Пн10072024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЛАБХАНД

- Азизам, дар соли нав бароят чӣ тӯҳфа кунам?

- Намедонам!

- Набошад, барои аниқ кардани тӯҳфа як соли дигар муҳлат медиҳам.

Подробнее...

ЁДЕ АЗ ЛУТФҲОИ ШИРИНИ СОЛИНАВИИ ШИРИН БУНЁД

Панҷ соли давраи донишҷӯиро бо се нафар духтарони бадахшонӣ- Аввалмоҳу Зиёратмоҳу Гулбону дар як хона дӯстонаю шодона паси сар намудем. Шоири ширинкалони тоҷик Ширин Бунёд (руҳаш шод бод) ба хотири ҳамдиёронаш, ки ӯ низ дар хобгоҳи донишҷӯён буд, тез-тез ба хонаи мо меомад.

Подробнее...

ЁДЕ АЗ СОЛИ РАФТА

Арафаи соли нави мелодӣ Набзи Файзобод андешаву хотироти ҷолиби хонанадагонашро перомуни соли рафта гирд овард, ки аз манфиат холӣ нест.

 

Подробнее...

ИШҚИ ҶӮГИЗАН

Ҷӯгиҳо таърихан аз маҳали Ҷӯйи Ҳиндустон буда, бо кадом сабабе тарки ватан карда дар дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто берун аз он муқимӣ гаштанд. Аслан бояд ҷӯйӣ ном мегирифтанд, на ҷӯгӣ. Касби ҷӯгиҳо (ҷӯйиҳо) талбандагӣ буда, дар ҷое кор намекунанд. Мебинем, ки ҷӯгиҳо аз саховати мардуми Файзобод истифода бурда ҳар рӯз 10-12 нафар инҷо меоянд.

Подробнее...

ФАҚАТ ДАР ЯК СОЛ

Дар як соли 2019 дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳазорон ҳазор навигарӣ шуд. Ҳар касе ба рӯзномаҳо обуна бошаду онҳоро хонад, ё аз оинаи телевизион истифода бурда бошад, аз навигариҳо хабар дорад. Дар шумораи идона имкон надорем, ки ҳамаи навигариҳои кишварро номбар кунем.

Подробнее...

СОЛИ МУШ (аз муши сафед чиро метавон интизор шуд)

Соли муш, ки бо оғози Соли нави 2020 фаро мерасад ба онҳое, ки меҳнати сидқан мекунанд дастоварду комёбиҳо пешгӯи мекунад. Дар ин сол инсоният ба давраи нави таърихӣ қадам мегузорад. Дар асоси тақвими шарқӣ муши сафед ба даври мучал, ки 12 солро ташкил медиҳад оғоз мебахшад. Соли рафта аз рӯи ҳисоби мучал соли хук буд ва соли фаровонеро мо эҳсос кардем.

Подробнее...

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ МЕЛОДИИ 2020

 Ҳамдиёрони азиз!

Баъди чанде мо ба соли нави 2020 ворид мегардем. Боиси ифтихору сарфарозист, ки соли 2019 ҳамчун соли пур аз воқеаҳои муҳиму фараҳбахши сиёсиву фарҳангӣ ва дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ дар саҳифаҳои таърихи кишварамон сабт мегардад.

Подробнее...

ДУ ҒОЛИБ АЗ ФАЙЗОБОД

Соли 2019 дар сатҳи ҷумҳурӣ ду озмуни фароғатӣ – яке «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», дигаре «Фурӯғи субҳи доноӣ…». Боиси ифтихор аст, кидар озмуни аввала ду намояндаи Файзобод: хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Шодмеҳр Давлатов ва корманди Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова Иброҳим Камолов ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуданд. Хабарнигори «Набзи Файзобод» ба ин муносибат онҳоро муборакбод карда таассуроташонро аз ин чорабиниҳои муҳим пурсон шуд.

Подробнее...

САФИ ҲУНАРМАНДОН МЕАФЗОЯД

Маркази эҷодии кӯдакону наврасони ноҳия дар солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки солҳои 2019-2021 эълон шудааст, дар муассисаи маркази эҷодии кӯдакону наврасон дастовардҳои ҳунармандиашонро ба тамошо гузоштанд. Ин дастовардҳо иборат буданд аз либосҳои миллӣ, зардӯзӣ, наққошӣ, ҷӯроббофӣ, нақшу нигор, расмҳои «Тоҷикистон хонаи умеди ман», «Тоҷикистон биҳишти рӯи замин», «Наврӯз иди миллии тоҷикон», «Наврӯзи гулдӯз», «Садои чашма», ки бо як маҳорати калон эҷод кардаанд ва ниҳоят диққатҷалбкунанда буданд.

Подробнее...

Подкатегории