Пт02212020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

НИҲОЛПАРВАРӢ ВА УСУЛҲОИ ОН

НАВНИҲОЛИ ХУШСИФАТ - АСОСИ БОҒПАРВАРӢ

Боғдорӣ яке аз соҳаҳои кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, он ба соҳаи даромаднок ва самарабахш дар  ҷомеаи имрӯза табдил ёфтааст ва барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мавқеи хос дорад.

Рушди ин соҳаро бе ривоҷи соҳаи  ниҳолпарварӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст, чунки солимӣ, дарозумрӣ маҳсулонокӣ   ва аз ҷиҳати иқтисодӣ самаранокии боғи оянда аз сифати навниҳолҳо вобастагии калон дорад.

Подробнее...

ХАСТА НАБОШАД ШАРИФ ИБРОҲИМОВ

Агар гӯем, ки мушкилтарин касб муаллимӣ, ҳалолтарин луқма луқмаи муаллим, пайдо шавад касе, ки ин гуфтаро инкор кунад, таълимнагирифтааш мехонем.

Муссалам аст, ки омӯзгори аввалин падару модар аст. Вале вақте кас пой  ба остонаи мактаб мениҳад, масъулияти падару модар аз ин бобат сабуктар мегардад. Падару модарон бештар ба омӯзгор  такя мекунанд. Ҳамон омӯзгоре ба боварию эҳтироми падару модар сазовор мешавад, ки дар таълиму тарбия донишу маҳораташро софдилона сарф намояд, барои такмили касби худ заҳмат кашад, худро омӯзгори воқеӣ ҳисобад, аз вазнинии бори масъулияти касбӣ натарсад.

Подробнее...

МАШВАРАТ МУАЙЯНКУНАНДАИ САМТИ КОР АСТ

Машварати августӣ шакли самараноки омӯзиш, ҷамъбаст ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадам, тарғиби дастовардҳои илмӣ – педагогӣ, эҷодкорӣ, истифодаи технологияи муосир  дар раванди таълим, вобаста ба шинос намудани омӯзгорон ба тағйиру иловаҳои нақшаву барномаҳои таълимӣ, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, дастурҳои таълимию методии таҳиянамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ мемонад.

Подробнее...

РИСОЛАЕ ДАР ЭҲТИРОМИ ҚАЛАМ

Мардуми Файзобод, хосса онҳое, ки бо фарҳангу маънавиёт, - қабл аз ҳама омӯзгорон дар назар аст, - сару кору мегиранд, бояд ифтихор  кунанд, ки дар олами маънию эҷод, илму фанни кишвар фарзандони диёр, дастпарварони муассисаҳои таълимии маҳал бо афкори тозаи хеш мавқею мақом доранд: соҳиби унвонҳои илмию ифтихории доктору профессор буда, асарҳои пурарзиш таълиф намудаанд, бар замми ин шогирдони бешумор доранд. Чанд нафар, аз ҷумла Зиёзода Таваралӣ, Урватулло Тоиров, Раҳмон Пиров барои мактабҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудаанд. Сироҷиддин Раҷабов, Муродалӣ Сангов, Иззатулло Маҳмудов барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ - аввалӣ дар риштаи кимиё, дувумӣ дар риштаи илмҳои техникӣ, савумӣ дар бахши ҳуқуқ – ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардиданд.

Подробнее...

БА СОЛИ ХОНИШ БО ТАБЪИ ХУШ

Истироҳатгоҳи “Дурахшон” дар мавзеи хушбоду ҳавои диёр, деҳаи Дурахшон, ки имсол бо ин ном номгузорӣ гардид, ҷойгир буда, ҳамасола 250-260 нафар толибилмони мактабҳои ноҳия ва навоҳии гирду атрофи он, вилоятҳои Суғду Хатлон, Бадахшон ин ҷо истироҳат намуда бо табъи хушу рӯҳи болида ба соли нави хониш омода мешаванд. Боиси қайд аст, ки истироҳотгоҳи мазкур миёни беҳтарин истироҳатгоҳҳои мактабиёни кишвар  қарор дорад.

Подробнее...

УСТОДИ СУХАНШИНОС

Дар ҷомеа, махсусан дар кори пуршарафи омӯзгорӣ меҳнат намудану миёни шогирдон ва аҳли ҷамеа обрӯю эътибори калон пайдо кардан ба ҳар кас муяссар намешавад. Ин кор дониш, рағбату дилбастагӣ ба касб, серталабӣ нисбат ба худ, хушмуомилагӣ, хоксорию пухтакорӣ доштанро талаб мекунад. Омӯзгори хирадманд ва оқилу доно офтоби зиндагиро мемонад, офтобе, ки бо нуру зиёи хеш олами хуфтаро равшан месозад ва ба кулли мавҷудот қувват, тавоноӣ, файзу баракатро ато мекунад.  Ҳамаи ин хислатҳои наҷиби инсониро дар шахсияти инсони закию нуқтасанҷ, омӯзгори соҳибтаҷрибаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 11 ва устоди Маркази хонандагони болаёқати ноҳия   Пирмаҳмад Холов, ки қариб 40 соли ҳаёти пурсамари худро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудааст, нисбат додан арзанда аст. П.Холов хатмкардаи факултети филологияи тоҷики Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) мебошад. Сабақи устодони нотакрору донишмандони тоҷик – Соҳиб Табаров, Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳиҷон Асрорӣ ва дигаронро гирифтаю дар мазраи қалбаш тухми ин сабақҳоро коштааст.

Подробнее...

ИСТИРОҲАТ ДАР ЛАГЕРҲОИ МАКТАБӢ

Давраи истироҳатии мактабиёни ноҳия идома дорад.   Барои тобистони хушу хуррами  мактабиёни ноҳия майдончаҳои солимгардонии назди  мактабӣ  низ  омода будаву бачаҳо истирҳати хуш доранд..

Подробнее...

РУШДИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

Рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон дар маркази диққати ҳамешагии давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳимияти дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгорро таъкид намуда, қайд карда буданд: “Бори дигар таъкид менамоям, ки ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд”.

Подробнее...

УМРЕ ДАР РОҲИ МАЪРИФАТ

Ҳар кӣ бе устод кард оғоз кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав!

Подробнее...

Подкатегории