Пн05202019

Last updateСр, 15 Май 2019 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

СУЛҲУ ОРОМӢ ВА ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГИИ КИШВАР ҲАДАФИ ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МОСТ

Ҳизби наҳзати ислом дар кишвари мо 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Бо сабаби тасаввур ва андешаҳои нодурусти динӣ доштан баъзе нафарон худро ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегардонанд ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд.

Дар шароити имрӯза авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти басо муҳимро касб менамояд.

Имрӯз замони он расидааст, ки бо ҳушёрӣ ва худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстию ватанпарварии қишри наврасону ҷавонони кишвар аз ҳарвақта дида эътибори зиёдтар диҳем. Зеро дар замоне зиндагӣ мекунем, ки замони ҷаҳонишавӣ номаш мебаранд ва пур аз сиёсатҳои пурпечу тобу мураккаб аст. Чун маълум аст, пешравии ҳар як ҷомеа аз оромию осудагии он вобастагӣ дорад. Аммо ин оромӣ ва сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ барои ҳар яки мо ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас  беш аз ҳар як вақти дигар арзишу аҳамият касб кардааст ва ҳифзу нигоҳдории он вазифаи ҳар як нафари бонангу ор мебошад. Сарҷамъӣ, иттиҳоди миллат, ваҳдати миллӣ, ҳифзи ин муқаддасот бояд аз мадди назар дур набошад. Чун қувваҳои зиёди пасипардагие дар дунёи муосир вуҷуд доранд ва дар ҳалли зуҳур кардан ҳастанд, ки бо ҳар роҳу восита ва бо истифода аз ҳар як имконияти андаки ба дастомада мехоҳанд дар як они воҳид ҳамаи ин пешрафту муваффақиятҳои халқи моро ба боди фано диҳанд. Ва ниятҳои нопоки қавмию миллӣ, сиёсии худро амалӣ созанд. Шаҳодати ин гуфтаҳо бавуҷудоии неруҳои ҲНИ дар солҳои 90-уми асри гузашта буд, ки мехостанд аз сиёсати низоми демократии вақт мақсадҳои қудратталабии худро бо ҳар роҳ амалӣ созанд. Имрӯз хурду бузурги Тоҷикистон ба хубӣ огоҳӣ доранд, ки пуштибону маблағгузор ва сарпарасти ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзат ва анҷуману ҷунбишу паймонҳояш дар хориҷи кишвар аз ҳисоби хоҷагони хориҷии он аст.

Бо ин ҳама боиси тааҷҷубу нигаронӣ аст, ки кишварҳои иттиҳоди Аврупо бо дар даст доштани ҳама гунна далелҳо аз ин гурӯҳҳои террористӣ эълонгардида ҳимоят намуда, барои гузаронидани анҷуману нишастҳояшон шароит муҳайё менамояд, дар ҳоле, ки дар Аврупо ва кишварҳои минтақа бо муқобили терроризм муборизаи беамон эълон карда шудааст. Бе ягон шубҳа маълум аст, ки намояндагони ин ҳизбу ҳаракат дар зери ниқоби ғояҳои исломӣ, мақсади тира намудани фазои сулҳу оромӣ ва ваҳдату якпорчагии кишвар ва ба майдони фаъолияти гурӯҳҳои моҷароҷӯйи минтақа табдил додани миллати тоҷик аст. Дар ин кор ба ғайр аз ҲНИ дигар ташкилотҳою гурӯҳҳо бар зидди давлати Тоҷикистон дар дохилу хориҷ тарғиботу ташвиқот мебаранд, ки пур аз дурӯғу туҳмат ва барангехтани кинаву адоват байни тоҷикон аст. Пас, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошанд, бо ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор намоянд ва барои ҳимоя ҳамеша омода ва ҳушёру зирак бошанд.

Хушбахтона ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватан зери раҳнамоиву пуштибонӣ ва ҳидоятҳои падаронаи Пешвои маҳбубу ғамхор ва Сарвари оқилу дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯҳияи иттиҳоду ҳамдигарфаҳмӣ таълиму тарбия гирифта, ҳамагуна буҳтон ва туҳматҳои беасоси наҳзатро, ки дар маҷмӯъ бар зидди арзишҳои милливу мазҳабии мо равона гардидаанд, маҳкум менамоянд.

Ф. Акрам, омӯзгор