Вт11052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ЗИРАКИИ СИЁСӢ:ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори ташвиш намуданд. Терроризм инсониятро дар ҳама давраи таърихӣ таҳдид мекард. Ифротгароӣ ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт ҳамчун мафҳум ба вуҷуд омадааст.

Ҳамзамон аз замони пайдоиш то ба имрӯз он ҳамчунон реша давонидааст, ки наметавон онро танҳо бо роҳҳои аслиҳаи низомӣ аз байн бурд ё ба он мубориза кард. Ягона силоҳе , ки бо он метавон ба муқобили ин зуҳуроти номатлубу даҳшатафзо мубориза кард, ин зиракии сиёсии ҳар як шаҳрванд дар муқобили он аст. Ҳақиқат аст, ки асри 21-ро асри илму техника ва технология меноманд. Ва рушди ҳамаҷонибаву бемайлони он дар замони муосир шаҳодати гуфтаҳост. Ҳарчанд, ки ин рушд ва ин пешравӣ ба пешрафти фаъолияти инсонӣ таъсири мусбат расонида, тараққии ҳамаҷонибаи он муаррифии тамоми соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд, аз ҷониби дигар гаравиши аҳолиро , алалхусус ҷавононро ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо зиёд намуд. Ана дар чунин як вазъият андешаи солим , дониши мукамалу ҳамаҷониба ва зиракии сиёсӣ ба ҳар як шаҳрванди кишвар аз ҳарвақта дида заруртар аст. Дар ин раванд аз оила сар карда то муассисаҳои таҳсилоти миёнаву макотиби олӣ ва аҳли ҷамъият метавонанд нақши муҳиму ҳалкунанда дошта бошанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида , онҳоро амалӣ менамояд. Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020”тасдиқ гардид.

Пас зарур аст, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, бозичаи дасти дигарон нагардем. Ва ҳам фарзандонро аз ҳамроҳ шудан ба гурӯҳҳои тундрав нигоҳ дорем ва вазифадорем, ки онҳоро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида , дарки дӯст доштани ватани озоду маҳбуб тарбият намоем.              

Ҳ. БУЗУРГ