Чт07192018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК!

1 сентябр- Рӯзи Дониш пеш аз оғози дарси Сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар тантанаи устодону шогирдони  муассисаи мазкур раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ иштирок намуда ифтихор аз он кард, ки дар кишвари ободу озоду соҳибистиқлоли мо соли нави таҳсил бо дарси сулҳ, ки    сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба он оғоз мебахшад, шурўъ мегардад.

Подробнее...

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Коллективи хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 бо сарварии директори мактаб Нисо Шукурова ба соли нави хониш тайёрии ҳаматарафа дида истодаанд. Коллективи омӯзгорон  аз ҳисоби маблағи барои таъмир ҷудошуда ва кӯмаку дастгирии волидони хонандагон ва кумитаи маҳалла моҳе пештар таъмири мактабро хушсифат ба анҷом расониданд. Омӯзгорону хонандагон бошанд, синф ва мизу курсиҳоро таъмир, рангу бор карда ба соли нави хониш омода намуданд.

Подробнее...

МАОРИФ РӮ БА ПЕШРАВӢ ДОРАД

Соли 2015 соҳаи маорифи ноҳия ба андозаи 2 млн 30 ҳазору 300 сомонӣ маблағгузорӣ гардид, ки ин нисбат ба соли 2014  1 млн 756 ҳазору 606 сомонӣ ё 15,5% зиёд буда, далели гуфтаҳои боло мебошад.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия 740 дастгоҳи компютерӣ, 183 дастгоҳи чопкунӣ, 51 генератори барқдиҳанда дар хизмати хонандагон қарор дошта, ба 13 нафар хонандагони синфҳои 7 – 11  як адад компютер рост меояд.
Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзонидани забони русӣ 91 нафар ва ба омӯзонидани забони англисӣ 70 нафар омӯзгорон машғул мебошанд.

Подробнее...

МАКТАБИ ҲАМОҲАНГӢ

Ҳар яке аз мо наметавонад дар алоҳидагӣ фаъолият намояд. Аз ин хотир моро рафтору гуфтор  бо муҳити атроф зарур аст.  Дар овони бачагӣ олами атрофро ба воситаи хонавода-падару модар, хоҳару додарон дарк менамоем. Ҳамаи муносибатҳои замони калонсолии мо бозтоби ҳамон таҷрибаи аввалини эҷоди муносибатҳо дар оила аст. Аз ин ҷост, ки нақши оила дар ҷомеа хеле муҳим аст. Дар оила ҳар яки мо муҳаббат ё адоват, ҳурмат ё нафрат, ростқавлӣ ё дурӯғгӯиро ёд мегирем.

Подробнее...

ДОНИШ АНДАР ДИЛ ЧАРОҒИ РАВШАН АСТ

СУХАНРОНИИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ НОҲИЯ

РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ ДАР МАШВАРАТИИ АВГУСТИИ ОМӮЗГОРОНИ НОҲИЯ

Устодони  азиз, боиси ифтихору сарфарозист, ки дар  оғози соли таҳсили нави 2015-2016 бо шумо дар машварати омӯзгорони ноҳия иштирок ва суханронӣ менамоям.
Чун вохӯрии мо дар  оғози соли нави таҳсил-Рӯзи дониш доир гардидаву он  барои ҳар  хонадон воқеаи фараҳбахшу рӯҳафзо буда,  аз идомаи донишандӯзӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва фатҳи қуллаҳои осмонбӯси илму маърифат башорат медиҳад, сидқан ва самимона   муборакбод намоям.

Подробнее...

МАКТАБУ ШОГИРДОН БАРОЯМ АЗИЗАНД ЧУН ФАРЗАНДОН

Ҳар касеро баҳри коре сохтанд,
Меҳри онро дар дилаш андохтанд.

Оре, ҳар касеро баҳри коре сохтаанд. Ҳангоми  суҳбат  бо омӯзгори собиқадор Зебогул Раҷабова   дарк менамоӣ, ки ӯ фидоии касби худ буда, барои тарбияи дурусти  шогирдон тамоми ҳастияшро, хираду тавоноияшро сарф менамояд. Воқеан, муаллима бо ҳунару  маҳорати сухангӯию суханофарӣ, ростию ростгӯӣ, кордонию ташаббускориаш сазовори иззатмандӣ ва саодатмандӣ миёни шогирдон ва мардум гардидааст. Ӯ омӯзгорест, ки меомӯзаду меандешаду меофарад. Дили соф дораду шогирдонашро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ тарбият менамояд.

Подробнее...

ШОИСТАИ НОМИ УСТОДИСТ АБДУКАРИМ МИРҶОНОВ

ШОИСТАИ НОМИ УСТОДИСТ АБДУКАРИМ МИРҶОНОВДастрасии китоби тозанашри “Таълими география ва истифодаи тест дар синфи 9” боиси суҳбати мо бо муаллифи китоб, устоди донишманду хирадманд Абдукарим Мирҷонов гардид. Муаллимро чун беҳтарин омӯзгори диёр, инсони некусиришту покниҳод мешинохтам, лек дар суҳбати рӯ ба рӯ ӯро чун устоди саропо маърифату гуфтору рафтораш пандомез дарёфтам. Воқеан, ин китоби методӣ бо тавсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ ба нашр расидааст.

Подробнее...

РУШДИ ҶОМЕА АЗ КОРИ БОСАМАРИ МО ВОБАСТА АСТ

МУСОҲИБА БО МУДИРИ ШУЪБАИ МАОРИФИ НОҲИЯ ФАЙЗУЛЛО НАҶМИДДИНОВ

-Чун мо дар арафаи соли таҳсили 2015 – 2016 қарор дорем, мехоҳам  бо истифода аз фурсати  муносиб  Шумо ва ҳамаи кормандони соҳаи маорифро  бо оғози соли нави таҳсил, ки бо рӯзи Дониш ва оғози дарси Сулҳ шурӯъ меёбад, самимона муборакбод намоям.  
-Ташаккур.
-Рушди соҳаи маориф ва ғамхорӣ нисбат ба омӯзгорон дар маркази диққати ҳамешагии давлату ҳукумати кишвар ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  қарор дорад, аҳли маориф ин ғамхориҳоро чӣ гуна эҳсос мекунанд?

Подробнее...

ТЕРРОРИЗМ – ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ, ХАТАРЗО ВА ДАҲШАТНОК

Нерӯи аз ҳама пуриқтидор ва пешбарандаи ҷомеа ҷавонони содиқ ба Ватан ва арзишҳои олии инсонӣ дар ҳамаи давру замон маҳсуб меёбанд.    Маҳз ҷавонони ояндасоз метавонанд Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо  ва машҳури олам гардонанд.  Сарвари кишварамон,   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷавононро пайваста дастгирӣ намуда, бо ифтихор чунин баҳогузорӣ кардаанд:  «Ҷавонон ояндаи миллату давлатанд».   Мо низ ба қувва  ва неруи созанда ва бунёдкоронаи ҷавонон-созандагону ободкорони Ватан боварӣ ва эътимод дорем. Дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия нақши дастони пурэъҷози ҷавонон намоёну назаррас аст.

Подробнее...

Подкатегории