Вт02252020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

СОҲИБКОРОН ДАР ОБОДОНИИ ДИЁР САҲМИ НАЗАРРАС ДОРАНД

Дар толори хурди МИҲД-ии ноҳия нишасти матбуотии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ     бо иштироки кормандони Васоити ахбори умуми мамлакат ва маҳаллӣ баргузор шуд.

Раҷабзода Миралӣ назди кормандони васоити ахбори умум аз дастоварду мушкилоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дар соли 2019 суханронӣ кард.

Аз ҷумла қайд намуд, ки дар ҳаёти сокинони ноҳия  дигаргуниҳои куллӣ ва воқеоти зиёди хотирмон ба вуқуъ омад. Пеш аз ҳама сафарии кории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия ва мулоқоту вохӯриҳо бо сокинону фаъолон дар соли 2019 барои ҳамагон хотирмон буд.

Соли 2019 дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 231 миллиону 852, 7 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбати соли пешин зиёд аст. Ҳамчунин иҷрои нақшаи андозҳо ва ҳамаи пардохтҳои ҳатмӣ пурра ва барзиёд таъмин гардида, ба буҷа аз ин ҳисоб ба ҷойи 18 миллиону 800 ҳазор сомонии дар нақша пешбинӣ гардида 19 миллиону 567 ҳазор сомонӣ ворид гардид, ки нисбати як соли пешин беш аз 4 миллион сомонӣ зиёд аст.

Дар ин давра Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳо ба маблағи 926, 6 ҳазор сомонӣ корҳоро ба иҷро расонида, дар ҳудуди шоҳро бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 12 истгоҳ навсозӣ карда шуд. Ҳамчунин 3,1 км роҳҳои маҳаллӣ таъмиру тармим ва 5, 1 киллометр роҳҳои маҳаллӣ  аз ҳисоби буҷаи ноҳия ва дастгирии соҳибкорону сокинон мумфарш гардид.

Соли сипарӣ шуда аз ҷониби соҳибкорон мавриди ситифода қарор гирифтани марказҳои хизматрасонӣ дар шаҳраки Файзобод, бунгоҳҳои саломатӣ дар деҳаи Навбаҳор, Сари чашма, мумфарш намудани роҳи деҳаҳои Навобод, Элок, Сари сафедхок, сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои Саричашма, Навобод, Шукурӣ, Баҳористон бозгӯи рушди соҳибкории хурду миёна дар ноҳия ва саҳми эшон дар пешрафти ободии диёр маҳсуб меёбад.

Боиси қайд аст, ки аз 352 банди нақша чорабиниҳои ободкорию бунёдкории ба ифтихори таҷлили 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, 138 адади он амалӣ гардида, дар 71 - тои он корҳои сохтмонӣ бо суръат идома дорад. Сохтмони 143 банди он бошад давоми солҳои 2020-2021 шуруъ хоҳад гардид.

Пас аз ба таваҷуҳи рӯзноманигорон расонидани корҳои ба анҷом расонидаи меҳнаткашони ноҳия Раҷабзода Миралӣ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба суолҳои хабарнигорон посух гуфтанд.    

Дар анҷоми кори нишаст раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба хабарнигорон аз нақшаҳои нави созандагии               сокинони ноҳия ва саҳми онҳо дар пешрафти кишвар давоми соли 2020 маълумот дода. Ҳозиринро боварӣ бахшид, ки сокинони ноҳия дар ҳама самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия бо рӯҳбаландии бузург аз сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 30-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ ва дар сатҳи баланд баргузории интихоботи вакилони МН МО ҶТ ва маҷлисҳои вакилони маҳаллӣ, ки рӯзи 1 март доир мегардад саъй хоҳанд кард.

                                                                                                               “НФ”.