Пн10212019

Last updateПт, 06 Сен 2019 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

УМРЕ ДАР РОҲИ МАЪРИФАТ

Ҳар кӣ бе устод кард оғоз кор,

Кору бори ӯ надорад эътибор.

Домани устод гиру шод шав,

Муддате хидмат куну устод шав!

Нурмуҳаммад Маҳкамов барҳақ аз зумраи он устодонест, ки садҳо шогирдон “доманашро баргирифтанд ва ба мақсад расиданд”. Ва мо низ яке аз он садҳоем.

...Устоди аввалин. Чӣ тавре аз номаш бармеояд, онест, ки ба кас хатту савод омӯхта дари бахту саодатро ба рӯяш боз, бо чароғи ақл олами фикри ӯро равшан намуда дунёи пурасрори илмро барояш мекушояд. Вақте қадами нахустинро ба остонаи мактаб гузоштем, устоди аввалини мо, хонандагони синфи якуми мактаби ба номи Н.К.Крупская (ҳозира МТМУ 1) дар соли 1960  Нурмуҳаммад Маҳкамов буд. Ба ёдам меояд, дар мактаб мегуфтанд: ин муаллимро ба кор аз Қалъаихумб (ҳозира ноҳияи Дарвоз) ба Файзобод фиристонидаанд. Мо, шогирдон аз рӯзҳои аввал “аз муаллими омад”, ки ӯро бениҳоят дӯст дошта будем, тарзи навиштани ҳарфҳо ва бехато хонданро меомӯхтем. Инак, аз он давра муддати хеле зиёд, қариб, ки  55 сол гузаштааст,  имрӯз бо ҳукми тақдир бо устод дар як маҳалла зиндагӣ мекунем.  Ҳарчанд синну соли ӯ ба ҷое  расидааст, чун солҳои омӯзгорӣ миёни мардум соҳибэҳтиром, ба ҳайси ҷонишини раиси маҳалла ҳамдаму ҳамроз, дардошнои сокинони маҳалла мебошад. Воқеан, мехостам, ки бо устоди аввалинам боре суҳбат кардаю сабаби диёри Файзободро дӯст доштаю инҷо кору зиндагӣ ихтиёр карданашро аз ӯ бипурсам. Пешниҳоди “Оилаи беҳтарин” дар маҳалла сабаб гардиду муаллим меҳмони идораи мо шуд. Ва суҳбат атрофи интихоби “Оилаи беҳтарин”-и маҳалла оғоз гардида бо варақгардон кардани саҳифаҳои ҳаёту фаъолияти муаллим анҷом пазируфт...

Ҳар кас дар овони ҷавониаш дар дили худ орзуе дорад, ба ёд меоварад солҳои аввалини кориашро муаллим. Соли 1960 омӯзишгоҳи педагогии ноҳияи Ғармро хатм намудам. Баъди хатми омӯзишгоҳ бо роҳхати Вазорати маориф мо се нафар: ман, Зубайд Саидов (аз деҳаи Мулоён, ӯ соли 1976 вафот кард) ва Таслим Шодиеви ҳамшаҳрии моро ба кор ба ноҳияи Файзобод фиристониданд. Моро мудири шуъбаи маориф, инсони донишманду фидоии соҳаи маориф зиндаёд Назир Қурбонов гарму самимӣ қабул намуда, суҳбати падарона кард. “Бояд шумо пеш аз корро сар кардан ҷойи дурусти истиқоматӣ дошта бошед”- ғамхорона гуфт ба мо. Ва бо супориши ӯ ду хоначаеро, ки  дар ихтиёри шуъбаи маориф буд, ба мо доданд, ки ин некию дастгирии ӯро як  умр фаромӯш намекунам. Рӯзи дигар ба дастамон фармонҳои ҷойи кориро дода барору муваффақият хостанд. Чанд соли аввал дар мактаби рақами 1 ва баъдтар, то ба нафақа баромадан дар мактаби рақами 7 омӯзгор будам. Яъне қариб 40 сол пайи пешаи пуршарафи омӯзгорӣ рафта, шогирдони зиёду фарзандонамро тарбия намудам. Дар мактаби рақами 7 бо панҷ нафар директорон  - Тағой Салимов, Нуралӣ Зоидов, Исмат Олимов, Акрам Ятимов, Зебӣ Қурбонова, ки ҳамаи онҳо машъалбардорони соҳаи маорифанд, дарси одамияту маърифати баланди инсонӣ омӯхтаам. Солҳои роҳбарии Тағой Салимов аввалин мактаби шабонаи калонсолонро  дар мактаб кушодем. Он солҳо роҳбарони мо аксар вақт вазифа доштанду маълумоти кофӣ не. Назар Мисоқов, Давлатмурод Асоев, Бобишо Холов, Исмат Шарифов, Назар Саидов, Анвар Миров, Наск Холов  аз ҷумлаи шогирдони мактаби шабонаи калонсолон буданд, ки мо ба онҳо дарс медодем. Бо тавсияи устод Тағой Салимов ба Университети давлатии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллӣ) дохил шуда, факултети таърихро бомуваффақият хатм намудам. Бо номи шогирдони имрӯзаам Низомиддини Шамсиён, Сафар Давлатов, Нурмуҳаммад Камолов, Амон Боев ва даҳҳо дигарон, ки дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ кору фаъолият доранд, ифтихор мекунам.

Аз муаллим мепурсам, ки агар боиси малолашон нагардад, қиссаи бо духтари нозанини файзободӣ – апаи Зарафшон Қурбонова (ёдашон ба хайр) бонуе, ки солҳо дар шуъбаи фарҳанг кор кардаю бо хушсуҳбатию маҳфилороияш ӯро ҳамеша ёд мекунанд, чӣ тавр шинос шуданашонро гӯянд.

Диёри Файзободро макон интихоб карданам албатта ҳамсари азизам аст. Соли аввали дар мактаби рақами 7 кор карданам, ӯ хатмкунандаи мактаб буд. Миёни ҳамсинфонаш бо кушодарӯию кушодагӯйӣ, ақли расою чақ-чакӣ фарқ мекард. Хуллас, ман шефтаи рафтору гуфтор, ҳусну ҷамол ва қади зебандааш гардидам. Ва пайвандони ман аз Дарвоз ба Файзобод хостгорӣ омаданду бо дуои неки онҳо ҳаёти оилавии мо оғоз гардид. Шукри худованд соҳиби 10 нафар фарзанд, 35 набера гардидем. Фарзандон ҳама соҳибкасбу соҳибмаълумоту хонаобод, пайи касбу кори гуногунанд. Дар диёри бофайзу бобаракати Файзобод ман ҳам бахт ёфтам, ҳам соҳиби меваҳои ширини ҳаётам  - фарзандону шогирдон ва ҳам соҳиби обрӯю эҳтиром миёни мардум гардидам. Аз ин рӯ Файзободро чун зодгоҳи азизам дӯст медорам.

Воқеан, эҳтироми устод вазифаи муқаддаси ҳар инсон аст. Вақте устод рӯ ба рӯяш шогирди таълим ва тарбиядодаи худро дар иҷрои ягон вазифа мебинад, барои ӯ як давлати бузургест. Давлати муаллим шогирдонаш мебошад, самараи меҳнату заҳмати худро маҳз дар симои шогирдонаш мебинад. Заҳматҳои зиёди устод Нурмуҳаммад Маҳкамов дар пешаи омӯзгорӣ бо нишони Аълочии маорифи халқ, медали “Ветерани меҳнат” ва мукофотҳои зиёде қадрдонӣ карда шудааст. Имрӯз устод ҳарчанд, ки давлати пирӣ меронад, худро дар канор намегирад. Дар корҳои ободонию созандагии маҳал, ноҳия саҳмгузор аст.

Ба ӯ тани сиҳат, хушҳолию хурсандиро дар ҳалқаи пайвандонаш мехоҳем.

М. Тағоева, хабарнигори
«Набзи Файзобод»