Вт10232018

Last updateПн, 22 Окт 2018 9am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ҲИММАТИ КИТОБДОРИ СОБИҚ

Дар деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти Мискинобод иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадори меҳнат Зоир Тоҳировро ҳамчун марди бофарҳанг мешиносанду ҳурматашро ба ҷо меоранд. 

Зоир Тоҳиров собиқадори соҳаи фарҳанг буда,беш аз 30 сол   мудирии китобхонаи деҳаи Заркамарро ба уҳда дошту ҳамдеҳагонашро  ба хондани китобу маърифати баланди рафтору гуфтор раҳнамоӣ мекард.

Дар арафаи рӯзи байналмилалии китоб ӯ тасмим гирифт, ки мағозаи дуошёнаи сохтаашро   ба тавозуни бахши фарҳанг гузаронад, то ҳамдеҳагон онро  ҳамчун китобхона истифода баранд.

Бинои китобхонаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум фонди захиравии китоб нигоҳ дошта шуда, дар ошёнаи дуюм толори хониш ҷой гирифтааст.

Дар рӯзи кушодашавии китобхона раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ иштирок намуда, ба ҳиммати баланди собиқадори соҳаи фарҳанг, иштирокчии ҶБВ баҳои баланд дод ва ӯро бо Ифтихорномаи раиси ноҳия ва туҳфа қадрдонӣ намуд.

Китобхона айни ҳол дорои 3500 нусха китобҳои нодир буда, аз он дӯстдорони китоб аз деҳаҳои Заркамар ва Мискинобод истифода мебаранд.

РУШДИ ТАРБИЯ ВА МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

Инсон бо табиат зинда аст, зеро он манбаи ҳаёт дар кӯраи Замин буда, асоси инкишофи ҷомеаро ташкил мекунад, инчунин сарчашмаи асосии қонеъ гардонидани талаботи моддию  маънавӣ ба ҳисоб меравад.

Аҷдодони мо ҳамбастагии обу ҳаво, набототу  ҳайвонот, олами моддӣ ва маънавиро аз масоили экологии куҳан медонистанд. Ин далели он аст, ки инсоният дар марҳалаи фаъолияти ҳамешагиаш ба масъалаҳои экологӣ бармехӯрад. Азбаски инсон шакли олии таҷассуми табиат аст ва берун аз он зист надорад, бинобар ин масъалаи экологӣ  яке аз қисмҳои ҷудонашавандаи ҳастии ӯст.

Ҳадафи тарбия ва маърифати экологӣ аз он ибрат аст, ки хонандаро ба ҳаллу фасли масъалаҳои гуногуни экологӣ ҷалб намуда, дар ниҳоди ӯ муносибат бо наботот, ҳайвонот, об, хок, ҳаво ва ғайраро ташаккул диҳад, то ки наслҳои оянда муҳити зист ва манзараҳову мавҷудоти онро ҳифз намоянд.

Бояд гуфт, ки масъалаи мушкилоти экологии ҳозиразамон дар китоби дарсии биология зикр наёфтааст. Бинобар ин ба омӯзгор лозим меояд, ки аз адабиётҳои ғайридарсии зарурӣ истифода карда, ба хонандагон моҳияти ин масъаларо фаҳмонад. Аввалан омӯзгор бояд таълими ин мавзӯъро аз баёни ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои он оғоз намояд. Барои он ки табиатро дӯст дорем, сараввал бояд қонунҳои инкишофи онро омӯзем. Ҳаёти имрӯза талаб менамояд, ки роҳҳои ҳалли мушкилоти экологии бамиёномада ҷустуҷӯ ва пайдо карда шавад ва ҳар фарди ҷомеа бояд оид ба ин масъала бетараф набуда, дар ҳаллу бартараф намудани ин мушкилиҳо саҳми худро гузорад. Ин аст, ки яке аз вазифаҳои илми экология омӯхтани қонунҳои мутақобилаи табиату ҷомеа мебошад.

Ҳоло табиат дар ҳолате қарор дорад, ки агар ба таври қатъӣ ба экология рӯ  наорему барои ба эътидол овардани он кӯшиш ба харҷ надиҳем, рӯз аз рӯз  ногузир ба фалокат наздик хоҳем шуд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо ҳодисаҳои обхезӣ ва тундбодҳое  мебошад, ки дар минтақаҳои гуногуни сайёраи Замин рух медиҳанд.

Дар семинарҳои доимамалкунандаи омӯзгорони фанни биология ва экология мавзӯъҳо оид ба баланд бардоштани маърифати экологӣ муҳокима гардида, рефератҳо тайёр карда шудаанд.

Ҳамасола дар арафаи иди Наврӯзи байналмилалӣ озмуни расмҳои беҳтарин бахшида ба беҳдошти муҳити зист ва экология гузаронида мешавад.

Ҳамчунин барои тарбияи  мутахассисони соҳа ҳамасола   хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ барои таҳсил ба факултаҳои экологии Донишгоҳ ва Донишкадаҳо фиристонида мешаванд.

Айни замон дар ин факултаҳо 9 нафар шогирдони  муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсили илм доранд.

Барои  баланд бардоштани маърифати экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои томактабӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногун ба нақша гирифта амалӣ шуда истодаанд.

ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ

Аслан, афрӯхтани шуълаи ифтихори миллӣ, парвариши эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои неки инсонӣ аз синни кӯдакӣ дар оила ва таҳсил дар муассиса оғоз меёбад.

“Ифтихор” – ба маънои фахр кардан, яъне ба муқаддасоте эҳтиром гузоштан,  қадри  ӯро  нисбат аз  ҳама баланд бардоштан ва дар бораи он аз қалби пурмуҳаббату самимият изҳори садоқат доштан аст.

Дар бораи қадру қимати Ватан ниёгони мо ҳикматҳои зиёде гуфтаанд, ки айёми сангин ва рӯзгори вазнин дар тӯли таърих аҷдодони сарбаландамонро аз умеди соҳибватанию ватандорӣ ҷудо карда натавонист.

Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,

Номи худро сархати девони миллат мекунад

Бояд гуфт, ки  барои ба хизмат тайёр намудани насли наврас ва дар руҳияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ  тарбия намудани онҳо саҳми муассисаҳои таҳсилоти умумӣ хеле калон аст. Дар ин самт баробари омӯзгорони фанни  омодагии ибтидоии ҳарбӣ падару  модарон  ҳам бояд саҳмгузор бошанд.

Барои бедор намудани ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, ифтихору ҳуввият ва худогоҳию худшиносии миллӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси ҷавонон, бахусус хонандагони муассисаҳои таълимӣ мо ба таври доимӣ озмуни “Ифтихори ватандорӣ” – ро доир менамоем. Озмуни мазкур  дар  тарбияи  шогирдон  нақши  калон дорад.

АСАДУЛЛО – НОМЗАДИ ИЛМ

Арафаи иди омӯзгорон аз шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон хушхабар расид. Шогирди муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 22-и ноҳия Асадудулло Наҷмиддинов дар  Институти  технологияи иттилоотӣ ва автоматикунонии Академияи миллии  Ҷумҳурии Қирғизистон ва  Донишгоҳи русӣ-қирғизии  ба номи Б.Н.Елтсини ҷумҳурии мазкур рисолии илмии худро бо муваффақият дифоъ намуда,сазовори унвонии илмии номзади илми  физика-математика гардид. Асадулло хатмкардаи  факултаи физикаи ДМТ буда, чандин сол дар ин  махзани илм ба тарбияи  шогирдон машғул буд. Айни  ҳол устоди  Донишкадаи  молия ва иқтисоди ҷумҳурист. Боиси ифтихор аст, ки дар Соли ҷавонон  сафи олимони ҷавони файзободӣ боз як нафар зиёд гардид.

ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШОГИРДОН

Тарбияи ҳуқуқии шогирдон  дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо назардошти таълимдиҳии фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ, ҳуқуқи инсон мавриди амал қарор дорад. Аз тарафи директорони муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба масъалаи мазкур нақша – чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати амалии ин раванд корҳои омӯзишӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ миёни  хонандагон бо иштироки ШВКД,  прокуратура ва кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳии судманд гузаронида мешавад. Ҳар семоҳа рейдҳои муштарак таҳти унвони “Мактаб, талаба, ва таҳсил“ доир мегардад. Ҳамчунин оид ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ    сӯҳбату конференсияҳо таҳти унвони “Қонун кафолати осоиши ҷомеа” ва “Конститутсия – шоҳсутуни  давлати соҳибистиқлол” ба таври доимӣ сурат мегирад.

Айни ҳол дар якҷоягӣ бо бахши фарҳанги ноҳия миёни шогирдони   муассисаҳои таълимӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  озмуни иншои беҳтарин бо номи  “Парчамат бодо парафшон, Тоҷикистони азиз” ва маҳфили мубоҳисавӣ дар мавзӯи  “Ҳуқуқдонҳои ҷавон” идома дошта, иншоҳои беҳтарин  аз тарафи шуъбаи маориф бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

�и солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро меандешанд.

СТАНДАРТ ПО РУССКОМУ ЯЗЫКУ

Сфера образования признана Президентом и Правительством Республики Таджикистан одним превалирующих направлений в области развития страны, и в этом направлении ежегодно принимаются различные меры, направленные на совершенствование этой области социальной жизни: строятся новые школы, создаются образовательные учреждения нового типа, развивается законодательная основа образования, особое внимание уделяется качеству образования, совершенствуется содержание и процесс обучения. Составление стандарта школьного образования  и новых учебных программ – следующий шаг, который признан повысить уровень и качество среднего общего оброзования и, соответственно, позитивно повлиять на эффективность всей системы образования.

В реализации государственной политики в сфере образования учитель играет ключевую роль. Эта мысль нашла отражение в ежегодном обращении Президента Республики Таджикистан к интеллигенции страны (2016) было сказано: ”...ключом всех достижений и успехов на пути к независимости является мысль учителя, его вклад в развитии научной и самостоятельной мысли. Эффективная организация учебно – воспитательной работы учителей позволит повысить  уровень мышления, знания и мировоззрения учащихся в соответствии с современными требованиями”. Для нас, сотрудников  сферы образования и учителей, эти слова являются главным руководством к действию.

Министерство образования и науки Республики Таджикистан с целью повышения качества и результативности образования составило предметные стандарты. Стандарт русского языка для начальных классов входит в их число.

Русский язык как учебный предмет в общеобразовательных учреждениях с таджикским языком обучения вводится со второго класса . Русский язык в начальных  классах обеспечивает готовность учащихся к коммуникации в повседневной жизни, речевому взаимодействию на неродном (русском) языке, развивает творческие способности обучаемых, их мышление, память, воображение, формирует навыки самостоятельной деятельности.

В процессе обучения русскому языку решаются не только задачи практического владения языком, но и воспитательные и общеобразовательные, поскольку они самым тесным образом связаны с практическим владением языком.

Так учителя русского языка  образовательных учреждений   Файзабадского района в начальных классах постепенно перешли на систему обучения компетентности учащихся. Основной целью наших учителей начальных классов является формирование и развитие элементарной коммуникативной компетенции младшего школьника на доступном для него уровне в основных видах речевой деятельности: аудирования, говорении, чтении и письме.

Для внедрения стандарта и новой программы по русскому языку учитель должен обладать следующими знаниями, умениями и навыками:

-      Знать теорию и принципы формирования учебных компетенций, а также уметь объяснять аспекты практического внедрения в процесс обучения.

-      Знать способы планирования и оценивания компетентности учащихся и использовать их в процессе преподавания.

-      Уметь выбирать соответствующий метод обучения, способствующий формированию компетентности учащегося.

-      Уметь использовать методы и средства формирующего оценивания для определения уровня усвоения компетенций.

-      Уметь использовать результаты формирующего оценивания с целью принятия соответсвующего решения.

-      Знать и использовать в процессе обучения эффективные средства, позволяющие успешно формировать компетентность учащихся.

“ҲАМНИШИНЕ БЕҲ АЗ КИТОБ МАХОҲ”

Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» таҳти унвони «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», ки  аз 25 май то 5 октябри соли 2017 давом мекунад, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 баргузор гардид.

Дар давраи дуюми озмун намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1,6,20,21,45 ва 46 иштирок карданд.

Озмунро директори  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 Абулқосим Бобохонов кушода, қайд кард, ки мақсади гузаронидани озмун ин ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиаи китоб, эҳёи суннатҳои китобдӯстӣ, бедор намудани майлу рағбат ба эҷодиёт, тарбияи насли наврас дар заминаи арзишҳои миллию умумибашарӣ, дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, зебоипарастиву  меҳнатдӯстӣ ва пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуб дар миёни ҷавонону наврасон мебошад.

Ҳайати ҳакамони озмун Озар Орифи Баҳром - намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гадобек Маҳмудов- муовини директори китобхонаи миллии Тоҷикистон, Ҳусейн Сафарзода-директори китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар хонандагонро барои ширкат карданашон дар озмуни ҷумҳуриявии «Библиомарафон» табрик намуда, шартҳои озмунро пешкаши довталабон карданд.

Хонандаи синфи 10 аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 Ситорабону Тешаева  ва хонандагони синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 Раҳимзода Шаҳриёр ва Бибигул Сафарзода ғолиби озмун дониста шуда ба даври сеюми озмун, ки рӯзҳои  3-4 октябри соли 2017 дар толори муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар» доир мегардад, роҳхат гирифтанд.

ИХТИСОСҲОИ ОМӮЗГОРИРО ТАКМИЛ МЕДИҲЕМ

Баланд бардоштани донишу малакаи ихтисосҳои омӯзгорӣ бо ташаббуси кабинети методӣ ва роҳбарии бевоситаи маъмурияти муассисаҳои таълимӣ амалӣ карда мешавад.

Баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорон аз он ҷиҳат зарур аст, ки фан ва технология бо суръат дар ҳоли тараққӣ буда, дар илми педагогика ва мактабшиносӣ низ навигариҳо дохил шуда истодаанд. Ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ бо чунин роҳҳо - дохилимуассисавӣ, ноҳиявӣ, ҷумҳуриявӣ баланд бардошта мешавад.

Баҳри баланд бардоштани дараҷаи ихтисоси омӯзгорон ва сифати баргузории  корҳои таълимиву тарбиявӣ дар  муассисаҳо ташкил намудани  семинару машваратҳои ноҳиявӣ ва иттиҳодияи методӣ зарурият дорад.   Аз ин рӯ, директорони муассисаҳои таълимӣ вазифадоранд, ки нақшаи дурнамои аз курсҳо гузаштан ва семинарҳои баланд бардоштани ихтисоси кадрҳои омӯзгориро ба муддати 5 сол тартиб диҳанд.

Донишҷӯёни ғоибхоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ  дарс медиҳанд,  баъди 5 сол ба курси такмили ихтисос фиристода хоҳанд шуд. Омӯзгороне, ки аз 2 фан дарс медиҳанд, аз ҳисоби ҳар як фан алоҳида дар муддати 5 сол ба курси такмили ихтисос ҷалб карда мешаванд. Директорони муассисаҳои таълимӣ курсҳои такмили ихтисосро ҳам аз рӯи вазифа ва ҳам аз рӯи ихтисос мегузаранд. Онҳо инчунин ба корҳои худомӯзии омӯзгорон ва иштирокашон ба машғулиятҳои иттиҳодияҳои методӣ назорат мекунанд.

Баъди аз курс баргаштани омӯзгорон, директори муассиса бояд дар назди омӯзгорони фаннӣ баромади онҳоро  ташкил кунад. Роҳбари иттиҳодияи методӣ бошад, ба ин омӯзгор супориши баъдикурсӣ (ба муддати 5 сол) медиҳад. Омӯзгор онро ба нақшаи худомӯзии худ дохил мекунад. Кабинети методӣ бо ДҶТИБКСМ, мактабҳои олӣ алоқаи мустаҳкам барқарор карда, ба воситаи онҳо ба роҳбарони муассисаҳо ва омӯзгорон ахборотҳои илмӣ медиҳад ва бо ҳамин роҳ корҳои методиро ҷоннок  менамояд. Инчунин шароити омӯхтан, ҷамъбаст ва дар ҳаёт татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами муассисаҳо ва таъсири омӯзгорони таҷрибанокро ба ҳамаи омӯзгорони муассисаҳои ноҳия таъмин менамояд.

Барои баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорони ноҳия  давоми соли равон  беш аз 154 нафар омӯзгорон,  директорон, муовинони директор оид ба корҳои таълиму тарбия, роҳбарони иттиҳодияҳои методии фанҳои таълимӣ, мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ, сармуҳосибони МТУ, мураббияҳои марказҳои инкишофи кӯдакон, сарварони созмони хонандагон, китобдорон, мутахассисон ва мушовирони шуъбаи маориф, роҳбарони иттиҳодияи методии роҳбарони синфҳо аз курсҳои баландбардории ихтисос ва бозомӯзӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.  Ҷиҳати сарфаи вақти омӯзгорон ва маблағҳои буҷа дар маркази ноҳия барои 478 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, забони модарӣ, математика ва технология курсу семинарҳои омӯзишӣ оид ба Низоми таълими салоҳиятнокӣ баргузор карда шуд.

Ҳамаи ин чорабиниҳо баҳри баланд бардоштани савияи донишу малакаи кадрҳои омӯзгорӣ равона карда шудааст, ки дар самти тарбияи  шогирдони  сазовори давру замон саҳми  намоён  мегузорад. 

ШУКРИ ОБОДИИ ДИЁР

Умри инсон мисли оби равон аст. Дар ҷамъият инсонҳое мавҷуданд, ки умри хешро беҳуда намегузаронанд. Маҳз андешаи онро менамоянд, ки умрро пурсамар мебояд гузаронид. Аз зумраи яке аз ин нафарон Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Давронов Ҷӯра мебошад, ки 46 соли ҳаёти хешро сарфи донишандӯзии толибилмон намудааст, ки шоёни эҳтирому ифтихори ҳамдеҳагон, ҳамкасбон ва шогирдон гаштааст. Маҳз ҳамин буд, ки хостем бо ӯ ҳамсуҳбат шавем. Моро хуш қабул намуд. Дар ҳар як суханаш бардошт аз ҳуввияти миллӣ ва ифтихор аз меҳан эҳсос мегардид:

Бе заҳмату кор нон намебояд хӯрд,

Як луқма ба ройгон намебояд хӯрд. 

Ноне, ки бувад ҳосили ранҷи дигарон,

Гар ҷон бувад, аз он намебояд хӯрд.

- Солҳои нооромии кишвар ҳаргиз аз ёдам намеравад. Падарам иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буд. Бо ҷароҳати вазнин ба хона баргашта буд. Ба вазъи ноустувори замон нигоҳ накарда пайи донишомӯзӣ ва кӯмак ба аҳли хонавода талош мекардам, -мегӯяд, Ҷӯра Давронов. Маҳз ҳамин буд, ки сухани устод Садриддин Айнӣ: “Дар чӣ гуна душворӣ бошед ҳам хон! Лекин қозӣ нашав, раис нашав, имом нашав! Агар мударрис шавӣ, майлаш!”-ро шиори худ дониста соли 1966 ба Донишгоҳи омӯзгорӣ, ба факултети МНО-таълими синфҳои ибтидоӣ дохил шуда, донишгоҳро бомуваффақият хатм намуда, ба фаъолияти корӣ пардохт.

Ёдовар аз он бояд шуд, ки Ҷӯра Давронов аввалин донишҷӯйи шуъбаи рӯзонаи Донишкадаи омӯзгорӣ аз деҳаи Дашти марзо маҳсуб меёбад. То ба имрӯз ҳазорон нафар шогирдонро таълиму тарбия дода соҳибиззати мардуми ноҳияи Файзобод гардидааст. Яке аз оилаҳои фаъоли деҳа маҳсуб ёфта, соҳиби 7 фарзанд, ки онҳо дар бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоии ноҳия фаъолият намуда истодаанд, мебошад. Ҳамеша сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, шукронаи онро менамояд, ки дар замони соҳибистиқлолии кишвар умр ба сар бурда истодааст. Ӯ яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти амнияти озуқаворӣ ҳадафи хеш қарор дода, дар майдони 6 гектар боғ бунёд намуд, ки аз таҷрибаи ӯ дигар хоҷагидорони маҳаллӣ пайваста истифода менамоянд.Воқеан ҳам устод басо шахси ҳалиму меҳрубон аст. Ёрии хешро дар кадом самте, ки набошад, дареғ надошта мерасонад.

Соли 2015 миёни 90 хоҷагидори беҳтарини Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт маҳз боғи устод Ҷӯра Давронов аз ҷониби намояндагони Вазорати кишоварзии кишвар баҳои баланд гирифта, сазовори ҷойи аввал гардида, бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод сарфароз гардонида шуд. То ба имрӯз ӯ вазифаҳои гуногуни ҷамъиятиро адо намуда истодааст. Соли 1995 раиси иттифоқи касаба ва соли 2015 раиси хоҷагидорони деҳаи Дашти марзо интихобаш намуданд, ки то ҳол ҳамроҳи аъзоёни хоҷагии деҳқонӣ кору фаъолият намуда истодааст.

Подкатегории