Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ШУКӮҲИ МИЛЛАТ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12-уми майи соли 2007 таҳти №254 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба имзо расонид ва аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябр рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид.

Подробнее...

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Имсол соли нуҳумаст, ки дар саросари кишварамон рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд ботантана таҷлил карда мешавад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахуст гузошта шуд. Барои андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Подробнее...

РОҒУН - МАНБАИ НУРУ ЗИЁ

 

РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ НОҲИЯ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат  баҳри таъмини зиндагии сазовору шоистаи мардуми кишвар ҷаҳду талош варзида, яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -таъмини истиқлолияти энергетикии мамлакатро эълон намуд ва баҳри расидан ба ин ҳадаф тамоми захираву имконияти мавҷударо ба кор даровард.

Подробнее...

СЕ РӮЙДОДИ ЯК РӮЗ

16 ноябр дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун санаи хотирмон ва фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз се рӯйдоди муҳими аз вартаи ҳалокат раҳои ёфтан ва умри дубора бахшидан ба миллат ба вуқуъ пайваст.

Подробнее...

РАҚОБАТИ 40 ДАСТА

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии кишвар ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия мусобиқаи волейбол ва футболи хурд давоми як моҳи охир доир гардид. Дар мусобиқа 40 даста вобаста ба ҳарду намуди сабқат байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Подробнее...

Т А Б Р И К О Т

Т А Б Р И К О Т И

раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба марҳилаи навини давлатдории тоҷикон ибтидо гузошт, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.Бо тасдиқи Парчами давлатӣ метавон гуфт, ки он рӯз эҳёи давлати миллии тоҷикон оғоз ёфт.

 

Подробнее...

РАҚОБАТИ 40 ДАСТА

Бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии кишвар ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни ташкилоту муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия мусобиқаи волейбол ва футболи хурд давоми як моҳи охир доир гардид. Дар мусобиқа 40 даста вобаста ба ҳарду намуди сабқат байни ҳам қувваозмоӣ карданд.

Подробнее...

БОНУИ ИҶОРАКОР

 

Нозигул Аминова – сариҷоракори деҳаи Гултеппаи Корхонаивоҳиди давлатии тухмипарварии ба номи А.Назиров соли равон дар майдони якуним гектар картошка кишт карда ва дар майдони 0,20 га карам шинонд.

Подробнее...

МУҲОФИЗОНИ ШУҶОЪ

Шуъбаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и ШВКД-и ноҳия дар ҳайати 31 нафар қаториён ва ҳайати роҳбарикунанда амал мекунад. Афсарону кормандони  далеру чолок ва масъулиятшиноси ниҳоди мазкур пайваста кӯшиш менамоянд, ки вазифаҳои сермасъули хешро содиқона иҷро намоянд.

Подробнее...

Подкатегории