Вс01262020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ФАҚАТ ДАР ЯК СОЛ

Дар як соли 2019 дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳазорон ҳазор навигарӣ шуд. Ҳар касе ба рӯзномаҳо обуна бошаду онҳоро хонад, ё аз оинаи телевизион истифода бурда бошад, аз навигариҳо хабар дорад. Дар шумораи идона имкон надорем, ки ҳамаи навигариҳои кишварро номбар кунем.

Бузургтарин ва фараҳмандтарин навигарӣ бунёди дилпуронаи неругоҳи барқи обии Роғун аст, ки чархаи дуюмаш 9 сентябри ҳамин сол ба кор даромад. Боз чор чархаи дигар дорад «Роғун».

Ташрифи Пешвои миллат, Президенти азизи мо Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Файзобод навигарии хотирмон аст. Ин ташриф 20 сентябр ба вуқуъ омад. Ҳар касе дар вохӯрии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боғи фарҳангию фароғатӣ иштирок дошт, дид, ки кору бори мардуми диёр ба Сардори давлати Тоҷикистон чӣ қадармаъқул шудааст. Ӯ басо хушҳол буд. Воқеан, мардуми Файзобод паи навигарию ободкориҳо рафта, ифтихори сафари Президент даҳҳову садҳо не, ҳазорҳо кори буднокардаро ба сомон расонданд. Ду иншооти хизматрасонии маркази ноҳия, ки дар кушодашуданаш дасти меҳмони олиқадр расид, ҳамарӯза пеши назари мардум аст. Дар ду иншооти бар ба бари рӯ ба рӯи хонаи ақди никоҳ 35 нафар соҳиби ҷои кор шуданд. Дар қабати якуми биноҳои чорошёна гӯшаи ҳунарҳои мардумӣ, оҳангарӣ, чӯбтарошӣ, сехи дӯзандагӣ, мағозаи фурӯши маҳсулоти тайёр, толори арӯсӣ ва кошонаи ҳусн ҷо гирифтаанд. Ба истифода супурдани мактаби рақами 64, воқеъ дар деҳаи Саричашма беҳтарин навигарии рӯзгори сокинони деҳа гардид. Чунки то ба ҳамин сол ин деҳа муассисаи таълимӣ надошт, толибилмон бо хоҳиши худ ба се мактаб – МТМУ №1, мтму №20 ва МТМУ №35 мерафтанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 64-ро Бахтиёр Худоёров, зодаи ҳамин диёр, ҳоло раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, бо дастгирии сокинони деҳаи Саричашма бунёд кард. Мактаб дорои 640 ҷои нишаст буда, 64 нафар кормандонро фаро гирифтааст, аз ин 32 нафар омӯзгорон мебошанд.

Ба истифода додан и ду майдончаи варзишии маркази шаҳрак низ ба рӯзҳои сафари Сардори давлат рост омад. Бояд зикр кард, ки бо ифтитоҳи ин ду иншоот акнун шумораи майдончаҳои варзишӣ дар ноҳия ба 70 адад расид. Ҳамчунин 30 толори машқу тамрин фаъолият менамояд.

Тибқи «Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ оид ба амалигардонии Амри Президенти Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (9 сентябри с. 2021) дар ноҳия бунёди 352 иншооти таъминоти иҷтимоиву маишӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар зарфи як сол зиёдтар 130 адади онҳо мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Тавре мушоҳида мешавад адади 352 рақами интиҳоӣ нест. Соҳибкорони муваффақи ноҳия сохтмони иншооти гуногунро ба зимма гирифтанд. Дар назар аст, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолият иншооти баистифодадодашаванда ба 500 адад мерасад.

Ҷ.БАҲОРОВ, «НФ».