҳо солҳои навадуми асри пешин бародарро ба бародар шӯрондаанду Тоҷикистони навистиқлолро ба вартаи ҷанг тела доданд. Хуни 150 ҳазор қурбоншудагон дар гарданашон!

Баъд аз анҷоми даргириҳои вазнин ҳам наҳзатиҳо дар такя бо хоҷагони маблағгузори хориҷии худ кӯшиш карданд, ки вазъи ороми кишварро тағйир диҳанд, амну суботи ҷомеаро халалдор созанд. Онҳо амалҳои террористӣ анҷом дода, фарзандони асили Ватанро ба ҳалокат расонданд. Хушбахтона ғаразҳои онҳо фош шуд. Ҳамин буд, ки яке паси дигар ба зиндон кашида шуданд: симои ҳизб ҳамчун террорист аён шуд. Хоинон фирор карданд.

Саволе ба миён меояд, ки саркардагони ҳизби наҳзати ислом, ки баъди манъ кардани фаъолияташон дар кишварҳои Ғарб бо ному унвонҳои нав ба дасисаю бӯҳтон машғуланд, аз кадом ҳисоб зиндагӣ мекунанду бо кадом маблағ тарафдоронашонро дар назди сафорати Тоҷикистон дар ин ва ё он мамлакат барои гирдиҳамоӣ ҷалб менамоянд?

Ҷавоб мушкил нест: пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ, ки шукуфоии Тоҷикистонро намехоҳанд.

Кӯр шавад чашми тангбинон!

Маъруфи ҶАББОР.