Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

КАБИРӢ ОРОМ НАМЕИСТАД

Интихобот маъракаи муҳими сиёсӣ ва муайянкунандаи орзую омоли халқи тоҷик дар панҷ соли оянда аст. Маҳз ба хотири ояндаи неки кишвар ва риояи талаботи қонуни асосии кишвар, яъне коститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба баргузории интихоботу интихоби вакилон ба парлумони кишвар 1 марти соли равон интихобот вобаста ба даъвати нави вакилон ба маҷлиси намояндагони кишвар баргузор гардид.

Ҳамагон ба чашми сар диданд, ки таблиғу ташвиқ ва пашкаши барномаҳои пешазинтихоботии аҳзоби сиёсии дар кишвар амалкунанда дар кадом сатҳ ва ба кадом равиш ба роҳ монда шуд. Чанд рӯз пеш аз ин маъракаи муҳими сиёсӣ бахши тоҷикии радиои озодӣ дар сомонаҳои иҷтимоӣ суҳбати видеоиеро дар ҳаҷми зиёдтар аз 10 дақиқа бо Муҳиддин Кабирӣ раиси ТЭТ ҳизби наҳзати ислом вобаста ба баргузории интихобот дар Тоҷикистон паҳан намуд. Тавре дар навор маълум аст, андешаҳои Кабирӣ мисли дигар ақидаҳои пешинаш муғризонаву умумӣ садо медиҳанд. Ӯ интихоботро дар кишварамон тақаллубиву ғайридемократӣ арзёбӣ кард. Гуфт, ки интихобот дар ягон давра дар кишвари мо шаффоф нагузаштаву нахоҳад гузашт. Инро ҷуз сафсата дигар наметавон баҳо дод. Наметавонад як шахс назари худро ҳамчун андешаи умумимиллӣ баён кунад. Аз суйи дигар раъйи мардум болотар аз даҳҳо чунин соҳибназарону ҳарзагӯён аст.

Имрӯз маълум аст, ки мардум дигар ба фикру андешаҳои шумо барин тангназарон гушу ҳуш намедиҳад. Онҳо бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ва сарсабзиву ободии ояндаи кишвар медонанд, ки чи корро анҷом диҳанд. Андешаҳои ғаразноку манфиатҷуёнаи шумобаринҳо борҳо халқи сарбаланди тоҷикро ба гирдоби даҳҳо бало кашид. Ва мебинем, ки баъди ин қадар хиёнату бадбахтиҳои ба сари миллат овардаатон ҳанӯзам ором нестед.

Шаффофу демократи доир гаштани интихоботро дар Тоҷикистон аз шумо дида беҳтару хубтар даҳҳо намояндагони ташкилоти ҳомии ҳуқуқи инсон ва озодӣ дар минтақа ва ҷаҳон назорат карданду баҳо доданд. Гузашта аз ин мардум хуб эҳсос карданд, ки кадом роҳу пайроҳаро баҳри зиндагии шоистаи хеш интихоб намоянд. Аз ин хотир беҳудагӯиву назарфиребиҳои шумо аз ин ба баъд ба дардатон нахоҳад хурд.

Бунёд ҲОТАМ.