Чт12132018

Last updateВт, 11 Дек 2018 11am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ПОСУХ БА ЖУРНАЛИСТОН

30 июл дар толори қасри фарҳанг раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Раҷабзода Миралӣ бо иштироки васеи хабарнигорони маҳалливу ҷумҳуриявӣ нишасти матбуотӣ доир кард. Дар оғоз аз дастоварду мушкилоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2018 ҳарф зад.

Давоми шаш моҳи соли равон дар ноҳия болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ чашмрас буда, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, фарҳангу маориф чашмрасанд, гуфт раис.

Соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёти ноҳия буда, рушди он талаботи ҳамарӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Ин масъала таҳти таваҷҷуҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад. Ин муддат дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ хаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 51855,6 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5671,6 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии ноҳия таъмин карда шуда, иҷрои буҷа дар қисми даромад, бо дарназардошти маблағҳои аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ба ҷои 19 млн 791 ҳазор сомонӣ 19 млн 650,4 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 99 фоизи нақша маблағ ворид шуд, ки аз нақша ба маблағи 140,6 ҳазор сомонӣ кам ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 762,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Корхонаҳои саноатӣ давоми шаш моҳи соли 2018 дар маҷмӯъ 6 млн 103,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 525,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои корхонаҳои хурди саноатии ноҳия танҳо дар ҷамъи умумӣ 10,3 фоиз ё ба маблағи 631,7 ҳазор сомонӣ рост меояд. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди коргоҳҳои дӯзандагӣ ва маҳсулоти ширӣ дар ноҳия кӯшишҳо ба харҷ дода, ниятҳо амалӣ мешаванд.

Раиси ноҳия хабар дод, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон ва варзиш, имомхатибон, фаъолону собиқадорони маҳаллаҳо бо сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия суҳбату вохӯриҳо гузарониданд, ки муҳтавои суҳбату вохӯриҳоро асосан мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстии ҷавонон аз гароиш ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, оромию осоиштагии мардум ва бунёдкорию созандагиҳо ташкил медод.

Ҳамчунин Раҷабзода Миралӣ ба хабарнигорон аз нақшаҳои нави созандагии сокинони ноҳия ва саҳми онҳо дар пешрафти кишвар вобаста ба истиқболи 30-солагии истиқлолияти давлатӣ маълумот дод.

Сокинони ноҳия дар ҳама самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия бо рӯҳбаландии бузург аз сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ карда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ саъй хоҳанд карддилпурӣ бахшид Раҷабзода Миралӣ.

Пас аз шунидани маърӯза хабарнигорон ба масъулони соҳа вобаста ба ҳолати санитарӣ, гаронии нарху навои бозор, рух додани ҳолатҳои коррупсионӣ, фаъолияти доимии курсҳои омӯзишӣ, кабудизоркунӣ ва таъмини оби нӯшокӣ ба аҳолии шаҳраки ноҳия суол дода, ҷавоб гирифтанд.

Собир РОЗИҚОВ, “НФ”.