Вт11052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

КАБИРИМАОБОН МО БО ШУМО НЕСТЕМ

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи намояндагони гурӯҳи наҳзатиҳоро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери қаноти хориҷиҳо паноҳ мебаранд, шинохтанд.

Наҳзатиҳои хоин худро шахси диндору мусулмон нишон дода, пинҳонӣ ба миллати тоҷик хиёнат карданд. Акнун пардаи руйи Кабирӣ дарид ва симои аслии ин хоини террористро миллати точик шинохт.

Дар ҳоле ки мардуми шарифи Тоҷикистон дар заминаи ибтикороти судманду дорои аҳамияти байналмилалӣ обруи кишварамонро дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш боло бурда истодаанд, гурӯҳи террористони наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирӣ ин миллатро «тарсу» муаррифӣ мекунанд, ки аз рӯи виҷдон нест. Ба андешаи инҷониб, чунин ҳамоқат як навъ қасосгирии Кабирӣ аз мардуми шарифи кишварамон аст. Зеро кабиримаобон то андозае бовар доштанд, ки шояд ин навбат низ баъзе доираҳои аҳолӣ фирефтаи афсонапардозиву дурӯғгӯии онҳо шаванду ба ин васила наҳзатиҳо боз «обро лой карда моҳӣ доранд». Хушбахтона, мардуми сарбаланди тоҷик на танҳо ба ин фурӯхташудаҳо таваҷҷуҳ ва фаъолияташонро дастгирӣ накарданд, балки дар раванди мубориза бо ин хоинон мақомоти давлатиро дастгирӣ намуданд. Далели возеҳи ин гуфта ҳамдастии мардум дар раванди сарнагун кардани ошӯби зиддидавлатии ҳоҷӣ Ҳалим ва безарар гардондани аъзои ин гурӯҳи ҷиноятпеша дар моҳи сентябри соли 2015 мебошад.

Вақте, ки мардуми тоҷик дар хоку хун оғушта буданду, касе умеди зинда монданро надошт ва ё мардум аз гуруснагӣ ҷон мебохтанду бехонаву дар гардида буданд, пешвоёни наҳзатиҳо дар биноҳои боҳашамат дар давлати исломии Эрон умр ба сар мебурданд. Рӯйи хони онҳо пур аз нушу неъмати дунё буд, майишат мекарданд, аз кори кардааш ҳаловат мебурданд, ба ҳоли мардуми мазлум механдидиданд. Ба андешаи банда хонаи шайтонсиратони наҳзатиҳо аз мурдаи ҳазорон ҷавони бегуноҳ сохта шуда, шароби хурдааш хуни дили модари тоҷик буд.

Ҳизби экстремистӣ ва террористии хиёнаткори наҳзат бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ дар ин айём намедонанд, ки чӣ кор кунанд. Кабирии хоин гоҳо мехоҳад эътилофе ташкил кунанд, вале чун муяссараш нашуд, дар васоити ахбори омма бемории набераи чорсолаашро ба миён гузошта, фарёди маккорона бардошт, то ки таваҷҷуҳи ҷаҳониёнро ба худ ҷалб кунад. Ахиран дид, ки Тоҷикистон ободу зебо шуда ва меҳмонону сайёҳон рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд, барои паст кардани обрӯи Тоҷикистон ба кори пасттарин даст зада, бо роҳи хиёнат ба дасти ҳаммаслаконаш сайёҳони хориҷиро ба қатл расонд.

Хушбахтона бо саъйу кӯшиш ва талошҳои ҷонфидоёнаи ниҳодҳои қудратии кишвар парда аз рӯи нақшаи шуми ифротгароёну террористони ТЭТ ҲНИ бардошта шуда, қотилон сари вақт дастгиру безарар гардонида шуданд.

Бунёди ҲОТАМ