Ср12122018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

СЕ РӮЙДОДИ ЯК РӮЗ

16 ноябр дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун санаи хотирмон ва фаромӯшнашаванда боқӣ хоҳад монд. Дар ин рӯз се рӯйдоди муҳими аз вартаи ҳалокат раҳои ёфтан ва умри дубора бахшидан ба миллат ба вуқуъ пайваст. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ, ки дар он саҳми давлатсозии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, оғози эҳёи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърих шинохта мешавад. Ба ин санаи таърихӣ рост омадани Рӯзи президент воқеӣ ва рамзист. Зеро ҷоннисориҳои Пешвои миллат баҳри эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд маҳз аз ҳамин рӯз оғоз мегардад. Рӯйдоди сеюми хотирмон, ки ҳамрадифи ин рӯзҳост, ба кор андохтани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун мебошад. Нурафшонии Роғун барои мардуми сарбаланди тоҷик рамзи пирӯзии рушноӣ бар торикӣ аст.

Ба хотири ҳамин се рӯйдоди таърихӣ беш аз ҳазор нафар ҷавонони ояндасозу пайравони Пешвои миллат дар маркази ноҳия роҳпаймоӣ доир намуданд. Ҷавонон дар даст Парчаму овезаҳо ва акси қаҳрамонони миллат бо шиорҳои "Ҷавонон - пайрави Пешвои миллат", "Ҷавонон - ояндаи миллат", "Роғун - кохи нур" садоқат ба Ватани азизро таҷассум карда, нишон доданд, ки ба созандагиву бунёдкорӣ омодаанд.

Баъди роҳпаймоӣ дар толори Филармонияи халқии ноҳия чорабинии тантанавӣ доир гардид, ки дар он раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва намояндаи Ҳукумати кишвар Худоёрзода Бахтиёр Табар суханронӣ намуда, ҳозиринро ба ин рӯзҳои таърихӣ табрик гуфтанд. Дар ҷамъомад гуфта шуд, ки нақши Пешвои миллат дар рушду пешрафти мамлакат беандоза аст. Таъкид гардид, ки аз ҷоннисориҳои фарзанди фарзонаи миллат дарси хештаншиносиву худогоҳӣ омӯхта, баҳри боз ҳам ободу зебо ва гулгулшукуфон гардидани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз камари ҳиммат бандем.

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори «НФ».