Пт02212020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

УМРИ МОРО ДАВОМ БАХШАД ҲАСТИИ ЗЕБОИ ТИФЛ

Маҳбуба Иминова хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Душанбе мебошад. Солҳои 1979-1991 мураббӣ ва аз соли 1992 то инҷониб мудири боғчаи шаҳраки Файзобод аст. Аълочии маорифи Тоҷикистон. Тайи қариб 40 соли сарвари кӯдакистон буданаш ҳар субҳ, вақте ки аз дарвозаи ин макони меҳру муҳаббат кӯдакон ворид мешаванд, дар баробари мураббиён ин бонуи меҳрубону кордон бо забони ширину чеҳраи хандон кӯдаконро истиқбол мегирад. Ӯ чун инсони некбин ва дӯстдори кӯдакон бо модарони онҳо модарвор бо падаронашон хоҳарвор ва бо худи кӯдакон кӯдаквор гуфтугӯ мекунад. Ва мо низ лаҳзае шоҳиди истиқболи хушу суҳбати ширинаш гардидем.

Подробнее...

АҲЛИ МАОРИФ ФАЪОЛ БУД

Маракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аст, ки дар он сохти конститутсионии давлат ба танзим дароварда мешавад.

Подробнее...

ОМӮЗГОРӢ МУҚАДДАСТАРИН КАСБ АСТ

ОМӮЗГОРӢ  МУҚАДДАСТАРИН КАСБ АСТНаҷмиддинов Файзулло Раҷабович - мудири шуъбаи маорифи ноҳия.   
 Боиси сарфарозист, ки ҳамасола аввали моҳи октябр дар саросари кишварамон иди касбии омӯзгорон  ҷашн гирифта мешавад.  Ҷашнгирии ин чорабинӣ падидаи мубораки даврони Истиқлолият буда, эътиқоду эҳтиромро нисбат ба миллати тоҷик ва таъриху фарҳанги волои он боз ҳам қавӣ гардонида,      рамзи қадршиносии омӯзгор, нишони эҳтироми амиқи мардуми тоҷик ба устод, мураббӣ ва тарбиятгар ба ҳисоб меравад. Омӯзгорон ба  ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, зеро пешаи омӯзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист.

Подробнее...

ОМӮЗГОРИ АСИЛУ МАРДИ ШУҶОЪ

Деҳаи Кабкрез як гӯшаи зебоманзари диёри пурфайзу зархези Файзобод маҳсуб меёбад, на танҳо бо хонишу нағмасароии кабкони хушхиромаш ва табиати дилангезу фусункораш ба дили одамон фараҳу шодӣ мебахшад, балки бо фарзандони ҳунарвару барӯманд, фозилу донишманд ва меҳнатдӯсту шуҳратёраш чун овозхони нотакрори зиндаёд Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алӣ, олими маъруф, доктори илмҳои педагогӣ Зиёзода Таваралӣ Нозимпур, мунаққид ва адабиётшиноси варзида, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддини Саидзода, олими шинохта, номзади илмҳои биологӣ, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Соҷида Ҷобирзода ва дигарон овозадору шуҳратманд гардида, ки бо онҳо ифтихор дорад.

Подробнее...

ТАҲСИЛИ НАВИ ШУМО МУБОРАК!

1 сентябр- Рӯзи Дониш пеш аз оғози дарси Сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар тантанаи устодону шогирдони  муассисаи мазкур раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ иштирок намуда ифтихор аз он кард, ки дар кишвари ободу озоду соҳибистиқлоли мо соли нави таҳсил бо дарси сулҳ, ки    сарвари кишварамон Эмомалӣ Раҳмон ба он оғоз мебахшад, шурўъ мегардад.

Подробнее...

ТАРБИЯИ ЗЕБОИПАРАСТӢ

Тозагию  озодагӣ аз омилҳои муҳими тарбияи зебоипарастӣ  буда, он аз муносибатҳои ҳамарӯзаи волидон дар хона, омӯзгор дар мактаб, байни калонсолон, дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ оғоз меёбад.
Дар хонадоне, ки калонсолон ба ашёҳо дилгармона муносибат карда, ба ҷобаҷогузории онҳо аҳамият медиҳанд, наврасони хонаро бетараф намегузорад.

Подробнее...

ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ХОНИШ

Коллективи хонандагону омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 19 бо сарварии директори мактаб Нисо Шукурова ба соли нави хониш тайёрии ҳаматарафа дида истодаанд. Коллективи омӯзгорон  аз ҳисоби маблағи барои таъмир ҷудошуда ва кӯмаку дастгирии волидони хонандагон ва кумитаи маҳалла моҳе пештар таъмири мактабро хушсифат ба анҷом расониданд. Омӯзгорону хонандагон бошанд, синф ва мизу курсиҳоро таъмир, рангу бор карда ба соли нави хониш омода намуданд.

Подробнее...

ХАЗИНАДОРИ ТАЪРИХИ МАКТАБ

ХАЗИНАДОРИ ТАЪРИХИ МАКТАББа  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  рақами 20-и деҳаамон ҳар меҳмоне, ки  ояд, ҳатман аз Осорхонаи Абдуғаффор Сафаралиев дидан мекунад. Воқеан ҳам  осорхонаи таъсиснамудаи муаллим бо нигораҳои ҷамъовардаааш бисёр   диққатҷалбкунанда аст. Муаллим дар он  бозёфтҳои нодири ҷамъкардаашро аз асри панҷ сар карда то ин давра гирд овардааст. Шамъдон, тангаҳои гуногун, зевару дастпона, кӯзаю офтоба, чахдегу сафолпораҳо, ки ба асрҳои гуногун тааллуқ доранд, инҷо маҳфузанд. Чунин бозёфтҳои таърихиро муаллим аз Қалъаи сангин, ки дар канори Вашгирди бостон ҷойгир асту борҳо дар ин мавзеъ олимони шинохтаи ҷумҳурӣ ҳафриётҳо гузаронидаанд, гирд овардааст.

Подробнее...

МАКТАБИ ҲАМОҲАНГӢ

Ҳар яке аз мо наметавонад дар алоҳидагӣ фаъолият намояд. Аз ин хотир моро рафтору гуфтор  бо муҳити атроф зарур аст.  Дар овони бачагӣ олами атрофро ба воситаи хонавода-падару модар, хоҳару додарон дарк менамоем. Ҳамаи муносибатҳои замони калонсолии мо бозтоби ҳамон таҷрибаи аввалини эҷоди муносибатҳо дар оила аст. Аз ин ҷост, ки нақши оила дар ҷомеа хеле муҳим аст. Дар оила ҳар яки мо муҳаббат ё адоват, ҳурмат ё нафрат, ростқавлӣ ё дурӯғгӯиро ёд мегирем.

Подробнее...

Подкатегории