Сб05262018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳия дар ҷамъбасти нуҳ моҳи соли равон истеҳсоли ғалладонагиро ба 5666 тонна расониданд, ки ҳосилнокии ҳар гектар ба 17,6 сентнерӣ мерасад.

Агар ғаллакорони Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон истеҳсоли ғалларо ба ҳар гектар нисбати ҳисоби миёнаи ноҳия зиёд карда бошанд, пас ғаллакорони Ҷамоатҳои Вашгирд, Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод ҳосилнокии   ғаллазорҳоро   3-4 сентнерӣ кам карданд.

ххх

Картошкапарварони ноҳия имсол  6586 тонна ҳосил ҷамъоварӣ карданд, ки  ба ҳар гектар 156 сентнерӣ рост меояд. Картошкапарварони Ҷамоатҳои деҳоти  Вашгирд, Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод бошанд, ҳосилнокии майдони картошкаро то  ба 155-220 сентнерӣ расониданд.

ххх

Чорводорони ноҳия  дар нуҳ моҳ   истеҳсоли ширро  аз ҳар сар гови дӯшоӣ ба 1127 килограммӣ расониданд, ки ин миқдор нисбати ҳамин давраи порсола   39 килограммӣ зиёд мебошад. Чорводорони Ҷамоатҳои ба номи Дӯстмурод Алиев ва Қалъаидашт дар ин ҷода пешсафанд.

Вале тибқи ҳисоботҳои оморӣ  нақшаи  истеҳсоли гӯшт дар нуҳ моҳи соли равон таъмин нагардид. Чорводорон ҳамагӣ 248 тонна гӯшт истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи порсола 143 тонна кам мебошад. Камшавии истеҳсоли гӯштро масъулини соҳа дар мураттаб кор накардани ҶДММ «Мурғи ҳилол» медонанд.

МИЗИ МУДАВВАРИ БОНУВОНИ КИШОВАРЗ

Чанде пеш дар толори  хурди  филармонияи халќии ноњия   дар мавзўи «Наќши занон дар рушди  иљтимоию иќтисодии Љумњурии Тољикистон» мизи мудаввар баргузор шуд. Чорабинии мазкур, ки дар он бонувони кишоварзи   хољагињои дењќонии ноњия ширкат доштанд, бо иќдоми Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњия ва Ассосиатсияи  миллии занони соњибкори «Кадбону» доир шуда буд.

Мизи мудавварро Гул Халифаева, мудири бахши занон ва оилаи Маќомоти иљроияи мањаллии њокимияти давлатии ноњия кушода аз наќши занони кишоварз дар пешрафти њаёти иљтимоию иќтисодии ноњия њарф зад.

Боиси ќайд аст, ки   Асосгузори сулњу вањдати миллї – Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон аз афзоиши шумораи заноне, ки дар соњаи кишоварзї фаъолияти соњибкорї менамоянд, таваљљуњи хоса зоњир кардаанд. Зеро занони соњибкор низ дар амалї намудани њадафњои сиёсию иљтимоии Њукумати Љумњурии Тољикистон сањмгузор буда, ба густариши шабакаи Ассосиатсияњои соњибкории занон дар минтаќањо, муттањид намудани занони соњибкор, ки маќсад аз он таъмини муколамаи мунтазам ва табодули назар бо њамкорон мебошад, мусоидат менамоянд.

Сипас  раиси Ассосиатсияи  миллии занони соњибкори «Кадбону», аъзои Раёсати  «Ассосиатсияи соњибкории занони соњибкори Осиёи Марказї ва Афѓонистон, номзади илмњои таърих Сабоњат Рањимзода  аз наќши Ассосиатсияи  миллии занони соњибкори «Кадбону» дар  вусъат бахшидани имкониятњои иќтисодии занону духтарони дењќони мамлакатамон гузориши муфассал дод.

Аз љумла  ў таъкид кард, ки бо маќсади  баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи аграрии занону духтарони фермер ва  њалли   масъалањои мубраме, ки онњо дар кори њаррўзаи худ ба он рў ба рў мешаванд, дар мавзўи  «Тартиб додани Бизнес – наќшаи корї» ва дар  мавзўи  «Технологияи хушконидани олуи сиёњ ва себ» машѓулиятњои омўзишї доир намуданд. 

Њамчунин дар кори мизи мудаввар бонувони фермери ноњия Зулайхо Салимова,Нигораи Асадулло,Тољиниссо Юсупова, Зиёда Юсупова аз дастовардњояшон дар соњаи кишоварзї ва таљрибањои корї сухан карданд.

Дар љамъбасти чорабинї ба  бонувони дар кишоварзї пешќадам ифтихорномањо супорида шуд.

Дар  сурат: Рафти мизи мудаввар.

«НФ».

ҶАҲОНИ ХУРАМӢ

НАЗАРЕ БА ПЕШРАФТИ  СОҲАИ КИШОВАРЗИИ НОҲИЯ

Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳияи мо, аз ҷумла  соҳаи асосиву пешбарандаи ноҳия - кишоварзӣ  таъсири хешро гузошт. Маҳз  шарофати истиқлолият, сулҳу салоҳ ва Ваҳдати миллӣ дар кишвар  кишоварзони  файзободиро ба  кор дилгарм намуд. Бо дастгириву  ғамхориҳои  пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ  Раҳмон замин ба дасти соҳиби асосӣ- деҳқон расид. Аввалин иқдом дар даврони  соҳибистиқлолӣ  бо Фармони  Сарвари давлатамон ба мардум додани заминҳои обӣ ва лалмӣ барои истифодаи бемуҳлат мебошад, ки имрӯз бо номи “заминҳои  президентӣ” ном бурда мешавад. Кишоварзӣ сол аз сол пеш рафта, тараққӣ мекунад. Пешравии соҳаро таҷдиди  хоҷагиҳои калони  кишоварзӣ ва ба дасти деҳқон гузаштани замин таъмин кард. Имрӯз дар заминаи хоҷагиҳои калони кишоварзӣ беш аз 3059 хоҷагиҳои деҳқонии коллективӣ ва инфиродӣ таъсис ёфтааст, ки  маҳсулоти фаровон истеҳсол карда, неъмати дастурхони мардумро зиёд мегардонанд.

Муфассал...

СОЛЕ, КИ НАКӮСТ, АЗ БАҲОРАШ ПАЙДОСТ, ВАЛЕ…

Бо фаро расидани фасли зебои сол,  Баҳори  хуҷастапай ва соли нави аҷдодӣ Наврӯзи ҷаҳонафрӯз  сафедиҳои фасли дай ҳанӯз ҳам боқист. Аз нигоҳи дигар ин сафедиҳо файзу баракатро дар худ ниҳон дорад, зеро серобӣ фаровониро ба вуҷуд меорад.  Дар қиёс ба соли гузашта имсол дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ боришоти барф доманадор ва тулонӣ буд.

Муфассал...

БОБОИ ОБОДКОР

Дар теппаҳои  тахту ҳамворгардидаи  наздикии дидбонгоҳи БДА, ки миёни мардум бо номи  “мавзеи  пост“  машҳур аст, аввали баҳор беш аз 300 адад дарахти  ҳамешасабзи арча шинонда шудааст.  Имрӯз ба  қомати  болои ниҳолакон дида дӯхтаву аҳсант  ба  бобои Қутбиддин Даҳмардаев  мегӯем, зеро  маҳз меҳнати  шабонарӯзии  ин пири  ҳаётдида буд, ки ин теппа саросар сабз гардидааст.

Муфассал...

ХОЛАИ ОРДЕНДОР

Умри одам дар гузар асту ба касе  вафо накарда. Дар ин ду рӯза меҳмонии ин дунё кам андар кам шахсиятҳоеро вомехӯрем, ки умри хешро сарфи  дигарон намудаву худ бори танҳоӣ мекашанд. Қаҳрамони моро чун   самари умраш бор наовард, баъди солҳои зиёди зиндагии якҷоя бо ризоияти ҳамдигарӣ аз ҳамсараш ҷудо шуд. Ва бахшид умри хешро ба кори хоҷагӣ. Аз дамидани субҳ то ба шомгоҳон дар саҳро буд, мекӯшид бори танҳоиро камтар кашад. Дар ин ҷода комёб шуд. Самари меҳнаташ  ба чашм намоён буду ҳамаҷо таърифи ӯро мекарданд.

Муфассал...

НИЯТИ НЕКИ ДЕҲҚОН

Абдул Рақибов иҷоракор аст. Ин деҳқони асил,  солҳои тӯлонӣ ба парвариши картошка машғул мебошад. Ӯ ҳамасола аз 250 то 300 сентнерӣ ҳосил гирифта, аз фурӯши он  даромади хуб мегирад.  Абдул Рақибов имсол дар майдони ним гектар замин картошка дораду нигоҳубини шабонарӯзии ниҳолҳоро дар асоси  қоидаҳои агротехникӣ  ба роҳ мондааст. Мақсад дорад, ки дар соли  таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти ҷумҳурӣ аз майдони мавҷуда 300 сентнер картошка ҷамоварӣ намояд.

Ҳ.САФАР. 

СОҲА БОЯД РУШД КУНАД

Дар  ноҳия «Барномаи рушди  соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009-2015»
суст амалӣ гардидааст.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ то имрӯз 17 хоҷагӣ дар  12,65 гектар беш аз    19220 дона моҳӣ парвариш менамоянд.

Бо назардошти баланд шудани нарх дар бозорҳои ҷумҳурӣ ба ин соҳаи даромаднок бояд ҷиддитар машғул шавем.

Муфассал...

ЧАРО НАҚШАИ КИШТИ КАРТОШКА ИҶРО НАШУД? ИН ЧАНД САБАБ ДОРАД

Аз суҳбати сардори  раёсати кишоварзӣ Сайдалӣ Шамсов огоҳӣ ёфтем, ки нақшаи кишти картошка дар ноҳия иҷро нашудааст. Ба ҷои 750 гектари   пешбинишуда  дар 660 гектар картошка шинонидаанд. 

Иҷрои нақша танҳо дар  ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Меҳробод ва Чашмасор таъмин асту халос. Дар ин ҷамоатҳо мутаносибан дар майдон 85-62 гектарӣ картошка коридаанд. Ҷамоатҳои дигар ва хоҷагии давлатии тухмипарварии А.Назиров ба ҳади  20-30 гектар нарисадаанд.   

Муфассал...

Подкатегории