Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ГУЛЕ ДАР ОШЁНИ МЕҲР

Инсони нексиришт ҳамеша пайванди меҳру ихлос ва нахли таманнову орзуҳои хушиовар аст. Ҳамингуна, сардухтури беморхонаи минтақавии Ҷамоати дехоти Мискинободи ноҳияи Файзобод Маҷидова Қумринисо Султоновна намунаи одаму одамгарист. Гувоҳи хол рӯҳияи мардумест, ки аз ин шифохона сиҳатманду бо табъи болида мебароянду яке ниҳоли сабзи реша дар об дорад ба дил, дигаре насли солим рӯйи каф. Ин аст саодати мардуми диёр.

Саодат ва шарафи ба ин ҷойгоҳ расиданро Қумринисо аз овони наврасӣ ба дил мепарварид. Ӯ 28-уми декабри соли 1987 дар деҳаи Бобои Валии Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Орзуи шифокор шудан дар ниҳоду сиришти поку беғаши ӯ чун набзи ҷон метапиду ин ният ӯро соли 2004 ба ДДТТ овард. Қумринисо соли 2011 бо касби донишу фазл ихтисосманди соҳаи тиб гардида, ин даргоҳи маърифатро хатм кард. Қисмати накуяш буд, ки аз 7-уми августи соли 2012 ҳамчун сардухтур ба беморхонаи минтақавии Мискинобод ба кор омад ва батадриҷ эҳтироми мардумро шарафёб гашт. Дар инчо фаъолияташро то 17-уми октябри соли 2015 идома дода, баъдан ба ординатураи клиникии Донишгоҳи баъдидипломй шомил шуда, аз ок­тябри соли 2015 то 12-уми декабри соли 2017 хондааст. Баъди хатми он духтури шифокор аз январи соли 2018 боз ба вазифаи худ ба кор омад. Ба аспирантура дохил шуд ва мехоҳад оянда дар соҳаи тиб кори илмй пеш барад.

Аз муҳити беморхонаи минтақавии Ҷамоати деҳоти Мискинобод бармеояд, ки инҷо шароити хуб дорад ва онҳое, ки бо умед ба ин даргоҳ меоянд, аз ин сарвари кордону табиби хушкор розиянд.

- Пештар барқи ҳамешагӣ набуд. Хати барқи озод бо дархости ман ба беморхона пайваст гардид. Утоқи дастшӯй, ҳаммом, ошхона, гармидиҳӣ ҳама хубу фаъол аст. Момодояҳо Каландарова Кимхо, Гурезова Малоҳат, Латифова Раъно, Идиева Химчагул, масъулони тозагӣ Шокирова Рухшона, Давлатова Гулчехра, ошпаз Нази­рова Рузигул ва дигар кормандон бо сарвари кордонашон ва бо муомилаи хубашон дар хизмати мардуманд.

Дар беморхона шуъбаи муолиҷавӣ, шуъбаи ёрии таъҷилӣ ва таваллудхона фаъол буда, фазои орому тозаву озодае дорад.

Қумриносоро падару модар, ки соҳиби маълумоти олӣ буданд ва ба ин касби пурифтихор ҳидоят намуданд. Ӯ оиладор асту соҳиби се фарзанд. Барояш офият ва саодати ҳамешагии рӯзгорро таманно дорем.

Зулолаи Нур, рӯзноманигор.