Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ПЕШРАВИҲОИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

Чанд сол аст, ки дар ноҳияи мо филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат фаъолият дорад. Ҳар сол ин муассиса 45-50 нафар хоҳарони шафқатро тайёр мекунад, ки як қисме пас аз хатми муассиса таҳсили худро дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишварамон идома медиҳанд.

Ҳамчунон ки аз мусоҳиба бо сардори Коллеҷи мазкур Аҳмадшоҳ Тавакалов маълумамон гардид, соли равон ин даргоҳи таълимиро 46 нафар муҳассилин хатм карданд, ки ҳафтод дар сади онҳоро ҷавонони маҳаллӣ аз деҳаҳои дуру наздики ноҳия ташкил медиҳанд. Аз ин миён панҷ нафар хатмкунанда таълимгоҳро бо дипломи аъло анҷом доданд. Як нафар муассисаро бо тариқи шартномавӣ хатм намуд.

Дар мувофиқа бо роҳбарияти Коллеҷи шаҳри Ваҳдат имсол мо бо сабаби набудани шароити хуби дарсхонаҳо фақат 15 нафар донишҷӯ қабул карда метавонем. Роҳбарият ва масъулини соҳа бинои собиқ бемориҳои асабро ҳамаҷониба таъмир мекунанд. Боварӣ аст, ки солҳои баъдӣ шумораи донишҷӯёни коллеҷ зиёд мешаванд.

Ҳ. БУЗУРГ.