Ср07182018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

65 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ КАЙ БУНЁД МЕШАВАД?

Соҳаи варзиши тоҷик давоми 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфт. Маҳз дар ин даврон ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам омад. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, то варзишгарони тоҷик бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ кишварамонро байни дигар халқҳои ҷаҳон бештар муаррифӣ намоянд.

Заминаҳои иқдоми мазкур аз таъсису барқарор намудани мактабҳои варзишӣ, бунёду азнавсозии толору майдончаҳои варзишӣ баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ оғоз гардидааст.
Солҳои аввали Истиқлолият мушкили асосии варзишгарони тоҷик набудани толорҳои варзишӣ ба ҳисоб мерафт. Варзишгарони тоҷик барои омода шудан ба мусобиқаҳои байналмилалӣ душворӣ мекашиданд. Толорҳо ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданд. Таваҷҷуҳи бевоситаи ҳукумат ва барқарор шудани амну субот дар кишвар ин мушкилии асосии варзишгарони тоҷикро дар кӯтоҳтарин муҳлат аз байн бурд. Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ имрӯзҳо дар сартосари ҷумҳурӣ 8850 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликияташон ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 117 варзишгоҳ, 6204 майдончаи варзишӣ, 1655 толори варзишӣ, 85 ҳавзи шиноварӣ ва 789 маҷмаа, иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тамрингоҳи тир, боулинг, фитнес ва клубҳои ихтиёрӣ фаъолият мекунад, ки дар оммавигардонии варзиш, ки яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти мамлакат мебошад, саҳм мегузоранд.

Тавре тариқи воситаҳои ахбори умум иттилоъ дорем дар ноҳияи мо, ҳам сохтмони чандин иншооти варзишӣ ба роҳ монда шуд. Аксарияти масъулин, бахусус раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, раисони кумитаҳои маҳал огоҳ ҳастанд, ки аз ҷониби раиси ноҳия қарор “Дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин барои ташкили майдончаҳои варзишии бозии волейбол дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия” аз 11 марти соли 2017 таҳти №271 ба имзо расид. Тибқи талаботи банди аввали қарори мазкур мебоист, ки аз ҳисоби заминҳои назди биноҳои марказҳои фарҳангию фароғатӣ, марказҳои ҷавонон, ҷойҳои баргузории тӯю маъракаҳо, толори варзишӣ, китобхона, мактабҳои ибтидоӣ ва монанди ин дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ноҳия барои бунёди майдончаи варзишии волейбол қитъаҳои замин ҷудо мешуд.

Замимаи қарори мазкур шаҳодати он аст, ки дар 65 деҳаи ноҳия имкони ҷудо кардани қитъаи замин барои амалӣ шудани мақсади зикршуда, дар асоси талаботи банди болозикри қарор вуҷуд дорад.

Қитъаҳои замини назди 65 бинои ҷамъиятии пешниҳодгардида аз ҳама кам 0,07 ва болоӣ то 0,52 гектар баробар аст. Масоҳати умумии майдончаҳои варзишии волейбол бошад, аз 0,02 то 0,04 гектарро фаро мегирад. Яъне барои бунёди чунин майдончаҳои варзишӣ дар маконҳои зикршуда имконият ҳаст. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки аз қабули қарори мазкур наздики якуним солгузаштаву   чаро то кунун иҷрои он пурра дар амал татбиқ нагаштааст?

Ба маълумоти дастраси мо аз бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия ҳанӯз дар 16 маҳаллаи ҳудуди ноҳия иҷрои қарори мазкур амалӣ гардидааасту халос. Масъули бахш ба мо гуфт, ки: ”Мо дар ин самт кор мебарем. Пайваста бо раисони кумитаҳои маҳал вобаста ба амалишавии корҳо дар тамосем. Афсӯс, ки бештари онҳо ба ин кор саҳлангорӣ мекунанд. Ҳастанд маҳаллаҳое, ки то ҳанӯз барои ҷудо намудани қитъаҳои замин ба ягон сохтори марбута муроҷиат накардаанд. Ҳамин саҳлангорӣ ва хунукназарона муносибат намудани масъулини кумитаҳои маҳал аст, ки кор то ба имрӯз давом дорад”.

Инҷо ба хонанда як нуктаи дигарро рушанӣ андохтанием. Тибқи муқаррароти банди дуюми қарори зикршуда масъулу вазифадори ин кор кумитаҳои маҳалла ҳастанд.

Бемасъулиятиву хунукназарии раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳои мусоидаткунанда ва кумитаҳои маҳалла давом ёбад, пас мунтазири якуним соли дигар бошед.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори “НФ”.