Вт10222024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВАРЗИШ

АҶАМ НОМЗАДИ УСТОДИ ВАРЗИШ ШУД

Дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии кишвар бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе, пойтахти мамлакат мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ бо иштироки варзишгарони шинохтаи кишвар, дастаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатии варзишии ҷумҳурӣ   миёни ҷавонону наврасон дар нуҳ вазн доир гардид.

Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии варзиш дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, имрӯз варзиши кишвар бесобиқа рушд намуда истодааст.

Дар сабқати мазкур аз ноҳияи мо варзишгарони ҷапвону умедбахшиштирок намуда,аз миёнашон Нуриддинов Аҷам дар вазни 60кг ва Холиқов Муҳаммад дар вазни 75кг ба зинаи ифтихорӣ баромада, аввалӣ бо медали тилло ва дувуми бо медали нуқраи мусобиқаи зикршуда сарфароз гардиданд.

Ҳамчунин зимни супоридани медалу туҳфаҳои хотиравӣ Нуриддинов Аҷам соҳиби унвони Номзади устоди варзиш шуд.

С. ЮНУСЗОДА, «НФ».