Вт02252020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ БОЛОТАР АЗ ТУНДГАРОИСТ

Перомуни ифротгароӣ ва шомил шудан ба ба гурӯҳҳои тундраву ситезаҷӯ Президенти мамлакат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем».

Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои охир дар саросари ҷаҳон гурӯҳҳои ифротие пайдо шудаанд, ки зери ниқоби Ислом ба таллаву тороҷи мардум даромадаанд. Бояд гуфт, ки дини мубини Ислом инсофу адолат, сулҳу субот ва ахлоқи ҳамидаро мепарварад, на ин ки озору шиканҷа, қатлу ғорат ва дигар аъмоли зиштро, ки дар айни замон чунин гурӯҳҳои бо ном исломӣ ба мардум раво мебинанд.

Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи пасти шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гурӯҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ, рисолати шаҳрвандии истиклолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.

Таълиму тарбияти дурусти фарзандон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, аз қабили даст задан ва ширкат намудан  дар амалиёти ифротгароӣ, рехтани хуни ноҳақ чӣ дар дохили кишвар, чӣ дар хориҷ, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамидаю писандида тарбия намудани онҳо талаботи ҷомеа мебошад.

Аз Ибни  Масъуд (раз.) ривоят аст, ки эшон фармуданд: «Ё Расулаллоҳ, кадом амал беҳтар аст? Расулуллоҳ фармуд: Гузоридани намоз дар вақташ. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Накӯӣ бар падару модар. Гуфтам: Баъд кадом? Эшон фармуд: Ҷиҳод дар роҳи Худо».

Пас, агар хизмати падару модар пеш аз ҷиҳод дар роҳи Худо бошад (ҳол он ки ҷиҳоди мегуфтаи онҳо ҷуз ваҳшонияту қатлу ғорат нест), чаро ҷавонони мо инро нодида гирифта, даст ба худкомагиву зулму ситам мезананд. Эҳтироми падару модар барои ҳар фард воҷиб аст ва бояд ҳаргиз иҷозат надиҳем, ки шаъну шарафи онҳо миёни дигар ҳамдеҳагон паст гардад. Зеро ки биҳишти хонадон модар асту сутунаш падар.

Дар марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи душманони миллат нишон медиҳад, ки ҳадафи онҳо ба ҷуз барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриқаандозӣ миёни мардум чизи дигар нест. Вагарна бо чӣ сабаб аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоии Ватан канорҷӯӣ мекунанду монанди аксари шаҳрвандони мамлакат дар рушди кишвари худ ширкат намеварзанд, меҳнат ва эҷод намекунанд, дар паноҳи дигарон ҷой гирифта, аз каноре айбҷӯиву харобакориро пеша карданд. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёли фирефтаи таълимоти «гӯё динӣ» гашта ба амалҳои низоъпарастӣ, ифродгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, амалҳои бади худро бо номи «қаҳрамонӣ», «фидокорӣ» ташбеҳ мекунанд ва мехоханд бо ин роҳ ба мақсадҳои душманонаи худ ноил шаванд, яъне нуфӯзу дастовардҳои миллиро то андозае паст зананд, аниқтараш супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро намоянд.

Аз ин лиҳоз, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдории миллӣ расидан арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намудан ва пос доштани онҳо ин ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.

Бунёд Ҳотам.