Вс03292020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ИШҚИ ҶӮГИЗАН

Ҷӯгиҳо таърихан аз маҳали Ҷӯйи Ҳиндустон буда, бо кадом сабабе тарки ватан карда дар дигар минтақаҳои Осиёи Марказӣ, ҳатто берун аз он муқимӣ гаштанд. Аслан бояд ҷӯйӣ ном мегирифтанд, на ҷӯгӣ. Касби ҷӯгиҳо (ҷӯйиҳо) талбандагӣ буда, дар ҷое кор намекунанд. Мебинем, ки ҷӯгиҳо аз саховати мардуми Файзобод истифода бурда ҳар рӯз 10-12 нафар инҷо меоянд.

Аз роҳе мегузаштам, ҷӯгизани ҷавоне дар бағалаш кӯдаки ширхора маро садо кард:-«Ҳой мардак, хайр кунед!». Ҳарфе нагуфта як сесомонӣ дода роҳамро давом доданӣ шудам. Ҷӯгизан гуфт:- «Як лаҳза истед». Истодаму гуфтам:- «Боз чӣ мехоҳӣ?» Гуфт:-«Аз гӯшнагия мемурам, ягон чиз харида те». «Майлаш»- гуфтаму рафта аз мағоза нон, кулчақанд, як шиша оби маъданӣ оварда додам. «Раҳмат-раҳмат»- гуфту рафта ба ҷояш нишаст.

Баъди чанде ҷӯгизан боз рӯ ба рӯям пайдо шуд. Як сомонӣ додаму рафтам.

Дар мағозаи китоб рӯзномаҳоро аз назар мегузарондам, ба гӯшам садои «Хайр кунед!» расид, бинам, ҳамон ҷӯгизан. Аҳамият надода рӯзномаро варақ гардондан гирифтам. Дар китфам тап-тап даст расонда, -«Ҳой мардак, шуморо мегӯям, хайр кунед»,- гуфт. Боз як сомонӣ додаму аз мағоза баромадам.

Чанд рӯз пас аз беморхона меомадам, ки сари чорраҳа ҳамон ҷӯгизанро дидам.

- Ҳа мардак, дар куҷоҳо мегардӣ, дигар ба ман хайр намекунӣ?-гуфт.

- Хайри ман ба ту тамом!

Ҷӯгӣ музтар шуду баъд гуфт:

- Чаро дари хайратонро бастед?

- Бигзор дигарон хайр кунанд!

- Ҳо мардак, росташро гӯям, шумо ба ман маъқул шудагӣ.

- Мебахшед, хонум, шумо ба ман маъқул не.

Ҷӯгизан чашмакь зада ишва кард:

- Шумо ба ман сад сомон диҳед, ман рафта як курта мехарам, ҳамом рафта шустушӯ мекунам, усмаю сурма кашида ба рӯям крем молида наздатон меоям. Мебинед, ки ман чи хел зебою дилкаш. Ҳусну ҷамоли мо дар ботини мост.

- Медонӣ, - худро ҷиддӣ гирифта гуфтам, - ислом ба мо иҷозати ҷӯгиро никоҳ кардан намедиҳад.

Ҷӯгизан худро ранҷида вонамуд кард:

- Магар мо зан нестем? Чашм, бинӣ, қаду-қомат, лабурӯй… ҳама чи дорем, - гуфту илова кард, - бо шумо барин мардаки раҳмдил ошиқ шудан гуноҳе нест.

- Рост бигӯ, - сахт омадам ман, - куҷоям ба ту маъқул шуд?

Гуфт:- «Ба кисаи пурат ошиқ шудам». - Ва кӯдакро дар бағалаш такон дода ғазаболуд аз наздам дур шуд.

Қ.ҶОМӢ.