Ср11142018

Last updateЧт, 08 Нояб 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

МАРҲАБО, БА ИДИ КИТОБ

Аз 2 апрел то 9 апрел дар назди қасри фарҳанги ноҳия Иди китоб барпо мегардад.

Ҳамасола бо ташаббуси Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар ва дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, воситаҳои хабаррасонии оммавӣ аз 2 то 9 апрел Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон» доир мегардад, ки дар он эҷодкорон, адабиётшиносон, омӯзгорон, китобдорон ва хонандагони китобхонаҳо ширкат меварданд.

Фестивали имсола ба ҷашни 20-солагии Ваҳдати миллӣ, «Соли ҷавонон» ва шахсони маъруфи соҳибҷашн бахшида шуда, адибон, олимон, китобдорон, рассомон, ихтироъкорон беҳтарин офаридаҳои худро манзури дӯстдорони китоб мегардонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят мекунад, ки кӯдакону наврасон ва ҷавононро бояд тавре тарбия кунем, ки онҳо аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.

Дар инҷрои ин вазифаи пурмасъулият китобдорон доиман саъю кӯшиш менамоянд.

Мақсади асосии ин фестивал низ ҷалби ҳарчи бештари наврасон ба китобу китобхона ва тарғиби адабиёт аст. Маълум аст, ки бе китоб, бе омӯзиши асарҳои муосир наметавон ба ҳадаф расид.

Абдуҷаббор САФАРОВ,

директори китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Файзобод.