Вт02252020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ОБИ ЛОЯК БО УМЕДИ БАҲОР АСТ

Ҳисоб накардем, ки нашрияи маҳаллӣ аз давраи мавҷудияташ аз партовҳои наҳри маркази ноҳия- Оби лояк чанд бор навиштааст. Танқиди нашрия чанд ҳафта таъсир мекунаду ҳолат “Аҳмади порина” мешавад.

Ба тозагии муҳити атроф, беҳии ҳолатӣ санитарӣ идораҳои махсус машғуланд, масалан, дар замони шӯрави Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, масъалаи тозагиро дар мадди назар нигоҳ медошт. Дар ошхонаю мағозаҳо бо рӯзноманигорони маҳаллӣ санҷишҳои муштарак гузаронда, ба камбудиҳо хотима медод. Ҳоло бахши ҳифзи муҳити зист амал мекунад, ки вазифаи ҷониаш беҳдошти муҳити атроф аст.   Чорабиниҳои корхонаи воҳиди давлати “Хоҷагии манзилии камуналӣ”, низ ба ҳамин мақсад равона гардидааст. Мақсади асосӣ ҳифзи саломатии аҳолӣ аст. Идораҳои номбурда аз ҳуқуқҳои худ истифода бурда, масъулон, шахсони алоҳидаро, бинобар риоя накарданӣ қоидаҳои санитарӣ ҷарима мебанданд. Афсӯс, ин тадбир ба ногӯшнавон дарс намешавад.

Соли гузашта идораи муҳити зист ба ғайр аз мансабдорон қариб бист нафар сокинони ноҳияро барои ифлоскориашон тибқи қонуни ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои об аз 55 то165 сомонӣ ҷарима баст. Вале боз ҳамон одамон, онҳое, ки аз киса зарар дида буданд, қатори онҳо дигарон бо партовҳои маишӣ ҷӯю наҳрҳо чашмаҳо, дигар манбаҳои обро ифлос мекунанд.

Сари моҳи январ қад-қади наҳри “Оби лояк” аз поён то боло қадам задем. Ҳарҷое, ки барфпӯш аст, ифлосиҳо наметобанд. Вале магар, офтобро бо доман пӯшонда мешавад? Мебинӣ, ки ҳам аз ҷониби рост (хусусан ҷониби кӯчаи Розиқзода), ҳам аз ҷониби чап, хонаҳои кӯчаи Ҷомии канори Оби лояк, аз кӯпруки маркази шаҳрак сӯи боло, якчанд хонаи кӯчаҳои Саидшоҳӣ, Қурбоналӣ Файзалиев, Саид Ҷалолу Сино ғарам-ғарам хокистару хасу хошок хобанд. Ин партовҳоро сели баҳор ба поён, ба дарёи Элок мерезад.

Чӣ кор бояд кард?

Ҳам идораи беҳдошти тозагӣ, ҳам бахши муҳити зист чорабиниҳои мувофиқакардаашонро бобати риояи тозагӣ ба аҳоли пешниҳод мекунанд, шахси гунаҳгорро ҷарима мебанданд. Бо аҳолӣ, хусусан сокинони шаҳрак, суҳбат мегузаронанд. Аммо вазъият ба таври дилхоҳ тағйир намеёбанд. Саволе ба миён меояд, ки кумитаҳои маҳалла наметавонанд мардумро ба риояи қоидаҳои санитарӣ одат кунонанд? Раисони ин кумитаҳо дар ихтиёри ҷамоати шаҳрак қарор доранд. Пас масъулияти бештар ба дӯши ҷамоат, пеш аз ҳама муҳтарама Сайбиниссо Раҷабова меафтад.

                                                                                    Ҷ.БАҲОРОВ.