Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ЗАН ҲУСНИ ЗИНДАГӢ

Зиндагӣ дарёст. Вақте инсон шиновари он мегардад, мавҷи дарё ӯро ба ҳар тараф мебарад. Қаҳрамони моро низ ин мавҷ дар зиндагӣ аз як гӯшаи дурдасти Тоҷикистон аз Хуҷанди бостонӣ ба Файзободи файзбор овард.

Хайринисо Қаландарова, зодаи вилояти Суғд, солҳои зиёдест миёни мардуми диёр бо номи апаи Хайринисо, муаллима, духтурҷон маъруфу машҳур аст.

Хайринисою Абдураҳмон ҳарду донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон буданд. Ишқу муҳаббати поки ҷавонӣ ин ду табиби ҷавонро ба висоли ҳам расонида оилаи хушбахт ба ҷомеаи солҳои 70-ум тақдим намуд. Яке духтури муолиҷавӣ, дигapeҷарроҳ донишгоҳро хатм намуданд. Муддате дар шаҳри Ваҳдат фаъолият намуда соҳиби духтарча шуданд.

Соли 1975 бо амри тақдир ба Файзобод омада дар беморхонаи марказӣ баҳри ҳифзи саломатии мардум дар талош мешаванд. Абдураҳмон мудири шуъбаи ҷарроҳӣ, Хайринисо бошад мудири шуъбаи муолиҷавии беморхона таъйин мегарданд. Ҳарчанд аҷал риштаи умри акаи Абдураҳмонро бармаҳал канд, вале Хайринисо дар Файзобод монд. Зеро ду фарзанди дигарашро дар ин диёр таваллуд кардаю обрӯ, файзу баракати зиндагиашро ин ҷо ёфта буд.

Бо файзободиҳо ҳамхун гашт. Яке аз духтарони нозанини устод Абдураҳимов Азизро барои писараш Шуҳратҷон келин кард. Қадами мубораки келинаш Умеда ва набераҳояш зиндагиашро хуррам гардонд. Дар давоми фаьолияти корияш раиси иттифоқи касаба, котиби ташкилоти ибтидои Ҳизби коммунистии беморхонаи марказии ноҳия, узви бюрои ҳизби коммунист интихоб шудааст. Барои хизматҳои шоистааш ба унвони Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чандин ифтихорномаю сипосномаҳо сазовор гардидааст. Зиёда аз 40 сол дар ҳифзи саломатии мардум хизмат намуда шабзиндадориҳо, бо аҷал даст бо гиребоншуданҳо, бо суханони меҳрбор ба дардмандон даво бахшиданҳо, бо ҳамкорону ҳамсояҳо лутфу эҳсон намудан маҳбубияти ин Зан-модар табиби ҳозиқ-Хайринисо Қаландароваро дар дилу дидаи сокинони ноҳия ҷо намуд. Ин аст, ки мардум хизматҳои ӯ ва шавҳари шодравонашро ба некӣ ёд меоранд. Хайринисо Қаландарова ба нафақа баромад. Ҳар се фарзандаш имрӯз номбардори падару модаранд. Духтаронаш Раъно ва Наргис касби падару модарро пеша намуданд. Раъно мудири шуъбаи робитаҳои байналмиллалии Вазорати тандурустӣ, Наргис корманди хадамоти назорати дорувории Вазорати тандурустиӣ, Шуҳратҷон корманди бонки умумиҷаҳонӣ дар назди Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Панҷ набераи апаи Хайринисо мағзҳои ширини донаҳои меваи шаҳдбори зиндагии ӯянд. Дамидани субҳро дӯст медорам. Зеро субҳ оғози зиндагии як рӯзи нав маънои покӣ, равшанӣ, нур барои инсон аст. Бахусус барои зан-модар. Бигузор ин зебоиҳои субҳ, оромию осудагии ҳар хонадон, лабханди беғами кӯдакону аллаи ҷонбахши модарон зиндагиро боз ҳам зебо гардонад, - мегӯяд, табиби ҳозиқ, модари меҳрубон, зани хоксору заминӣ Xайринисо Қаландарова.

Дунёи пурмуҳаббати зан ҳусни зиндагист.

Дилдорию садоқати зан ҳусни зиндагист.

Моро нишоту файзу сахо ҳадя мекунад.

Ин ҳадяҳои қимати зан ҳусни зиндагист.

Робиа САЛИМОВА, узви ИЖТ.