Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

КАТС- ДАР ПАЙИ СИҲАТИИ МАРДУМ

Кормандони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳия дар  таъмини ҳифзи саломатии сокинони ноҳия дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳо ноил шуданд.

Кормандони ин ниҳоди тандурустӣ донишу маҳорати хешро бо дасту дили пок баҳри хизмати содиқона  ба мардум  равона кардаанд.

Подробнее...

ХАТНАСУРИ 50 НАФАР

Масъули бунгоҳи тиббии деҳаи Фатҳободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод бо дастгирии сартабиби Маркази саломатии ноҳия Музаффар Мирзоев хатнасури 52 нафар кӯдакони оилаҳои нёзмандро гузарониданд. Ин амали хайр, ки аз дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад, қалби сокинони деҳаи Фатҳободро пур аз шодиву фараҳ намуд. Мардум аз ғамхорию дастгириҳои давлату ҳукумат, раиси ноҳия ва пизишкони ҳозиқи диёр арзи миннатдорӣ намуда, шукронаи сулҳу амонӣ ва фазои тинҷу ороми кишварро намуданд.

Ҳоким САФАР.

ПОСУХ БА ЖУРНАЛИСТОН

30 июл дар толори қасри фарҳанг раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Раҷабзода Миралӣ бо иштироки васеи хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир кард. Дар оғоз аз дастоварду мушкилоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳарф зад.

Подробнее...

РӮ БА РӮ БО МАРДУМ

 

АЗ ҶАРАЁНИ ВОХӮРИИ ХУДОЁРЗОДА БАХТИЁР ТАБАР ДАР ҶАМОАТИ  ДЕҲОТИ ҶАВОНОН

Вобаста ба иҷрои амри Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Табар  бо аҳли ҷамоатчигӣ, зиёиён ва соҳибкорони Ҷамоати деҳоти Ҷавонон ҷиҳати дар сатҳи баланд ва дастовардҳои нав ба нав пешвоз гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар литсейи касбӣ-техникии ноҳия вохӯрӣ доир намуд.

Подробнее...

МАКАРОНИ ФАЙЗОБОД ИСТЕҲСОЛ ШУД

Зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо зина ба зина дигаргуниҳо ба чашм мерасанд. Хушбахтона имрӯзҳо бо сари баланд метавон гуфт, ки кишвари мо аз низоми аграрӣ ба агросаноатӣ гузашта истодааст. Ҳамаи ин гувоҳи рушду тараққиёт ва пешрафти кишвари азизамон аст

Подробнее...

ПЕШРАВИҲОИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

Чанд сол аст, ки дар ноҳияи мо филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат фаъолият дорад. Ҳар сол ин муассиса 45-50 нафар хоҳарони шафқатро тайёр мекунад, ки як қисме пас аз хатми муассиса таҳсили худро дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишварамон идома медиҳанд.

Подробнее...

САЙРИ ОСОРХОНАИ ХОДИМОНИ ДИН

Чанде пеш бо иқдоми бахши оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи беш аз 30-нафараи имомхатибони масҷидҳои панқвақтаву ҷомеъ ва сармутахассисони оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз Осорхонаи миллии кишвар дидан намуданд.

Подробнее...

ШАҲРАКИ ФАЙЗОБОД 68 ИНШООТ БУНЁД КАРДАНИСТ

Дар кохи ба номи Рӯдакӣ вохӯрии гурӯҳи кории ҷашнгирии 30-солагии истиқлолияти кишвар бо иштироки фаъолон, соҳибкорон, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва сокинони ҷамоати шаҳраки Файзобод доир гардид. Дар он оид ба омодагии сокинони шаҳрак ба ин ҷашн сухан рафт.

Подробнее...

ВАЗОРАТ ҶАЛАСАРО ДАР ФАЙЗОБОД ГУЗАРОНД

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти муассисаи давлатии «Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Ҳисор»-ро, ки 9 зертобеъ дорад, дар Файзобод гузаронд.

Подробнее...

Подкатегории