Вс01262020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЁДЕ АЗ СОЛИ РАФТА

Арафаи соли нави мелодӣ Набзи Файзобод андешаву хотироти ҷолиби хонанадагонашро перомуни соли рафта гирд овард, ки аз манфиат холӣ нест.

 

Ситорабону Тошева, иштирокчии даври ниҳойии озмуни «Фурӯҳи субҳи доноӣ», хонандаи синфи 11, МТМУ №1:

-Соле, ки сипарӣ мешавад дар ҳаёти ман аз худ пурсуруртарин ва фараҳбахштарин лаҳзаҳои умрро ба ёдгор гузошт. Зеро дар ин сол ман дар се даври аввали озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ» иштирок намудаву ба даври ниҳойӣ роҳхат гирифтам. Ҳарчанд дар даври ниҳойии ин озмун бо фарқияти андаки холҳо сазовори се ҷойи аввал нашуда бошам ҳам, аз ин рӯҳафтода нестам. Чунки то ба марҳалаи ниҳоӣ баромаданам он қадар ба дониши худ афзудаам, ки дар озмунҳои минбаъда албатта, ба муроди худ мерасам. Мувофиқи маълумоти толеъномаҳою пешгӯйиҳои одамон соли дар пеш буда, яъне соли Муш ҳам соли хуб аст. Хулоса, соли рафта дар ёди ман чун хоби фараҳбахше ҳамеша боқӣ мемонад.

Нарзулло Давлатов , сардори КВД «Лоиҳакаш»:

-Ҳар як соле, ки аз умри инсон мегузарад, чизе аз худ, хотиротеро дар ёдҳо нақш  мегузорад. Агарчи барор аст ё нобарорӣ, агарчи комёбӣ аст ё нокомӣ. Вале соли 2019, ки дар ҳоли гузаштан аст, барои ман аз худ хотироту таассуроти неку мондагор боқӣ гузошт. Зеро дар ин сол хотирмонтарин ҳодисоту воқеот дар ноҳияву кишварамон ба вуқӯъ пайваст. Гумон мекунам барои ман лаҳзаҳои ташрифи Президенти кишварамон ба ноҳия ва ҳама лаҳзаҳои вобаста ба он ташрифот таъсирбахшу мондагор буданд. Дигар аз воқеоти муҳиме, ки ба амал пайваст ин ба кор даромадани чархаи дуюми НБО-и РОғун аст. Некбинона ба оянда назар намуда, боварӣ дорам, ки соли 2020 ҳам дар ҳаёти ҳар яки мо нақши неки худро мегузорад. Соли нави мелодиро ба ҳар як сокини диёрамон муборакбод мегӯям.

Гулрӯ Бобохонова, омӯзгори забони русии МТМУ №1:

-Ҳамчун омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус соли 2019 дурахшонтарин ва ёдмонтарин сол дар ҳаёти ман буд. Дар ин сол ман дар қатори як гурӯҳ омӯзгорони пурқувват ва соҳибтаҷриба дар озмуни «Муаллими сол» иштирок намуда, соҳиби ҷойи аввал гардидам, ки ин орзуи деринаам буд. акнун ин муваффақият бори масъулиятро бар души ман дучандон зиёдтар менамояд. Орзу дорам, ки соли оянда ҳам соли расидан ба армонҳо, соли расидан ба мурод ва комёбиҳо барои ҳар як сокини диёри файзхези Файзобод бошад.

Моҳпарӣ Рафиева, омӯзгори Маркази эҷодии  кӯдакон ва наврасон:

-Соли рафтаи 2019 аз худ ёдҳо ва хотироти зиёдеро дар пай гузошт. Аз мушоҳидаи рӯзгори мардум, аз мушоҳидаи ободкориҳое, ки танҳо дар ҳудуди ноҳияамон сурат гирифта истодааст, хулоса кардан мумкин аст, ки соли 2019 дар ҳаёти мардумамон соли нек, соли пурфайзу соли пур аз пешравиҳо буд. Симои маркази ноҳияамон қариб ки ба куллӣ дигар гаштааст. Ҳамин гуна дигаргуниҳо, пешравиҳоро дар зиндагии шахсии ҳар сокини ноҳия мушоҳида кардан мумкин аст. Ба як сухан зиндагӣ, болоравӣ ва муваффақияту фатҳи қуллаҳо рӯ ба пеш аст. Дар ҳаёти ман ҳам хотирот ва лаҳзаҳои носутурдание аз соли гузашта боқӣ мондаанд. Муҳимтарин лаҳза он аст, ки пас аз дамгириҳои тӯлонӣ боз ба касби дӯстдоштаам, омӯзгорӣ оғоз кардам. Алҳол дар муассисаи Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон ҳунари гулдӯзиро ба шогирдон меомӯзонам. Шогирдон бо ишқу ҳаваси зиёд ба омӯзиши ин касб машғул мешаванд. Таманнои онро дорам, ки соли 2020 ҳам соли пурфайзу бобарор бошад.

Мирзо Камолов, раиси хоҷагии деҳқонии Шариф Гадо.

Соле, ки накуст аз баҳораш пайдост. Мусоидии боду ҳавои имсоларо дида гумон мекунам, ки соли дар пеш буда, соли пурфайзу бобарор хоҳад омад. Ман ки солҳост ба кишоварзӣ сару кор дорам, бо тахмин ҳам гуфта метавонам, ки бо хости Худо моро соли хубе дар пеш аст. Бо ин ҳама соли даргузари 2019 ҳам ба маънии пурраш дар ҳаёти кишоварзон соли хуб буд. Зеро ҳосили ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ мувофиқи нақша ва ҳатто болотар аз он иҷро гардиданд. Муҳимтарин лаҳзаҳои соли рафта ба андешаи ман ҳамон лаҳзаҳоест, ки Сарвари давлат аз натиҷаи заҳмати кишоварзони диёрамон изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Худо кунад, ки соли  дар пеш будаи 2020 ҳам соли рушду нумӯи кишоварзону ҳамаи соҳаҳои ҳаёт бошад. Соли навро барои ҳамдиёрон шодбош мегӯям.