Пн09242018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ПЕШРАФТИ МАОРИФ АЗ МО ВОБАСТА АСТ

Аз рӯзҳои аввали ба даст омадани истиқлолияти давлатӣ, пойдор гардидани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рушди маориф, ғамхорӣ нисбати омӯзгорон дар маркази диққати давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, ин соҳа яке аз соҳаҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат эълон гардид.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, алалхусус раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ муҳтарам Раҷабзода Миралӣ баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба рушди соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Бо мақсади ҳал намудани мушкилоти ҷойи нишаст дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ дар ноҳия дар назди 35 муассисаи таълимӣ барои 5588 ҷойи нишаст муассисаҳои таълимии нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба маблағи 30 млн. 280 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода шуд.

Омӯзгорони   ноҳия кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, вобаста ба таълиму тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, бо донишҳои муосир мусаллаҳ намудани онҳо, роҳ надодан ба гаравидани ҷавонон ба ташкилоту ҷараёнҳои тундрав ва ифротӣ, пешгирии тарғиби фарҳанги бегона ва бегонапарастӣ ҳиссагузор бошанд.

Дар ноҳия 60 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, 5 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 43 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 21461 нафар хонандагон, аз ҷумла, 10466 духтарон  ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Ба таълиму тарбияи хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 1389 нафар (аз ҷумла, 626 зан ё 45%) омӯзгорон машғуланд, ки дараҷаи таҳсилоти онҳо чунин аст: бо таҳсилоти олӣ – 953 нафар (аз ҷумла, 321 зан – 34%), бо таҳсилоти олии нопурра ва миёнаи касбӣ 218 нафар (аз ҷумла, 168 зан – 77%).

Дастовардҳои хонандагони ноҳия дар озмуну олимипиадаҳои ҷумҳуриявӣ сол то сол афзунтар мегардад. Чунончӣ,  дар олимпидаи минтақавӣ, ки дар Мактаби президентии ноҳияи Ҳисор баргузор гардид, хонандагони  ноҳия бо сари баланд ва гирифтани –медали тилло, - нуқра ва – биринҷӣ ва дигар туҳфаву инъомҳои вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ноҳия баргаштанд.

Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба ҷавонони соҳибилму қавиирода ниёз дорад. Зеро танҳо ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд кафолати ободиву озодии фардои ҷомеа бошанд.

Бо дарназардошти мақсадҳои мазкур ва моҳияти иҷтимоӣ доштани дастгирии ҷавонони лаёқатманд Фармони  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси стипендияи президентӣ ба имзо расид. Ҷиҳати амалишавии ин фармон аз тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия 35 нафар хонандагони болаёқат дар озмуни стипендияи президентӣ иштирок карда, 6 нафар ба ин ифтихор ноил гардиданд.

Иҷрои Барномаи компюторкунонии муассисаҳои таълимии ноҳия хуб ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо 737 адад компютер таъмин карда шудаанд, ки ба 11 хонанда як компютер рост меояд. Иҷрои барномаи   давлатӣ 100% - ро ташкил дода, дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 48 адад синфхонаи компютерӣ ва 12 адад кабинети технологияи иттилоотӣ ташкил карда шуда, ба хонандагон  57 нафар омӯзгор аз фанни технологияи иттилоотӣ дарс медиҳанд. Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дорои 205 адад принтер мебошанд.

Яке аз ҳадафҳои афзалиятноки дар Стратегияи Рушди миллии Тоҷикистон дарҷгардида (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2007, №166), ин  “Дастрасӣ ба таҳсилот” мебошад.

Бо мақсади иҷрои ин ҳадаф бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия табдили муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ идома дошта, то имрӯз муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии рақамҳои 26, 36, 42, 44 ва 58 ба муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумии асосии рақамҳои 30, 47 ва 50 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

Соли сеюм  аст, ки дар ноҳияи Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи ДДОТ ба номи Садриддин Айни фаъолият дошта,  дар он беш аз 280 нафар шогирдон таҳсил доранд. Инчунин, 87 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ барои гирифтани таҳсилоти омӯзгорӣ ба шуъбаҳои ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории Рашт ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил гардиданд. 

Ҳамчунин аз ҳисоби омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, миёнаи умумӣ ва хатмкардагони солҳои пешин 27 нафар ба шуъбаи ғоибонаи Донишкадаи омӯзгории Рашт  ва 35 нафар ба ДДОТ ба номи С. Айнӣ дохил шуданд. Ин иқдом имсол низ идома хоҳад ёфт.

Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия 43 майдончаи волейбол, 28 майдончаи баскетбол, 40 майдончаи футбол ва 17 толори варзишӣ мавҷуд буда, дар давоми 2 – 3 соли охир дар назди муассисаҳои таълимии №9 ва №33 толорҳои варзишии ба талаботи замон ҷавобгӯ сохта ба истифода дода шуд.

Дар ноҳия айни замон марказҳои таҳсилоти иловагӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият менамоянд. Дар Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия аз 12 нафар корманд  5 нафарашон   “Аълочии маорифи Тоҷикистон” мебошанд. Дар ин Марказ  дар 10 гурӯҳ 127 нафар хонандагони боистеъдоди муассисаҳои таълимии ноҳия ба таълиму тарбия  фаро гирифта шудаанд.

Бояд гуфт, ки иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаи омӯзгорӣ барои солҳои 2011 – 2016» дар  ноҳия пурра  ҳалли худро ёфтааст.

Мувофиқи тақсимоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таҳсили 2017 – 2018 ба ноҳия 34 нафар мутахассиси ҷавон ба кор омаданд, ки ҳамаи онҳо бо ҷойи кор таъмин гардиданд.

Ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз «3» майи соли 2006, №197 дар се соли охир бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба 17 нафар омӯзгорони ҷавон қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ба 20 нафар замини барои полезкорӣ ва ба 10 нафар омӯзгорон қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.

Бояд иқрор шуд, ки дар таълимдиҳии фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус ва забонҳои хориҷӣ баъзе камбудиҳо ҷой доранд. Мавҷуд набудани кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз, ба низом надаромадани  «Рӯзи забони русӣ», «Рӯзи забони англисӣ», бо адабиётҳои зарурӣ таъмин набудани китобхонаҳо дар як қисми муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи ин камбудиҳо мебошанд.

Доир ба фанҳои дақиқ кабинетҳои муҷаҳҳази фаннӣ дар аксарияти муассисаҳо мавҷуд набуда, корҳои амалӣ ба таври намоишдиҳӣ гузаронида мешаванд. Маркази навтаъсиси дарёфт ва рушди истеъдодҳо мувофиқи мақсад ва талаботи рӯз фаъолият надорад.

Камбудии дигари соҳаи маорифи ноҳия дар он аст, ки то имрӯз дар ноҳия муассисаҳои таълимии типи нав аз қабили литсей ва гимназия таъсис дода нашудааст.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ ҶДММ “Шоҳком”, ҶДММ “Хизмат”, ҶДММ “Файз – 2002” ва ҶДММ “Анориён” созишнома баста шуд, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бо либосҳои ягонаи истеҳсоли ватанӣ пурра таъмин карда шаванд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қайд карданд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”. Супоришҳо ниҳоят саривақтӣ буда, ҳар нуктаи он ба беҳбудии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишварамон нигаронида шудааст.

Файзулло НАҶМИДДИНОВ,

мудири шуъбаи маорифи ноҳия.