Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ

Имсол соли нуҳумаст, ки дар саросари кишварамон рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои барои давлату миллат бениҳоят арзишманд ботантана таҷлил карда мешавад. Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахуст гузошта шуд. Барои андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлоламон - Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24ноябрро рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд.

Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди манораи бузурги Парчам оғоз гардида дар давоми як сол ба анҷом расид.

30 августи соли 2011-ум дар маркази шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165 метр, ки балантарин дар ҷаҳон аст, парафшон гардид. Баландии Парчам 30 метр ва паҳнои он 60 метр мебошад.

Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.

Аз он рӯзе, ки миллати соҳибмаърифатамон соҳиби Парчам гардид, дар ҳаёти мамлакату ҷомеаи кишвар бисёр дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд ва барои пешрафти ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёт, илму маориф ва маънавиёти мардум шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Равобити дӯстиву ҳамкорӣ, аз ҷумлаи робитаҳои дипломатӣ ва иқтисодиву фарҳанг бо бисёр кишварҳои хориҷӣ густариш ёфтаанд, давлати мо узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид. Имрӯз Парчами миллии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ парафшон аст.

Бигузор Парчами пурҷило ва нурафшони истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини диёрамон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парфшонӣ кунад.

Мирзозода Файзулло МИРЗО, судяи Суди ноҳияи Файзобод.