Пн10212019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

АҲЛИ МАОРИФ ФАЪОЛ БУД

Маракаи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба тағйиру иловаҳо ба Сарқонуни кишвар яке аз чорабиниҳои муҳими сиёсӣ аст, ки дар он сохти конститутсионии давлат ба танзим дароварда мешавад.

Маъракаи муҳими сиёсие, ки чанде пеш дар ҷумҳурӣ доир гардид, дар ташвиқу тайёрии он саҳми маорифчиёни ноҳия хело назаррас аст. Баҳри пиёда сохтани ҳадафҳои олии ҳукумати кишвар барои ворид сохтани тағйиру иловаҳо бо қонуни асосӣ тӯли ду моҳ маорифчиён тавонистанд, ки дар тарғибу ташвиқи он комёб гарданд.

Раёсати кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ба ҳамаи омӯзгороне, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ саҳми арзанда гузоштанд, изҳори миннатдорӣ баён менамояд.

З. Ғаффорова, раиси кумитаи

иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми ноҳия.