Чт11142019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

РИСОЛАЕ ДАР ЭҲТИРОМИ ҚАЛАМ

Мардуми Файзобод, хосса онҳое, ки бо фарҳангу маънавиёт, - қабл аз ҳама омӯзгорон дар назар аст, - сару кору мегиранд, бояд ифтихор  кунанд, ки дар олами маънию эҷод, илму фанни кишвар фарзандони диёр, дастпарварони муассисаҳои таълимии маҳал бо афкори тозаи хеш мавқею мақом доранд: соҳиби унвонҳои илмию ифтихории доктору профессор буда, асарҳои пурарзиш таълиф намудаанд, бар замми ин шогирдони бешумор доранд. Чанд нафар, аз ҷумла Зиёзода Таваралӣ, Урватулло Тоиров, Раҳмон Пиров барои мактабҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ китобҳои дарсӣ таълиф намудаанд. Сироҷиддин Раҷабов, Муродалӣ Сангов, Иззатулло Маҳмудов барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои дақиқ - аввалӣ дар риштаи кимиё, дувумӣ дар риштаи илмҳои техникӣ, савумӣ дар бахши ҳуқуқ – ба Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ мушарраф гардиданд.

Бо ифтихормандӣ зикр мекунем, ки сафи олимони зодаи Файзобод дар даврони соҳибистиқлолӣ хеле зиёд шуда, айни замон ба 80 нафар расидааст.

Дар ҳама ҷо, дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон бо номи Бозор Собир фахр мекунанд. Аз самимию дилнишин будани ҳарфи мавзуни ин устоди калом Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо сухан мегӯяд. Сарвари давлат устод Бозорро ҳамчун шоири миллат эътироф карда, ба ҳузур пазируфт ва бо ордени Ситораи Президент мушарраф гардонд. Устод Бозор ягона шоири ин диёр нест. Исо Раҳим, Усмон Шарифзода, Муҳаммад Юсуф, Сайқал (Қунғурот Самиев), Ҷӯрабек Муъмин, Саъдӣ Мирзоев ҳар кадом дар боғи пурғановати адабиёти тоҷик ниҳоли гулбасари хушбӯе доранд.

Ҷои пинҳон кардан нест, ки аз сокинони ноҳия на ҳама ба ному эҷоди олимону адибони файзободӣ ошноянд. Барои муаррифии онҳо боз шахсиятҳои дигаре даркор аст. Бесабаб “Бузургонро бузургон зинда медоранд” нагуфтаанд. Муаррифӣ кардан, албатта, ҳавсалаю заҳматро талаб мекунад. Таровату накҳати ҳавсалаю заҳмат аз ҷониби як нафар орифи диёр, ки ҳоло мудири шуъбаи маорифи ноҳия мебошад – Файзулло Наҷмиддинов  - бархост. Дарак дорем, ки се-чор сол пеш азми таълифи рисолаеро аз ҳаёту фаъолияти эҷодкорони Файзобод ният карда буд. Ва имрӯз ин китоб рӯи дасти мост ва номи зебои “Мафтуни қалам” ихтиёр кардааст. Номи китоб аз шеъри устод Бозор Собир рӯ задааст, ки мегӯяд:

Дар ҳалқаи мо кист, ки мафтуни қалам нест,

В-аз аҳли қалам кист, ки ҳамхуни қалам нест.

Воқеан, устод Бозор дар адабиёти муосири тоҷик ягона шоирест, ки дар тавсифи қалам (қалами эҷод) ашъори зиёд дорад. Муаллифи “Мафтуни қалам” Ф.Наҷмиддинов намунаҳои зиёди тавсифи қалами устодро дар китоб манзур кардааст. Ӯ ба хонанда мефаҳмонад, ки шоирӣ хомтамаъӣ нест. Муаллиф дар такя ба офаридаҳои устод Бозор Собир хулоса медиҳад, ки “танҳо қалам метавонад ба адиб, эҷодкор, ихтироъкор, кашшоф ва ҳатто деҳқон умри ҷовид бахшад”.

 “Мафтуни қалам” баъди сарсухани доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устод Урватулло Тоиров ва пешгуфтори раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ аз тавсифи устод Бозор Собир ва шеъри ӯ оғоз мешавад. Ҳабдаҳ саҳифаи китоб ба устод Бозор Собир ва шеъри ӯ бахшида шудааст. Баъдан симои эҷодии гӯрғӯлисарои машҳур Ҳикмат Ризо, шайх Абдураҳимхӯҷаи Давлат, Равшани Ёрмуҳаммад, Усмон Шарифзода, Ҷамолиддин Каримзода, Теша Раҷаб, Исо Раҳим, Раҷабалӣ Аҳмад, Қунғурот Самиев (Сайқал), Муҳаммад Юсуф, Адибаи Азиз пеши рӯ меояд. Муаллиф мухтасари шарҳи ҳоли онҳоро дода, аз навиштаҳояшон намунаҳо меорад.

Дар ҳамин қисмат (қисмати адибон) олимон Урватулло Тоиров, Зиёзода Таваралӣ, Ҷамолиддин Саидзода, Сироҷиддин Раҷабов ҷой дода шудааст.

Китоб эҷодкорони барои бисёр хонандаҳо ноошно Мирзо Муҳаммад, Ҳасани Комил, Мирзо Камолиддин Тақӣ низ фаро гирифтааст, ки аз ин ҷиҳат қимати асарро боло мебардорад.

Файзулло Наҷмиддинов барои соҳибқаламони  нашрияи “Набзи Файзобод” боби алоҳида бахшида, аз фаъолияти хеле-хеле ходимони нашрияи маҳаллӣ қисса мекунад. Аз ин боб хонанда огаҳӣ пайдо менамоянд, ки Фирдавсӣ Қурбонзода, Абдулло Мирзоев, Ҷӯрабек Мӯминов, Саъдӣ Мирзоев, Убайдулло Раҳимов, Мунаввара Тағоева, Низомиддини Расулпури Шамсиён, Рустам Назиров, Хурсанд Азимов, Наим Салимов (Накҳатӣ), Маҳмадалӣ Ҷалилов, Саид Ашӯров,  Тилло Соҳибназаров дар солҳои гуногун барои боло рафтани обрӯи нашрия, пурмазмуну хонданбоб баромадани маводи чопӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода, баробари хабарнигорӣ ба эҷоди шеъру қиссаю ҳикоя машғуланд ва қисме аз рӯи қалами худ ба адабиёт ворид гардидаанд.

Ҳаводорони каломи бадеъ “Мафтуни қалам”-ро варақгардон карда, ҳис менамоянд, ки муаллиф барои дарёфти навиштаҳои олимон, шоирону нависандагони зодаи Файзобод, инъикоси фаъолияти илмию эҷоди онҳо, интихобу ҷобаҷогузории шеърҳо кам заҳмат накашидааст. Ба ифодаи дигар “Мафтуни қалам” ба эҳтироми қалам ва қаламкашони диёр рӯи чоп омадааст.

М.ТАЛЪАТ.