Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

КАТС- ДАР ПАЙИ СИҲАТИИ МАРДУМ

Кормандони Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии  ноҳия дар  таъмини ҳифзи саломатии сокинони ноҳия дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муваффақиятҳо ноил шуданд.

Кормандони ин ниҳоди тандурустӣ донишу маҳорати хешро бо дасту дили пок баҳри хизмати содиқона  ба мардум  равона кардаанд.

Имрӯз ба сокинони ноҳия 48 муассисаи тандурустӣ, аз он ҷумла беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавии Мискинобод ва Меҳробод, Маркази саломатии марказӣ, 16 марказҳои саломатӣ ва 27 бунгоҳҳои саломатӣ хизмат мерасонанд, ки дар онҳо 102 нафар табибон, 277 нафар ҳамшираҳои тиббӣ, дар маҷмуъ  бо кормандони хоҷагию техникӣ  наздики 700 нафар фаъолият доранд. Давоми солҳои истиқлолияти кишвар марказҳои саломатии Мискинобод, Меҳробод, Элок, Лолагӣ, Сари чинор, Бӯстон, бунгоҳҳои саломатии Гултеппа, Кабкрез, Ҷонварсӯз, Дашти Марзо, Мулотуғма бо ҷалби барномаҳои амалкунандаи «Лоиҳаи Сино» ташкилоти «Хорвест-Корея» таъмиру тармим гашта, аз ҳисоби ин барномаҳо бо таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ  таъмин шуданд.

Дар маркази саломатии марказӣ шаш маркази соҳавӣ- маркази пешгирии бемориҳои сил (директораш Файзалӣ Қурбоналиев), маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим(директораш Рустам Аҳмадов), маркази репродуктивӣ  (директораш Матлуба Каримова), маркази пешгирии вируси норасоии масунияти одам(директораш Абдусамеъ Саидов), маркази иммунопрофилактикӣ(директораш Бахтибек Ҷалилов), маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона(директораш Сайёра Шомаҳмадова) фаъолияти босамар доранд.   Масъулини КАТС аз кори хуби шуъбаи тибби оилавӣ, шуъбаи дандонпизишкӣ, шуъбаи ҷарроҳӣ ва ҳуҷраҳои бемории чашм, бемории эндокронологӣ, бемориҳои асаб, рӯҳӣ, физиотерапея, ташхисгоҳ барои муайян кардани бемориҳои вируси норасоии масунияти одам, бемории оташак ва бемориҳои вирусҳои гепатити «В», «С», бо дар назардошти  фикри  сокинони ноҳия изҳори қаноатмандӣ мекунанд.

Давоми соли гузашта  ва шаш моҳи соли равон, шурӯъ аз  маркази саломатии марказӣ то марказҳои саломативу бунгоҳҳои тиббии дар деҳотбуда   бо фарогирии Лоиҳаи  беҳтаркунии хизматрасонӣ бо таҷҳизотҳо, аз қабили мизу курсӣ, ҷевон, таҷҳизотҳои озмоишӣ  барои ташхиси хун, пешоб ва  дастгоҳҳои сабти барқии дил-зина ба зина таъмин  гардид,-гуфт ҳангоми сӯҳбат ҷонишини директори КАТС Дӯстмурод Абдуллоев.

Ба хотири истифодаи босамари  таҷҳизотҳои вориднамуда барои кормандони    марказҳои саломатӣ  ва бунгоҳҳои тиббӣ аз оғози моҳи сентябри соли равон курсҳои  омӯзишӣ фаъол мешавад,  ки 18 нафар кормандони мо барои омӯзиш ҷалб карда мешавад.   

Чӣ тавре аён мегардад, ҳамасола барои бунёд, таъмиру азнавсозӣ ва пешравии соҳа, хусусан бо таҷҳизотҳои навтарини табобатӣ таъмин намудани муассисаҳои тиббӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия ва ҷалби сармояи хориҷӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо мегардад.

Таъмири хушсифат ва дастрасии таҷҳизотҳои навину зарурӣ имкон дод, ки то сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар марказ ва деҳаҳои ноҳия беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад. Дар оянда низ  корҳои таъмиру азнавсозӣ ва бо таҷҳизотҳои зарурӣ таъмин кардани марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ идома хоҳад ёфт.

Мавриди зикр аст, ки баҳри истиқболи сазовори  ҷашни   30-солагии Истиқлолияти кишвар бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва шуғли аҳолӣ ва ҳукумати ноҳия мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар ҳамаи деҳаҳои ноҳия, ки бунгоҳҳои тиббӣ надоранд, сохтмони бунгоҳҳои тиббӣ  ба нақша гирифта шудааст. Дар фурсати наздиктарин  мавриди истифода қарор додани ду маркази нави саломатӣ дар деҳаҳои Орифон ва Мулотуғма,  ки сохтмони онҳо идома дорад, ба назар гирифта шудааст. Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани ин марказҳо онҳо бо автомашинаи «Ёрии таъҷилӣ» таъмин  мешаванд.

 Дар болобурди сатҳи иҷтимоии кормандони соҳаи тандурустии  ноҳия саҳми ташкилоти иттифоқи касабаи соҳа, ки раисии онро  табиби шинохта Рустам Аҳмадов ба зимма дорад, хеле калон аст. Ташкилот имрӯз  зиёд аз 700 нафар кормандони соҳаро фаро мегирад. Ташкилот дар  омода кардани шароити кору истироҳати кормандон корҳои зиёдеро  басомон расонидааст.  Соли гузашта 20 нафар ва  дар шаш моҳи соли равон   14 нафар эҳтиёҷмандон ба кӯмаки яквақтаи пулӣ  ва роҳхат  ба осоишгоҳҳо барои истироҳату табобат таъмин гардиданд.

-Ташкилоти иттифоқи касабаи соҳа собиқадорони меҳнатро аз мадди назар дур намемонад. Меҳнати арзандаи Абдуҳалим Холиқов, Хосият Холиқова, Абдураҳим Нусратов, Маснавӣ Тошев, Олима Бухориева, Садафмоҳ Ҳалимова, Кимхоҳ Сангова, Шариф Нуров барин табибони ҳозиқ, ки дар таъмини сиҳатии ҳамдиёрон саҳми арзанда  доранд   карда мешаванд, - гуфт раиси ташкилоти иттифоқи касабаи соҳа Р.Аҳмадов.

Боиси ёддоварист, ки имсол 85-солагии Ташкилоти иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ қайд карда мешавад ва   дар арафаи иди кормандони соҳаи тиб Рустам Аҳмадов бо медали «85-солагии Ташкилоти иттифоқи касабаи ҷумҳурӣ» қадрдонӣ карда шуд.

Кормандони КАТС-и ноҳия оянда низ   барои сиҳатмандии сокинони ноҳия кӯшиш хоҳанд кард.

Т.СОҲИБНАЗАРОВ, хабарнигори «НФ».