Ср03202019

Last updateПт, 15 Март 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ДАСТОВАРДҲОИ КИШОВАРЗОН

Кишоварзони ноҳия аз мусоид омадани обу ҳавои моҳи ноябр самаранок истифода карда, дар майдони 760 гектар ғалла коштанд. Рафти кишти тирамоҳӣ дар Ҷамоатҳои деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон ва Меҳробод хуб аст. Дар ин ҷамоатҳо мувофиқи ҳисобҳои оморӣ 190-215-гектарӣ ғалла кошта шудааст.

 

 

Мувофиқи дурнамо мебоист дар майдони 1400 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида, барои ҳосили оянда заминаи боэътимод гузошта шавад.

Айни ҳол барои анҷоми корҳо 30 трактор ва 3 адад тухмпошак сафарбар шудааст. Заҳмати механизатор гувоҳӣ медиҳад, ки нақшаи кишту шудгори тирамоҳӣ дар рӯзҳои наздик иҷро мегардад.

***

Соли равон барои чорвопарварони ноҳия бобарор омад. Дар натиҷаи меҳнати аҳлонаи чорводорон нақшаи истеҳсоли гӯшт ба 2520 тонна, шир ба 11270 тонна расидааст, ки нисбати порсола хело зиёд аст.

Саршумори чорвои калон ба 6375 сар, моли майда ба 34578 сар ва асп ба 616 сар мерасад.

Чорводорон барои зимистонгузаронии чорво ба миқдори 356707 тонна хошок захира кардаанд, ки нисбати нақша 9410 тонна зиёд аст.

***

Муваффақияти бештарро мурғпарварони «Ганҷи ҳилол» ба даст оварданд. Бо кӯшишу ғайрати парандапарварон то имрӯз саршумори мурғи тухмдеҳ ба 24 ҳазору 800 сар ва истеҳсоли тухм ба 18 миллион дона расонида шудааст.

                                               С.ТИЛЛО