Сб08182018

Last updateПт, 17 Авг 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ФАРОҒАТӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш бо иқдоми ҷавонону соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ майдончаи зебову замонавӣ барои кӯдакону наврасон мавриди истифода қарор дода шуд.

Барои бунёди майдончаи замонавӣ, дар миёни ду бинои кӯчаи мазкур собиқадори меҳнат Зебуниссо Қурбонова маблағи барои зиёрати хонаи Худо ҷамъовардаашро бахшид. Қурбоналӣ Каримов, раиси кӯчаи зикршуда гуфт, ки сокинон аз иқдоми пешгирифтаи муаллима илҳом гирифта, як майдончаи бозии волейбол сохта дар ин рӯз мавриди истифода қарор доданд.

Ҳангоми ифтитоҳи варзишгоҳ муовини раиси ноҳия Нурия Раҷабова қайд кард: “Ин тӯҳфаи модари меҳрубон ва собиқадори меҳнат ба кӯдакону наврасони кӯчаи Исмоили Сомонӣ яке аз аввалинҳо дар шаҳраки ноҳия мебошад”. Н. Раҷабова миннатдории роҳбарияти ноҳияро ба масъулини ҷамоат, фаъолони кӯча ва ҳамаи саҳмгирандагон изҳор дошта, барои дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои ободонӣ изҳори хушнудӣ намуд.

Зимни ифтитоҳи майдончаи фароғатӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба маъюбону ниёзмандони кӯчаи мазкур кӯмаки моддӣ расонида шуд.

С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.