Вт09172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

СОДИРОТИ МЕВАИ ФАЙЗОБОД ТАҚОЗОИ РУШДИ СОҲАИ БОҒДОРӢ

Шуҳрату овозаи боғдорӣ ва меваҳои шаҳдбори Файзобод дар замони шӯравии собиқ васеъ доман паҳн карда буд. Тавассути воситаҳои ахбори омма борҳо дар хусуси боғпарварони ноҳия мақолаҳо дарҷ гардиданд.

Хоҷагиҳои боғпарвару ашхоси алоҳида ҳосили боғҳояшонро берун аз Тоҷикистон мебурданд. Аз Урал то Шарқи Дури Федератсияи Русия, дар ҷумҳуриҳои Туркманистону Ӯзбекистон ва Қазоқистон себу ноки Файзобод бозоргир буд. Бо пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва воқеаҳои солҳои навадуми асри гузашта, ки душвориҳои зиёдеро ба бор овард, соҳаи боғпарвариро низ ба мушкилӣ мувофиқ намуд.

Моҳи августи соли 2009 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ ба рушди боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» ба тавсиб расид. Танҳо тайи ин солҳо дар натиҷаи амалисозии барномаи давлатӣ оид ба бунёди боғу токзорҳо беш аз 54 ҳазор гектар боғҳои нав дар кишварамон бунёд гаштанд.

Зимни иҷрои Барномаи мазкур дар Файзобод низ то соли 2013 зиёда аз 280 гектар боғҳои нав бунёд шуда буд.

16 апрели соли 2014 зимни сафари корӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дашти Марзо ба бунёди боғи 120 гектара асос гузошт ва ин оғози марҳилаи нави боғпарварӣ дар ноҳия ба ҳисоб меравад. Зимни вохӯрӣ Сарвари давлат ба сокинони ноҳия   дастур дод, ки бо назардошти иқлими созгору талу теппаҳои фаровон, майдони боғҳои нав ба 4000 гектар расонида шавад.

Хушбахтона, меҳнаткашони ноҳия ин супоришро чун дастури рӯз қабул намуданд ва пас аз ин майдони боғзорҳо сол аз сол зиёд гашта то имрӯз ба 5642 гектар боғи себу нок ва 414 гектар боғи ангур расидааст. Метавон гуфт, ки дар солҳои наздик шуҳрати пешинаи соҳаи боғпарварии ноҳия аз нав барқарор шуда, дар ин замина рӯзгори мардум боз ҳам беҳтар хоҳад гашт.

Сардори раёсати кишоварзии ноҳия Эмомиддин Насриддинов сари масъалаи мазкур иброз намуд:

-Имрӯз мақсади ҳамаи мо, кишоварзон дар сатҳи зарурӣ ва босифат бунёд кардани боғҳои нав мебошад. Аллакай дар ноҳия майдони боғҳо ба 5642 гектар расидааст, ки ба хоҷагиҳои ҷамъиятиву давлатӣ 1349 гектар, ба хоҷагиҳои деҳқонӣ 4147 гектар рост меояд. Соли 2018 дар ноҳия зиёда аз 8100 тонна мева ва 860 тонна ангур истеҳсол гардид, ки нисбати солҳои пешин хело зиёд мебошад. Мутаассифона, ҳосили бадастомадаи деҳқонон пурра дастраси харидорон нагардид. Яъне масъалаи асосӣ, ки имрӯз мушкилот  барои боғдорон гардидааст, ин мавриди фурӯш қарор нагирифтани ҳосили ба дастомада мебошад. Бояд   фикри коркарду дастраси харидорон намудани ҳосилро низ дошта бошем Заводҳои хурди шарбатбарорӣ ва сехи мевахушкунии мавҷудаи ноҳия, ки аз тарафи соҳибкорон харида шудааст, фаъолият намекунанд. Аз ҳамин хотир садҳо тонна мевае, ки ҳангоми вазидани шамол мерезад, талаф меёбад. Ҳосили боғҳои себу ноки минтақаҳои болои ноҳия аз рӯи сифат бозоргиранд. Вале на ҳамаи боғпарварон меваи худро бинобар зиёд будани ҳосил  фурӯхта тавонистанд. Яъне мушкилии дигар ин дар ноҳия мавҷуд набудани сардхонаҳо мебошад,то ки кишоварзон дастранҷи бадастовардаашонро нигоҳ доранд. Ҳол он ки даҳҳо анборҳои меванигоҳдории хусусӣ гардида валангоранд ва ё ба дигар мақсад истифода мешаванд.

Содироти мева ба хориҷи кишвар яке аз роҳҳо босамари талаф наёфтани меваи Файзобод аст. Сари масъалаи содироти меваи хоҷагиҳои ноҳия, раиси ноҳия Раҷбзода Миралӣ дар маҷлиси ҷамъбастии семоҳаи аввали соли равон ба масъулон дастур доданд. Аз нав гарм шудани муносибатҳои дӯстона бо ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон имкон медиҳад, чун солҳои шӯравӣ дар бозорҳои калонтарини Бухорову Хева, Нуқус, Шаҳрисабз ва даҳҳои дигар маҳаллаҳои аҳолинишини ин кишвар меваи Файзобод содир карда шавад. Барои ин ҳамқадами замон будану чашми кордонӣ доштани масъулони соҳа, раисони ҷамоатҳо ва соҳибкорони ноҳияро   зарур аст.

                                                                                                   Т. Соҳибназаров