Пн10212019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

УМРИ МОРО ДАВОМ БАХШАД ҲАСТИИ ЗЕБОИ ТИФЛ

Маҳбуба Иминова хатмкардаи Институти педагогии шаҳри Душанбе мебошад. Солҳои 1979-1991 мураббӣ ва аз соли 1992 то инҷониб мудири боғчаи шаҳраки Файзобод аст. Аълочии маорифи Тоҷикистон. Тайи қариб 40 соли сарвари кӯдакистон буданаш ҳар субҳ, вақте ки аз дарвозаи ин макони меҳру муҳаббат кӯдакон ворид мешаванд, дар баробари мураббиён ин бонуи меҳрубону кордон бо забони ширину чеҳраи хандон кӯдаконро истиқбол мегирад. Ӯ чун инсони некбин ва дӯстдори кӯдакон бо модарони онҳо модарвор бо падаронашон хоҳарвор ва бо худи кӯдакон кӯдаквор гуфтугӯ мекунад. Ва мо низ лаҳзае шоҳиди истиқболи хушу суҳбати ширинаш гардидем.

-Кӯдакистон-мактаб. Ин ду даргоҳ макони таълиму тарбия аст. Шояд фаъолият дар кӯдакистон содатару сабуктар бошад?

- Баръакс. Тифле, ки ба боғча меояд, аз домони модар нав ҷудо шудаю ба ҳаёти ҷамъиятӣ ҷалб намудани ӯ душвортар аст. Зеро яке зудтар ба макони наву кӯдакон ва мураббӣ унс мегираду дигаре дертар. Хонандаи мактаб аз назари синну сол калонтар аст ва заминаи тарбия дар ӯ дар хона ё кӯдакистон гузошта мешавад. Аз ин рӯ, нақши кӯдакистон дар омода намудани кӯдак ба мактаб, интихоби касб ва шахсият шудани ӯ хеле бузург аст. Муносибати хуб ва тарбияи нек дар кӯдакистон барои рушди атфол хеле муҳим мебошад. Бинобар ин ба андешаи ман фаъолият дар кӯдакистонҳо заҳматталабу маҳорати зиёдеро талаб менамояд.

-Муддати тӯлонӣ дар як муассиса роҳбар будан албатта осон нест. Махсусан сарварӣ дар маконе, ки дар омода намудани кӯдак ба ҳаёти ҷамъиятӣ ва мактаб нақши муҳим дорад?

-Ба андешаи ман сарвари кӯдакистон бояд пеш аз ҳама мутахассиси хуби касбӣ бошаду бо кӯдакону мураббияҳо ва зодмандон муносибат карда тавонад. Сахтгирӣ ҳам даркор. Меҳрубонӣ, аз ҳама муҳим дӯстдори кӯдакон будан дар ҷои аввал меистад. Худро хушбахт меҳисобам, ки тӯли солҳои сарвариам дар ин макон даҳҳо дастпарварони кӯдакистони мо хонандагони фаъоли мактабҳо шуда, имрӯз баъди соҳибкасб шудан дар соҳаҳои гуногун фаъолияти пурсамар доранд.

-Чанд сухан аз фаъолияти имрӯзаи боғчаатон?

-Имрӯз дар 12 гурӯҳ 274 нафар кӯдак тарбия мегиранд, ки ба таълими онҳо 18 нафар мураббияҳои чашмикордон машғуланд. Яъне мо як коллективи аҳлу тифоқе дорем, ки онҳо бо тамоми қобилияти кордонӣ аз пайи тарбияи ҳаматарафаи кӯдакони боғча мебошанд. Тарбиятгирандагони мо дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии ноҳия гули сари сабаданд. Воқеан, шароитҳои имрӯзаи кории мо бад нестанд. Танҳо биноҳои асосӣ, майдончаҳои бозӣ, утоқҳои баъзе гурӯҳҳо таъмирталабанд. Мо аз падару модарон миннатдорем, ки бо ёрдами онҳо утоқи як гурӯҳи хурдсолонро таъмир намудем. Инчунин ба хонаводаи соҳибкори муваффақ Ҷамшед Ғафуров изҳори миннатдорӣ менамоем, ки пайваста моро ёрмандӣ мекунад. Агар дигар соҳибкорони диёр ва онҳое, ки имконият доранд, кӯдакистони моро дастгирӣ менамуданд, хурсанд мешудем. Зеро умри ҳар яке моро давом бахшад ҳастии зебои тифлон.

-Таманнои шумо дар Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон?

-Айёми кӯдакӣ давраи хушу гуворо ва нотакрори умри инсонист. Хандаҳои ширину шӯхиҳои дилангези тифлон ба дили мо шодию сурур мебахшад. Ҳастии онҳо дар оила нишоти бузургест ва аввалин нигоҳу аввалин қадаммонӣ ва аввалин ҳарфу ҳиҷои кӯдак барои волидайн фаромӯшношуданист. Ҳар рӯз ба нигоҳҳои малеҳу беғашонаи кӯдакон менигараму ба худ мегӯям; чӣ қадар софу дилкаш ва пурмеҳру пурназокатанд онҳо. Бигузор ҳамеша ба бахти тифлони мо хуршеди ватан нурпошӣ кунад ва онҳо хушбахту солим ба камол бирасанд.

М.ТАҒОЕВА,

хабарнигори «Набзи Файзобод».