Пт12132019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ОМӮЗГОРИ АСИЛУ МАРДИ ШУҶОЪ

Деҳаи Кабкрез як гӯшаи зебоманзари диёри пурфайзу зархези Файзобод маҳсуб меёбад, на танҳо бо хонишу нағмасароии кабкони хушхиромаш ва табиати дилангезу фусункораш ба дили одамон фараҳу шодӣ мебахшад, балки бо фарзандони ҳунарвару барӯманд, фозилу донишманд ва меҳнатдӯсту шуҳратёраш чун овозхони нотакрори зиндаёд Ҳофизи халқии Тоҷикистон Дӯстмурод Алӣ, олими маъруф, доктори илмҳои педагогӣ Зиёзода Таваралӣ Нозимпур, мунаққид ва адабиётшиноси варзида, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ Ҷамолиддини Саидзода, олими шинохта, номзади илмҳои биологӣ, устоди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Соҷида Ҷобирзода ва дигарон овозадору шуҳратманд гардида, ки бо онҳо ифтихор дорад.

Омӯзгори асилу масъулиятшинос, устоди мушфиқу меҳрубон, дақиқсанҷу ташаббускор, садоқатманди пешаи омӯзгорӣ, марди ҳақгӯю якрӯ, шуҷоатманду фидокор ва ҷанговар – интернатсионалисти собиқадор Қиёмиддин Азимов низ дар ҳамин диёри овозадору шуҳратёр ба дунё омадаву ба камол расидааст. Сафинаи умри ин марди фозилу хирад аз пастию баландиҳо ва фарозу нишебиҳои амвоҷи зиндагӣ сарбаландона гузашта, ба соҳили мурод расидааст.

   Қиёмиддин Азимов дар солҳои мактабхонӣ ба фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих ва география завқи беандоза пайдо карда буд, ки ин аз ҳикмати баланди аввалин устодони мактабиаш Сулаймон Ғазо, Шариф Мирзоалӣ, Зоир Бек, Шариф Олим ва дигарон сарчашма мегирифт. Меҳру муҳаббати беандоза ба осору алифбои ниёгон буд, ки Қиёмиддин Азимов баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро барои идомаи таҳсил ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) супорида соҳиби номи донишҷӯ гардид.

Баъди хатми донишгоҳ ба зодгоҳи хеш омада дар мактаби миёнаи рақами 5 ҳамчун муаллими фанни забон ва адабиёти тоҷик ба фаъолият оғоз намуд.

Ҳамчун муаллими асили фанни забон ва адабиёти тоҷик масъулиятшиносӣ, эҷодкорӣ, садоқатмандӣ ташаббускорӣ ва мустақилият нишон дода, дар дарсҳояш аз роҳу усулҳои пешқадами таълим самаранок истифода мебурд.

Бо меҳнати ҳалолу кӯшишҳои доимӣ ба зудӣ устоди воқеии касбу кори хеш гардида, бо донишу таҷрибаи мукаммал миёни шогирдону ҳамкасбон ва

ҳамдеҳагон обрӯю эътибори хоса пайдо намуд. Бо шарофати шабзиндадориҳо, ҷидду ҷаҳд, меҳнати суботкорона ва аз худ гузаштанҳои Қиёмиддин Азимов ҳамеша шогирдонаш дар озмуну чорабиниҳои ноҳиявӣ, умумиҷумҳриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона ширкат варзида, ҷойҳои ифтихориро ишғол мекунанд.

Муаллим Қиёмиддин Азимов ҳангоми дар вазифаи директори мактаб фаъолият намуданаш, ки ба солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омада буд, тавонист омӯзгорону кормандони соҳибтаҷрибаро ба кор ҷалб намояд, ҷараёни таълиму тарбияро хуб ба роҳ монад ва дар тарбияи мутахассисони ҷавон нақши босазое гузорад.

Заҳматҳои бисёрсолаи муаллим Қиёмиддин Азимов дар пешрафти мактабу маориф бо нишони сарисинагии “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва чандин ифтихорномаҳо қадршиносӣ шудааст.

Муаллим Қиёмиддин Азимов бо рафтору гуфтор ва маслиҳатҳои муфиди хеш миёни ҳамдеҳагон соҳибэҳтиром гардидааст. Ҳамин буд, ки сокинони деҳаҳои Кабкрезу Қуруғ соли 2000-ум ӯро вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва соли 1989 вакили ҷамоати деҳоти Файзобод интихоб намуданд.

Қиёмиддин Азимов солҳои 1979-1981 ва солҳои 1984-1986 дар Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон ва афсари Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ кор ва адои хидмат намудааст.

Лейтенанти калон Қиёмиддин Азимов барои мардонагию шуҷоатмандӣ ҳангоми иҷрои қарзи интернатсионалӣ бо ордени “Барои хизмат ба Ватан дар Қувваҳои мусаллаҳи СССР”, нишони “Ҷанговари интернатсионалист”, Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии СССР, “Ба ҷанговари интернатсионалист”, медали “Аз халқи сипосгузори афғон” ва боз чандин медалҳои ҷангию ҷашнӣ сарфароз гардидааст.

Устод соҳиби оилаи ободу устувор мебошад ва ҳамчун падари меҳрубон рисолати ба дӯш доштаи хешро сарбаландона ва бошарафона иҷро менамояд. Ҷигарбандони муаллим Умеда, Фазлиддин, Насриддин ва Фарзона соҳибмаълумот гардида дар паҳлуи падари хеш кор ва фаъолият менамоянд. Фариддун корманди шуъбаи корҳои дохилии ноҳия, Нилуфар донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Сайёра хатмкунандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.

Имрӯзҳо устод Қиёмиддин Азимов ба сини мубораки шаст қадам мениҳад. Мо, шогирдон ва ҳампешагони устод, ки ӯ чил соли ҳаёти хешро сарфи пешаи омӯзгорӣ кардааст, ин ҷашни фархундаро барояшон муборакбод гуфта, аз забони шоир мегӯем:

Ё раб, камоли офиятат бардавом бод,

Иқболу давлату шарафат мустадом бод.

Солу моҳат муборак рӯзу шабат ба хайр,

Бахтат баланду гардиши гетӣ ба ком бод.

Фазлиддин АЗИМОВ,

директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5.