Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ҲАМКОРӢ БО ВАО БАҲРИ ПЕШРАФТ АСТ

29 июли соли равон нишасти матбуотии раиси ноҳия,  узви ММ-ии МО Раҷабзода Миралӣ   бо кормандони васоити ахбори умуми мамлакат ва ноҳия доир гардид.

Дар оғози нишаст Раҷабзода Миралӣ назди рӯзноианигорон аз дастоварду мушкилоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия дар нимсолаи аввли соли равон сухан кард.

Аз ҷумла ӯ қайд кард, ки сокинони ноҳия дар шаш моҳи соли сипаришудаи 2019 дар роҳи иҷрои нақшаҳои тарҳрезигардида дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ноҳия ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардиданд.

Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 32 миллиону 736,4 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 19 миллиону 366,8 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Боғпарварони ноҳия дар ин давра тибқи дурнамодар 320га боғу токзори нав бунёд намудаанд.

Саршумори паранда низ нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 175151 сар зиёд гардида, 32 миллиону 033 ҳазор дона тухм истеҳсол карда шуд, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 4 баробар зиёдтар аст.

Ҳаҷми истеҳсолоти маҳсулоти саноатӣ бо дарназардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ дар маҷмӯъ ба 15 миллиону 574 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 9 миллиону 470 ҳазор сомонӣ зиёд аст.

Ҷиҳати рушди соҳибкорӣ ва ҷалби соҳибкорон ба корҳои созандагию ободонӣ, чораҳои судманд роҳандозӣ гардид. Аз ҷониби соҳибкорон ба истифода додани марказҳои хизматрасонӣ, майдонҳои варзишӣ дар Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, истгоҳҳои замонавӣ дар шоҳроҳ, мисоли равшани рушди соҳибкории хуруду миёна ва афзудани фаъолнокии сокинон дар ноҳия ва саҳми онҳо дар ободии диёр мебошад.

Дар ин давра ҷиҳати беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия, сохтмони муассисаҳои таълимӣ, таҷҳизонидани онҳо як қатор корҳо анҷом дода шуданд. Бо дастгирии мақомоти иҷроия ва ҷалби дигар саховатмандону сокинон дар деҳаҳои Сари чашма, Навобод, Шукурӣ, Баҳористон муассисаҳои таълимӣ сохта шуданд, ки дар арафаи соли нави хониш ба истифода дода мешаванд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии №№ 6, 26 ва 30 дар арафаи анҷомёбӣ қарор доранд. Айни замон сохтмони муассисаи таълимӣ дар деҳаи Ҷавонон аз ҳисоби сафорати Ҷумҳурии Ҷопон бо суръат идома дорад.

Дар соҳаи тандурустии ноҳия 52 муассиса, аз ҷумла беморхонаи марказӣ, беморхонаи минтақавии Меҳробод ва Мискинобод, ки дорои 200 кат мебошанд, амал намуда,   106 нафар духтурон ва 442 нафар ҳамшираҳои тиббӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонанд.

Ҷиҳати сохтмони бунгоҳу марказҳои саломатӣ ва бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин намудани онҳо кори зиёде анҷом дода шуда, дар деҳаҳои Орифон ва Мулотуғма марказҳои замонавии саломатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд.  

Сипас раиси ноҳия   ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ба суолҳои хабарнигорон посух гуфтанд.

Ҳамчунин раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба хабарнигорон аз нақшаҳои нави созандагии меҳнаткашони ноҳия ва саҳми онҳо дар пешрафти кишвар давоми нимсолаи дуюми соли 2019 маълумот дод.

Сокинони Файзобод дар ҳама самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳия бо рӯҳбаландии бузург аз сиёсати ояндасозиАсосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳлона меҳнат намуда, баҳри сазовор истиқбол гирифтани 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ саъй хоҳанд кард,- таъкид дошт Раҷабзода Миралӣ

“НФ”.