Вс05272018

Last updateЧт, 24 Май 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

БА ИФТИХОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон мусобиқаҳои варзиширо роҳандозӣ намуд.

Аз ҷумла сар аз оғози соли 2018 миёни ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусобиқаҳои футболи хурд, тениси рӯйи миз, шашка, шоҳмот, волейбол ва асптозию бузкашӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин ин шабу рӯз миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ зери унвони “Ҳомии Ватан” дар се давра ҷараён дорад, ки он метавонад ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд намуда, онҳоро ба хизмати Модар-Ватан омода созад. Иловатан, миёни хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ озмуни иншо ва расмҳои зебо вобаста ба мавзӯъҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ идома дорад, ки он дар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби бахши мазкур бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Вобаста ба ташкили мусобиқаҳову чорабиниҳои зикргардида мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Ҷунайдулло Каримов  қайд кард, ки баҳри бедор намудани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамасола дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ миёни ҷавонон чунин мусобиқаҳои варзишӣ доир мегардад.  Ташкили чорабиниҳои омавӣ аз як сӯ ҷавононро ба ҳам муттаҳид намуда, онҳоро аз оворагардиву амалҳои номатлуб боз дорад, аз ҷониби дигар заминаи мусоидест барои омода намудани онҳо ба хизмати Модар-Ватан аст.

Воқеан ҳам, роҳандози намудани чунин мусобиқаҳо миёни ҷавонон яке аз ҳадафҳоест, ки онҳоро аз гумроҳию шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боз медорад ва пойдории ваҳдати миллиро ба ояндаҳои дур мебарад.