Вт01222019

Last updateСб, 19 Янв 2019 12pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

АККОСИ ЧОПЛУСОНИ ХОРИҶӢ ДАР БЕРЛИН

Аз дирӯз боз саҳифаҳои сомонаҳои иҷтимоӣ пур аз садову мағал аксу наворҳои бемаънӣ ва суханони лағву беҳуда гардид. Сафи ҷавонони гумроҳ, ки худро озодандешу мубориз мешуморанд, ба маротиб дар ин ду рӯзи охир афзуд. Аслан ман чунин намешуморам, ки ин қадар мардум ҳама мубориз бошанд. Зеро шарҳу андешаҳое, ки зери ҳар аксу навор баён гардидаанд, аз руйи мазмуну муҳтаво ва сабки навишт яксонанд. Ба зудӣ пайхас намудан мумкин аст, ки ҳама андешаҳои ду ё се нафар аст. Ҳама алфози обшуставу подарҳаво. Ба масъала аз тарафи дигар менигарем. Муборизони гумроҳ аз митинги сохтакоронаи худ чанд рӯз пеш тариқи ҳамин сомонаҳои иҷтимоӣ хабар дода буданд, ки мо рӯзи 10 декабр назди сафорати Тоҷикистон дар Олмон гирдиҳамоӣ ташкил мекунем ва аз дигар навкарони лесаку думбуридаашон ҳам барои ширкат дар ин мазҳака даъват ба амла оварданд. Ба хонандаи закӣ суоли мантиқие пешкаш мекунем. Қазоват кунед, ки агар ба истилоҳи худашон ин муборизони роҳи озодӣ (Аслан дар Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои ҳеҷ кас поймол нагардидааст. Инҳо нафаронеро ҳуқуқпоймолгашта меҳисобанд, ки ба давлуту миллати тоҷик ҳиёнат кардаанд.) пуштибону таъмингари моддие надошта бошанд, аз куҷо ин қадар масрафоти мазҳакаи (митинг) ташкилнамудаашонро сарфу харҷ ва бартараф карданд. Агар воқеан муҳоҷиру паноҳанда бошанд, ба таъмини худу дарёфти рӯзии хеш ба зӯр мерасанд. Сар аз сару либос таъминоти техникиву шиору овезаҳои зиёд, ки дар наворҳои пешкашнамудаашон дида мешавад, ягон нафари содалавҳ ҳам бовар карда наметавонад, ки онҳо муҳоҷиру паноҳандаанд.

Табиист, ки талаби хоҷагонашонро, ки аз оғози даврони истиқлоли кишвар барои пиёда намудани ҳадафҳои нопок  ва разилонаи худ дар сарзамини Тоҷикистон нақшакашӣ шудааст, иҷро намоянд. То ин вақту замон маблағҳои ҳангуфтро беминнат гирифтанду дар бӯстонсарову осоишгоҳҳои берун аз мамлакат роҳату сайёҳат карданд. Бехабар аз он ки рӯзе чупони хориҷи бар ивази як нола нони додааш ба ин сагбачаҳо садҳо даву тоз ва аккосро дар гирди рама меситонад. Ҷакиши инҳо ҳам дар гирди ҷаҳон маҳз талаби хоҷагонашон аст, на чизи дигар. Аксарият аз кардаву хурдаҳои хеш садҳо пушаймонанд. Лек дигар роҳи наҷон аз ин гирдоби тамалуқу чоплусиро надоранд.  Хоҷагонашон, ки онҳоро аз давраи кучуки ба воя расонида буд, ба гарданашон занҷирҳо овехта, ҳар куҷоеро хоҳад гирди ҷаҳон давр мезанонад, ки оқибаташ дур шудан аз аслу насаб ва миллати хеш аст. Ташкили гирдиҳамоиву садо баланд кардани эшон беҳуда аст. Зеро миллати соҳибтамаддун, бофарҳанг ва закиву ҳушёри тоҷик дигар гирифтори ҳиллаву найрангҳои ғаразнокашон нахоҳад гардид.  Пдару модар ва бобову бибиҳои мо таъми талхи чунин митингҳоро як бор чашиданд. Ва давлати ҷавони Тоҷикистон ҳам аз касратии чунин митингҳои бемаъниву ваъдабофона дар арсаи ҷаҳонӣ пешпо хӯрду ба таназули иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид.  Кори ҷавонони солҳои навадуми  қарни гузашта  ба миллати сарбаланди тоҷик дарси ибрат гардид. Даъвату пешниҳодҳои шумо ҳам лагандбардорону ба истилҳи худатон муборизони роҳи озодӣ беҳуда аст. Зеро,мо пайрави Пешвои миллатем!

Бунёд ҲОТАМ