Вт07232019

Last updateПт, 05 Июль 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

МАКТАБИ НАВ ДАР ХОҶАМАРД

Дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон масъалаи ободонӣ пайваста дар мадди назари масъулон қарор дорад. Ин аст, ки қариб дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоатимазкур корҳои зиёди сохтмони иншооти гуногун дар авҷ аст. Аз ҷумла авали моҳи март сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти асосӣ дар деҳаи Хоҷамард оғоз ёфтаву имрӯз он босуръат идома дорад. Корҳои сохтмонии он ба зиммаи муассисаи сохтмонии «Бинокор» вогузор гардидааст. Бунёди сохтмони муассиса аз ҷониби сафорати Япония дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мегардад. Аллакай сохтмончиёни «Бинокор» корҳои бунёдӣ ва деворҳоро ба анҷом расонида, дар рӯзҳои наздик болопӯши бино ва насби дару тирезаҳои онро ҳам ба анҷом мерасонанд. Ҳангоми суҳбат бо раиси маҳаллаи деҳаи Хоҷамард Ҳанон Мирзоев ва сохтмончиён аён гардид, ки корҳои таъмиру рангуборкунӣ дар муҳлати кӯтоҳба анҷом мерасад.

Зеро мувофиқи нақшаи тартибдодаи корфармо ҳамаи корҳо то нимаҳои моҳи май бояд пурра ба анҷом расад ва муассиса барои қабули хонандагон омода гардад. Ин муассисаи таълимӣ иборат аз ҳашт синфхона буда,барои 500 нафар хонанда пешбинӣ шудааст ва он ба ҳамаи меъёрҳои мавҷуда ҷавобгӯ аст.

Ҳ. Бузург.