Вт08202019

Last updateСр, 14 Авг 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ИСТИРОҲАТ ДАР ЛАГЕРҲОИ МАКТАБӢ

Давраи истироҳатии мактабиёни ноҳия идома дорад.   Барои тобистони хушу хуррами  мактабиёни ноҳия майдончаҳои солимгардонии назди  мактабӣ  низ  омода будаву бачаҳо истирҳати хуш доранд..

Майдончаҳои солимгардонии назди муассисаи таълимии рақами  1 тайи понздаҳ рӯз  34 нафар хонандагонро аз оилаҳои камбизоату бепарстор  ба оғӯши худ гирифта буд. Баробари истироҳати бофароғат бачаҳо имкон пайдо карданд, ки бо   мақсади  баланд бардорштани савияи  дониши худ  дар маҳфилҳои гуногуни фаннӣ ширкат намоянд. Ҳамчунин ба истироҳаткунандагон як дафъа  хӯроки гарм дода шуд.  Муаллимаҳо Қосимова С. ва Одинаева Қ. тавонистанд, ки ҳар лаҳзаи истироҳати  шогирдон рангину хотирмон  гузарад.

Чи тавре директори мактаб М. Содиқов  зимни суҳбат  иброз намуд, бо истифода аз имконияти мавҷуда  басти дуюми истироҳатгоҳро низ   оғоз хоҳанд кард.

Ҳ. Бузург.