Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

МУАССИСАҲОИ НАВИ ТАЪЛИМӢ БУНЁД МЕШАВАНД

 Рушди соҳаи маориф  яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати иҷтимоии давлатамон ба ҳисоб рафта, барои боло бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегарданд. Пешравиҳои муассисаҳои таълимӣ ва фароҳам овардани ҳамаи ин инкониятҳо шаҳодати таваҷҷуҳи бевосита ва доимии Ҳукумати кишвар ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад. Бо ин мақсад шуъбаи маорифи ноҳия дар тӯли шаш моҳи соли 2018 фаъолияти худро дар асоси нақшаи муайян ва муназзами корӣ, дастуру супоришҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда, ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии ин соҳаро ба роҳбарӣ гирифта баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас тамоми чораҳоро дида корҳои заруриро ба анҷом расонидаанд.

Дар ин давра ҳамаи 60 муассисаи таҳсилоти умумӣ, (43 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ), МЭКН ва 4 ширхоргоҳ- кӯдакистони ноҳия аз рӯйи нақша ва барномаҳои таълимӣ мунтазам фаъолият менамоянд. Муҳимтар аз ҳама бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва аз ҳисоби фонди «Саховатмандони диёр» бо ҷалби дигар соҳибкорони маҳаллӣ дар деҳаи Навобод муассисаи таълимӣ барои 200 ҷойи нишаст, дар деҳаи Меҳробод барои 100 ҷойи нишаст, дар деҳаи Бобои Валӣ барои 150 ҷойи нишаст дар арафаи  рӯзи   Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегиранд.

Дар деҳаи Элоки Ҷамоати деҳоти Қалъаи дашт бошад аз ҳисоби ширкати ТВЕА-и кишвари Чин бо маблағи беш аз ҳаждаҳ миллион сомонӣ барои 1200 ҷойи нишаст бинои наву замонавии муассисаи таълимӣ сохта хоҳад шуд.

Ҳамин равиш идома ёфта, дар заминаи мактаби рақами 6-и  деҳаи Файзобод ва дар заминаи мактаби рақами 26, деҳаи Заркамар панҷ синфхонаи иловагӣ сохта   мешавад. Ҳамчунин корҳои сохтмонии чор синфхона дар деҳаи Қаллошӣ ва шаш синфхона дар деҳаи Сари чашма оғоз гардида дар доираи омодагиҳо ба  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди муассисаҳои томактабӣ ва фарогирии шумораи бештари кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ» биноҳои куҳнаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи рақамҳои 2 ва  3 аз таъмир бароварда  шуда,  ба муассисаҳои томактабӣ табдил дода шуданд.

Ҳамаи ин гувоҳ бар он аст, ки аҳли маорифчигии ноҳияи мо баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни пуршукӯҳи 30 - солагии Истиқлолиятии давлатии кишвари азизамон аз тамоми воситаву имкониятҳои  доштаашон  самаранок  истифода менамоянд, то ин ки шукӯҳу шаҳомати  ин ҷашни  ба дилҳо наздик боз ҳам муҷаллотар гардад.

                                                                          Ҳ. БУЗУРГЗОДА.