Вт09172019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи чорабиниҳо баҳри сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 29 апрели соли равон даври ноҳиявии озмуни «Тоҷикистон-ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид.

Ҳайати ҳакамон бо сарварии муовини раиси ноҳия Раҷабова Н.Ҷ. ба ҳунарнамоии ғолибони давраи аввали озмуни мазкур баҳогузорӣ намуданд. Навозиши «Хушнаво»-и А. Гулонов дар номинатсияи оҳангсоз, баромади Шукрона Сангова, Сафиалоҳ Ибодов, Фаррух Раҳимов, Шаҳобиддин Қурбонов, Бахтиёр Исмоилов ва Фархунда Раҳимова дар номинатсияи сарояндагони академӣ, халқӣ ва эстрадӣ, Акрам Қурчиев ва Шукрулло Шамсов дар номинатсияи навозандагон, Амрулло Ҳафизов ва Шодмеҳр Давлатов дар номинатсияи ровӣ, Фарида Давлатова, Туҳфа Зардова дар номинатсияи шеър беҳтарин дониста шуда, ҳамчун ғолибон   моҳи ноябр  дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат хоҳанд кард.

Ба иштирокчиёни даври ноҳиявӣ сипосномаҳои раиси ноҳия ва туҳфаҳо тақдим гардид.

«НФ».