Вт11052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ХАБАРҲО

МАКАРОНИ ФАЙЗОБОД ИСТЕҲСОЛ ШУД

Зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо зина ба зина дигаргуниҳо ба чашм мерасанд. Хушбахтона имрӯзҳо бо сари баланд метавон гуфт, ки кишвари мо аз низоми аграрӣ ба агросаноатӣ гузашта истодааст. Ҳамаи ин гувоҳи рушду тараққиёт ва пешрафти кишвари азизамон аст .

Дар ноҳияи мо ҳам бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ пешравиҳо дида мешаванд. Тайи панҷ соли охир соҳибкори ҷавон Бурҳон Мирзошарипов фаъолияти соҳибкории худро ривоҷ дода, аз фурӯши маҳсулоти тайёри озуқаворӣ ба истеҳсолу коркарди он камар баст. Аниқтараш ҶДММ “Лаззат-2015” аз моҳи январи соли 2015 торту шириниҳоро бо ҳамин тамға дар сехи қаннодиаш омода намуд. Сифати хуби маҳсулоти омоданамудаи соҳибкори ҷавон дар андак вақт мизоҷони худро ёфт. Бо ҳамин марҳила ба марҳила фаъолияти истеҳсолиашро ривоҷ дод.   Ӯ дар ин коргоҳи хурд давоми се соли фаъолиятиаш 5 нафар сокини ноҳияро бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин намуд.

Имшабу рӯз соҳибкор пайи истеҳсолоти навбатиаш аст. Ӯ азми истеҳсоли макарони равғаниро дорад. Ва Худо хоҳад мову шумо дар дӯкону мағозаҳои ноҳия онро бо тамғаи “Макарони Файзобод” хоҳем дид. Аллакай ду нави маҳсулоташро дорои сертификат ба истеҳсолот бароварда, пешкаши ҳаводорон намудааст. Тавре ӯ дар суҳбат бо мо гуфт: “Ҳар корро қадами аввалаш мушкил, боқӣ ҳамааш бомаром меравад. Ҳоло дар як шабонарӯз 150 кг ордро коркард мекунем”.

Ду навъи маҳсулоти макаронии “Лаззат-2015” имрӯз пешкаши сокинони диёр шудааст. Соҳибкор инро интиҳои кор намедонад. Ният дорад, ки то ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии кишвар иқтидори коркард ва истеҳсоли маҳсулоташро зиёд намуда, коргоҳашро васеъ намояд. “Зиёд намудани истеҳсолот ба гирифти маҳсулот вобастагӣ дорад. Инро вақти истеҳсоли маҳсулоти нони булкагӣ таҷриба намудем. Аз истеҳсолоти хурд тадриҷан ба калон гузаштем. Дар истеҳсоли макарон ҳам ҳамин таҷрибаро ба кор хоҳем бурд. Фикр мекунам муштариён моро танҳо намемонанд. Аз сӯйи дигар маҳсулоти хушсифат ҳамеша бозоргир аст”-мегӯяд, соҳибкори ҷавон.

Мардуми диёр аз он хурсанданд, ки бо азми қавии соҳибкорони маҳаллӣ ноҳияи мо ҳам қатори дигар шаҳру навоҳии кишвар қадам ба қадам рушд мекунад ва бунёди коргоҳи истеҳсоли макаронро аз ҷониби ин соҳибкори ҷавон мояи ифтихору фоли нек дар арафаи омодагиҳо ба ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар медонанд.

Иқдоми пешгирифтаи Бурҳон Мирзошарипов дар самти таъмин намудани сокинони диёр бо маҳсулоти тозаву хушсифти хурокворӣ намунае аз ободкориҳову созандагиҳояш аст.  

Собир РОЗИҚОВ, хабарнигори “НФ”.