Вт03112025

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

Т А Б Р И К О Т

Т А Б Р И К О Т И

раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба марҳилаи навини давлатдории тоҷикон ибтидо гузошт, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.Бо тасдиқи Парчами давлатӣ метавон гуфт, ки он рӯз эҳёи давлати миллии тоҷикон оғоз ёфт.

9 ноябри соли 2009 дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид карда шуда, 24 ноябр ҳамчун  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардид.  Ин ҷашни бошукӯҳҳамасола дар саросари мамлакат бо як руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил карда мешавад. Имсол ин ҷашни миллиро дар даврае ҷашн мегирем, ки як ҳафта қабл аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, эҳёгари неругоҳи барқи обии Роғун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугмаи рамзӣ нахусти агрегати ин неругоҳи азим, иншооти барои миллату мамлакат ва кулли минтақа тақдирсоз, ба кор дароварда шуд. Ин рӯйдоди муҳими таърихиро кулли сокинони кишвар зери Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми манотиқи мамлакат, ҳатто берун аз он  бо шодию фараҳи бузург ва шукӯҳу шаҳомати хосса қайд намуданд.

Боиси ифтихору фараҳмандист, ки тамоми ҳамдиёрони азизро ба ин ҷашни муҳиму фарҳбахши миллат табрику муборакбод мегӯям.

Бояд гуфт, ки ойини парчамдории миллати сарбаланду куҳанбунёди тоҷик таърихи хеле қадим дорад. Гузаштагони арҷманди мо дар тӯли ҳазорсолаҳо зери парчами худ саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги хешро ҳифз кардаанд. Аз ин ҷост, ки эҳтирому гиромӣ доштани Парчами миллӣқарнҳост, ки дар миёни мардум муқаддасоти волои миллӣ пазируфта шудааст.

Ҳамчун рамзи давлатдорӣ, муқаддасоти миллӣ эътироф гардидани Парчами миллӣ маънии самимона дӯст доштани Ватан, ҳар як ваҷаб хоки он, миллату расму оини миллиро дошта, ҳар як фарди худогоҳро ба арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллиамон водор менамояд. Парчам баёнгари истиқлолият, ифодаи иззату икроми миллат, таҷассумгари ормонҳои миллӣ, инъикоскунандаи фарҳангу тамаддун, далели азму иродаи устувори мардуми кишвар мебошад.

Боиси ифтихор ва шарафи бузург аст, ки имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар қатори парчамҳои бузургтарин давлатҳои олам дар бинои Созмони Милали Муттаҳид парафшонӣ мекунад. Он ба шарафи сафарҳои расмии ҳайатҳои давлатӣ, ғолибияти фарзандони бонангу ори Ватан дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмуну чорабиниҳо ва дигар ҳамоишу маъракаҳои ҷаҳонӣ баланд бардошта мешавад. Халқи шарафманди Тоҷикистон зери ин Парчами муқаддас муттаҳид гардида, баҳри ободию шукуфоии Ватани азизамон ҷахду талош меварзад.

Имрӯз сокинони диёри файзрези мо низ чун тамоми мардуми кишвари азизамон бо ифтихор аз истиқлолу озодӣ зери Парчами давлатӣ дар ободии диёр саҳм мегиранд, баҳри боз хам ободу зебо гардидани Тоҷикистони азиз ҷаҳду талош меварзанд, Парчами давлатии Тоҷикистонро дар саросари мулк парафшон менамоянд ва ба он ҳамчун рамзи давлати озоду соҳибистиқлоли хеш, муқаддасоти миллӣ арҷгузорӣ мекунанд.

Кулли сокинони ноҳияро ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳар яки онҳо саодату сарбаландӣ, рӯзгори хушу осуда ва барору комёбиҳо таманно менамоям.

Ид муборак, ҳамдиёрони гиромиқадр!

Парчамат ҷовидона парафшон бод, Тоҷикистони азиз! 