Вт02252020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

7 СОЛИ СОХТМОНИ ЯК МАЙДОНЧА-ҶАВОНОНИ ДЕҲАИ ЛОЛАГӢ КАЙ ОНРО МЕСОЗАНД?

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии варзиш дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, рушд намуда истодааст.

Дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат  Ҳукумати мамлакат, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳоро вазифадор карданд, ки “... дар ҳар як деҳа ва маҳалҳои аҳолиашон аз 100 хоҷагӣ зиёд як муассисаи томактабӣ, як толор ва як майдончаи варзишӣ бунёд карда, ба оммавӣ шудани варзиш ва солимгардонии аҳолӣ мусоидат намоянд”.

Тайи солҳои охир бешак дида истодаем, ки соҳаи   варзиш дар ноҳияи мо ҳам рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Вале бо вуҷуди бо майдончаҳои варзишӣ таъмин будани аксари деҳаҳои ҳудуди ноҳия, ҳанӯз ҳам камбудӣ дар ин самт ба чашм мерасад.

Мисоли рӯшани он деҳаи Лолагии маркази деҳоти Вашгирди ноҳия аст, ки дар тарафи чапи шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат-Рашт ҷо гирифтааст. Аҳолиаш 3781 шахс буда, ки аз ин 465 нафараш ҷавонҳоянд.

Солҳои қаблӣ ҷавонони деҳаи мазкур аз надоштани майдончаи варзишӣ шикоят доштанд. Камбудии мазкурро ба инобат гирифта раиси ноҳия аз 24 сентябри соли 2013  таҳти №828 барои ташкили майдончаи варзишӣ аз ҳисоби заминҳои ҶДДМ “Мурғи ҳилол” 0,60 га қитъаи замин ҷудо кард.

Мутаассифона, ҳанӯз ҳам майдончаи варзишӣ омода нагардидааст. Ҳарчанд бо ҳамин мақсад аз буҷаи ноҳия солҳои 2016-2017 маҷмуан 33 ҳазору 830 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ҷавонони деҳа натавонистанд, ки сохтмони майдончаро ба итмом расонанд. Ба иттилои раиси кумитаи маҳаллаи Лолагӣ Ҳайбулло Акобиров маблағи мазкур барои тахту ҳамворкунӣ ва панҷарабандии атрофи майдонча сарф шудаст.  Лекин ба чашми ҳар бинанда аён аст, ки ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ сатҳи майдон ҳамвор нест. Дар ин миён ҷавонони деҳа як маротиба дар ҳаҷми 7 ҳазору 226 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуда, қисме аз сатҳи майдонро ҳамвор кардаанд. Бо сабабҳои “бояду шояд” кор қатъ гардидааст.

Аз суҳбати мо бо чанде аз ҷавонони деҳа маълум шуд, ки онҳо воқеан обод гардидани майдончаи варзиширо мехоҳанд. Аммо шахси ғайратманде нест, ки дар ин самт онҳоро роҳбарӣ намояд. Аз ин лиҳоз масъулини кумитаи маҳалла ва ҷамоати мазкурро лозим аст, ки ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба корҳои оммавию обод намудани деҳаи худ камари ҳиммат банданд.  Зеро бо чунин шеваи масъулиятшиносӣ на ин ки майдони варзишӣ ҳатто, як чордевориеро ҳам бунёд нахоҳанд кард.

Огаҳ шудем, ки майдончаи варзишӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тартибдодаи ҷамоати мазкур дар соли 2018 бояд мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирифт.

Қарори раиси ноҳия дар хусуси сохтмони майдончаи варзишӣ 7 сол пеш баромада буд.  Кашол ёфтани корро танҳо метавон бемасъулиятии мутасаддиён арзёбӣ кард.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори “НФ”.