Вс01262020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЛАБХАНД

- Азизам, дар соли нав бароят чӣ тӯҳфа кунам?

- Намедонам!

- Набошад, барои аниқ кардани тӯҳфа як соли дигар муҳлат медиҳам.

***

  Писарбача аз модараш мепурсад:

- Падари ман кист?

- Дед Мороз, - мегӯяд модар.

- Чӣ хел? – дар ҳайрат мемонад писарча.

- Шаб «Дед Мороз» омада туҳфа доду бо ҳамин ғайб зад.

***

Аҳмад аз Ҷӯра суол кард:

- Марди муҷаррад аз зандор чӣ фарқ дорад?

- Эй бефаҳм, муҷаррад тамоми корҳои хонаро худаш иҷро мекунад. Зандорро бошад, занаш маҷбур мекунад.

  

***

Дар арафаи Соли нав ду дугона дар тарабхона рози дил карданд. Якеаш пурсид: «Дугона, хушдоман аз террорист чӣ фарқ дорад?».

- Бо террорист забон як кардан мумкин, вале бо хушдоман не!

***

Зан аз хоби ноз аз фарёди шавҳараш бедор шуду бо табъи гирифта гуфт:

-Чӣ дод мезанӣ?

- Хоби даҳшатноке дидам, ки дар қиёмат ҳам бо ту хонадор шудам, -ҷавоб дод шавҳар.

***

- Азизам, чанд сол боз якҷоя зиндагӣ дорему боре ҳам ба ҷое тамошо нарафтем?

- Хафа нашав азизам, пагоҳ, ки хошокҳоро, ки партофтанӣ рафтам, албатта туро ҳамроҳ мебарам.

***

Ду сайёҳ барои шабро рӯз кардан ба меҳмонхона даромада пурсиданд:

- Барои шабро рӯз кардан дар ин хукхона чанд доллар мегиред?

- Барои як хук як доллар, барои ду хук се доллар басанда аст, - гуфт навбатдор.

***

- Духтарҷон, куртаи сиёҳатро ҳамроҳ гирифтӣ?

- Гирифтам.

- Тайёрӣ ҳама вақт хуб аст, зеро шавҳарам оббозӣ крада наметавонад.

Гирдоваранда Т.Соҳибназаров