Пн10212019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

ҚАРОР ДОРАНДУ…

 

Дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ иброз доштанд, ки минбаъд ба рушди соҳаи моҳипарварӣ дар ноҳия диққати махсус дода мешавад.

Ҳарчанд хоҷагиҳои моҳипарвар тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар асоси «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 фаъолият дошта бошанд ҳам, талаботи имрӯзаи сокинони ноҳияро қонеъ карда наметавонанд.

Айни вақт дар 44 ҳавзи моҳипарварӣ мувофиқи ҳисоботҳои оморӣ зиёда аз 80 ҳазор моҳӣ парвариш карда мешавад.

Хоҷагиҳои моҳипарварии Чилчашма, раисаш Ҳафизхон Афзалов, аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон, Шерамон, раисаш Амиршо Саидов, аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод, хоҷагиҳои моҳипарварии Раҳими Саймурод, Абдулсалом Солиҳов, Абдуҷалол Солиҳов ва Дилшод Абдуллоев аз Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев, Ашӯралӣ Абдурауфов, Ислом Сайфуллоев, Ғуломалӣ Ғафуров, Баҳодур Ятимов, Дилбар Соҳибназарова аз Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, Каромат Мирзоев аз Ҷамоати деҳоти Чашмасор, Файзулло Абдураҳимов аз ҷамоати Мискинобод аз калонтаринҳо буда, 3-10 ҳазор моҳӣ доранд.

Дар хоҷагиҳои номбуршуда асосан моҳиҳои хушзоти «Пешониғафс», «Карпат», «Амури сафед» ва «Зағорамоҳӣ», ки ба иқлими Файзобод хеле мувофиқанду дар як сол аз 700 то 1000-граммӣ вазн мегиранд, парвариш мешаванд. Хӯроки асосии ин намуди моҳиҳо алафи сабз буда, хӯрокиҳои консентратиро кам истеъмол мекунанд ва дар обу ҳавои Файзобод онҳо хеле хуб рушд ёфта, зуд вазн мегиранд.

Моҳипарвар сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Хурсанд Валиев, ки моҳипарварони ноҳия аз ӯ моҳибача мехаранд, гуфт, ки мо дар давраи гармии ҳаво дар ҳар ҳавзи 0,50 га масоҳатдошта барои салқин нигоҳ доштани оби ҳавзҳо 2-3 тонна доруи химиявӣ, аз қабили азот истифода мебарем, ки ин харҷи калонро талаб мекунад. Файзобод, ки обу ҳавои муътадил дорад, моҳипарварон аз доруҳои химиявӣ истифода намебаранд. Яъне аз ин мебарояд, ки бо сарфи маблағи андак соҳаро тараққӣ дода, даромади соф ба даст овардан мумкин аст.

Ҳавзҳои дар шафати дарёи Элок воқеъгардида ширинтарин моҳӣ доранд. Ташкил кардани ҳавзҳои моҳии ширмоҳии Элок ба манфиати кор мебуд.

Раиси раёсати кишоварзии ноҳия Эмомуддин Насриддинов қайд кард, ки барои иҷрои дастуру супоришҳои ҳукумати мамлакат дар самти парвариш ва истиеҳсоли моҳиҳои хушзот корҳои муайянеро иҷро карда бошем ҳам, вале мушкилоти ҳалношуда бисёр аст. Шахсиятҳои зиёд, ба монанди Н. Зуҳуров, Н. Каримов, С. Наҷмиддинов аз Ҷамоати деҳоти Бӯстон, А. Зарифова, Р. Сафаров, Т. Асоев ва               А. Саидов аз Ҷамоати Меҳробод, Ҳ. Каримов, С. Тоиров аз Ҷамоати ба номи Дӯстмурод Алиев, А. Ғаниев, С. Мирзоева, С. Саидов, Ю. Шарипов, Б. Ашӯров, Т. Давлатов ва Б. Абдураҳимов аз Ҷамоати Ҷавонон, А. Шоев, А. Очилов, Ш. Раҳматов, А. Сафаров ва М. Раҳимов аз Ҷамоати Мискинобод барои ташкили хоҷагии моҳипарварӣ қарори раиси ноҳияро доранду то ба ҳол фаъолият надоранд. Маҷбур мешавем, ки пешниҳод карда қарори хоҷагии онҳоро бекор кунем.

Барои зиёд кардани хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҳавасмандон зиёданд. Шахсиятҳои зиёде ба мо муроҷиат мекунанду барои ташкили хоҷагиҳои моҳипарварӣ ҳавасманданд. Раёсати кишоварзӣ бошад, ба онҳо кӯмаки худро дареғ намедорад. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат омадааст, ки «Дар натиҷаи тадбирҳои андешаидаи ҳукумати ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ се баробар зиёд мегардад».

Бинобар ин зарур аст, ки барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда дар самти рушди соҳа ва таъсиси ҷойҳои корӣ ба масъалаи нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулотҳои кишоварзӣ диққати бештар дода шавад. Кишоварзон барои иҷрои қарори ҳукумат масъуланд.

                                                                                             Т. СОҲИБНАЗАРОВ.